БОВАРИИ АҲОЛӢ БА ҲОКИМИЯТИ СУД

Ба мақсади баланд бардоштани сифати кори судҳо, пурзӯр кардани кафолати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми суду ҳуқуқ ва баланд бардоштани эътимод ва мақомоти суд» қабул шуд.

Дар фармон ба судҳо як қатор вазифаҳои муҳим гузошта шуд. Аз ҷумла, кори судҳо бо ҷомеа дар расонаҳои ахбори оммавӣ ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст, ки ба дараҷаи бояду шояд равшан кардани фаъолияти судҳоро таъмин намекунанд ва умуман, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ нисбат ба ҳокимияти суд мегардад. Ба қарибӣ дар мактаб-интернати рақами 42-юми ноҳияи Чуст, аз рӯйи иҷрои вазифаҳои дар фармон пешбинишуда бо иштироки раиси Cуди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон К.Комилов бо шаҳрвандон мулоқоти ошкоро баргузор гардид.
Дар мулоқот ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҳама соҳаҳо амалӣ мешаванд, зикр гардид. 
Инчунин раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  оиди муносибатҳои оилавӣ, алимент ва ҳуқуқи меросбарӣ нақл кард ва барои ба тартиб андохтани муносибатҳои номбурда, ба роҳ мондани ҳамкории суд бо маҳаллаҳо, барои сари вақт ҳаллу фасл намудани муаммоҳо вазифаҳо гузошт ва таъкид кард, ки мубориза зидди иллати мазкур на фақат вазифаи кормандони идораҳои ҳуқуқу тартибот, балки вазифаи муҳими халқи оддӣ ба шумор меравад.
Дар анҷоми мулоқот қабули сайёр ба роҳ монда шуд. Ф. Юлдошева, Р. Авлиёева, Э. Орозова, У. Маткаримов, М. Йигиталиевҳо барин гурӯҳи шаҳрвандон оиди қарздорӣ аз рӯйи коммуналӣ, масъалаи мерос, муаммоҳо барои гирифтани гувоҳномаи таваллуди фарзандон ва дигар саволҳои гуногун муроҷиат карда, ба саволҳояшон ҷавоб гирифтанд. Чанд саволи ҳалталаб сари вақт ҳаллу фасл гардид, ки муроҷиаткунандагон аз ин қаноат ҳосил намуданд.
Чунин мулоқотҳо бо раиси Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Намангон, ноҳияҳои Косонсой, Уйчӣ ва Норин низ баргузор гардид.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: