Гурбаҳое ҳастанд, ки шиновариро дӯст доранд.
Ин навъи гурбаҳо дар соҳилҳои кӯли Вани Туркия ба сар мебаранд. Онҳо метавонанд дар зери об ба дунболи моҳича ва моллюскаҳо (барои дошта хӯрдан) соатҳо гардиш кунанд. Гурбаҳои шиновар дар ҷойи тунукоби кӯл хобиданро низ дӯст доранд.
***
Ҷайра ҳарчанд ғарқ шуданро мехоҳад, вале наметавонад. Зеро ковокии дукҳояш аз ҳаво пуранд. Онҳо ҷонварро дар рӯйи об нигоҳ медоранд.
***
Дар ҷангалҳои Робинсони Австралияи шимолӣ тимсоҳҳои хайрхоҳ ба сар мебаранд. Одамон дар дарё паҳлӯи чунин тимсоҳҳо бароҳат оббозӣ мекунанд. Ҳатто хурдсолон болои онҳо савор шуда, гардиш мекунанд.
***
Ҳамагон медонанд, ки бузургтарини бӯзинаҳо гориллаҳоянд. Онҳо то 2 метр қад ва 250 килограмм вазн дошта метавонанд. Вале кӯчактарин бӯзинаҳое, ки ( ба ном бозингар) дар ҷангалзори Амрикои Ҷанубӣ ба сар мебаранд, 20-25 сантиметр қад ва ҳамагӣ 250-500 грамм вазн доранд.
***
Бо ин ҳама бузургӣ, фил нисбат ба инсон заифтар аст. Зеро одам одамро бардошта метавонад, вале фил наметавонад филро бардорад. Нерӯи фил асосан барои побарҷо истодан масраф мегардад. Фил хотираи қавӣ дорад, аммо дар ҳолати табиӣ ҳама чизро дар хотир нигоҳ дошта наметавонад. Тӯдаро, одатан, филҳои мода роҳбарӣ мекунанд. Аҷобат ин аст, ки филҳо талхадон надоранд. Баъзеҳо бар онанд, ки нармдилии онҳо аз ин ҷост.
Бо вуҷуди азимҷуссагию гаронвазнӣ, филҳо чобуку серҳаракатанд. Онҳо метавонанд дар як соат то 20 километр масофаро пушти сар гузоранд.
***
Хирси австролиёӣ — коала об намехӯрад. Вай моеъи барои организм зарурро аз ғизои асосии худ — баргҳои эвкалипт (навъе аз дарахти ҳамешасабз) мегирад.
***
Шер, ҳарчанд даррандаи баҳайбат аст, дар муқоиса бо дигар даррандаҳои бузург, дили бисёр кӯчак дорад.
***
Инсулин воситаи ягонаи беҳшавии вазъи саломатии беморони диабети қанд аст. Он аз ғадуди зери меъда омода карда мешавад. Барои ба даст даровардани 50 грамм инсулин 5 ҳазор меъдаи гов мавриди коркард қарор мегирад.
***
Дигаргунии ғайриоддитарин дар бачаҳои моҳии самарида рӯй медиҳад: онҳо дар аввал мода таваллуд мешаванд, вале баъди се сол ба моҳиҳои нар табдил меёбанд.
***
Дар оғози зимистон, вақте об ба яхбандӣ шурӯъ мекунад, баъзе моҳиҳои Арктика табиатан ба зимистонгузаронӣ омода мешаванд: хуни онҳо антифриз кор карда мебарорад.
***
Баъзе моҳиҳо меъда ё узве, ки ҷойи меъдаро иваз карда метавониста бошад, надоранд. Мисолан, моҳии ба ҳамагон маълуми капур (карп) меъда надорад. Вале ин маҳрумият ба хӯрдану ҳазм кардани ғизо халал намерасонад. Капур метавонад то 20 килограмм вазн дошта бошад.
***
Делфинҳо, ҳарчанд 96-то дандон доранд, сайдашонро нахоида фурӯ мебаранд.
***
Аксарияти мурғон субҳ дар лонаи худ тухм мегузоранд, вале танҳо мурғи куку (олучахӯрак) дар нимаи дуюми рӯз, вақте мурғони дигар ба дунболи рӯзӣ мераванд, дуздона дар лонаи онҳо тухм мегузорад.
Таҳияи С. ВАРОРӮДӢ.