БОВАРИИ БАЛАНД ВА РАҒБАТ БА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ВОДОР МЕКУНАД

Бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар бобати дар тамоми соҳаҳо афзудани натиҷаи ислоҳоти ҷорӣ, мустаҳкам намудани принсипҳои демократия дар ҷамъият ҷойгоҳи воситаҳои ахбори оммавӣ бузург аст.

 Ходимони соҳа дар асоси таҳлили амиқ равшан намудани ҷараёнҳои бозсозӣ дар мамлакат, расондани ахбори воқеӣ ва холис ба мардум босамар меҳнат мекунанд.27 июн – Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ дар Театри миллии драмаи академии Ӯзбекистон ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, собиқадорони журналистика, ноширон, аҳли матбаа, профессор-устодони муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.
Табрики идонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ Мушовири давлатии Президент Х.Султонов қироат кард.
Соли ҷорӣ бори аввал дар таърихамон ба муносибати ин сана бино бар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимон, ки ба рушди соҳа ҳиссаи муносиб гузоштаанд, бо мукофотҳои олии давлат тақдир гардиданд. Ин ба ҷашн рӯҳ ва шукӯҳи ба худ хос бахшид. Дар анҷуман мукофотҳои олии Ватан ба таври тантанавӣ супурда шуданд.
Онҳое, ки ба ин муносибат сухан гирифтанд, алоҳида таъкид карданд, ки солҳои охир аз ҷониби роҳбари давлат ба рушди воситаҳои ахбори оммавӣ ва афзудани таъсирбахшии матбуот эътибори зиёд дода мешавад. Барои он ки меҳнати ходимони соҳа муносиб қадр мегарданд, ба Президент миннатдорӣ изҳор гардид.
Тавре ки қайд гардид, дар бобати таъмини ҳуқуқи шаҳрвандони мамлакат доир ба озодии сухан, бехатарии иттилоот, ҳимоя намудани манфиатҳои кормандони соҳа тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Ғоя ва пешниҳодоте, ки зимни вохӯрии Президент 3 августи соли 2017 бо намояндагони зиёиёни эҷодкор дар фаъолияти иттиҳодияҳои эҷодии мамлакат марҳалаи навро оғоз намуд. Хусусан қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ташкил намудани фонди ҷамоатии дастгирии эҷодкорони Ӯзбекистон «Илҳом», «Дар бораи чорабиниҳо оид ба боз ҳам такмил додани фаъолияти Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон», «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба боз ҳам ривоҷ додани фаъолияти ташкилотҳои маданият ва санъат, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ, рағбатноксозии меҳнати ходимони соҳа» дар бобати боз ҳам рушд бахшидани соҳа ва муносиб қадр намудани меҳнати ходимон ва ҳам беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо чун заминаи ҳуқуқӣ хидмат менамоянд.
Имрӯз дар мамлакат беш аз 1500 воситаи ахбори оммавӣ фаъолият менамояд. Аз онҳо қариб 700-то рӯзнома, 309-то маҷалла, 65 телевидение, 35 радио, 4 оҷонсии ахбор, 15 ахборотнома-бюллетен, 395 веб-сайт мебошанд. 66 фоизи шабакаҳои мавҷудаи телерадио, беш аз 50 фоизи нашрияҳои чопиро воситаҳои ахбори оммавии ғайридавлатӣ ташкил менамоянд. То давраи истиқлол дар ҷумҳурӣ 395 воситаи ахбори оммавӣ вуҷуд дошта, қариб аксарияти онҳо дар тасарруфи давлат буданд.
Дар рушди ҷамъияти шаҳрвандии мамлакат ҷойгоҳи воситаҳои ахбори оммавии ғайридавлатӣ муҳим аст. Зеро дар ташаккул додани фикрҳои рангоранг, ки аз омилҳои муҳими тараққиёт мебошад, воситаҳои ахбори оммавӣ нақши муҳим доранд.
Ислоҳоти ҷории соҳа масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавобгӯи талаби даврро кундаланг мегузорад. Қарори роҳбари давлат аз 24 майи соли 2018 «Дар бораи таъсис намудани Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Ӯзбекистон» дар ин замина ҳуҷҷати таърихӣ гардид.
Дар ин қарор тарбияи кадрҳои тамоми намудҳои воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла журналистони байналхалқии балади чандин забони хориҷӣ, кадрҳои илмию педагогӣ аз вазифаҳои асосии донишгоҳ муқаррар гардидааст. Дар ҳоле ки масъалаҳои вобаста ба ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ ба қувваи ҳалкунанда табдил ёфтани иттилоот, рушди журналистикаи миллӣ, ҳолати имрӯза ва истиқболи он амиқ омӯхта мешавад, такмил бахшидани сиёсати иттилооти мамлакат, дар ин бобат боз ҳам афзудани самарабахшии корҳои илмиву тадқиқотии ҷорӣ аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд.
Рағбатноксозии меҳнати ходимони соҳа, ҳидоят ба сари парвозҳои эҷодии нав, такмили малака ва маҳорати касбӣ аз корҳое ба шумор мераванд, ки домани онҳо торафт васеъ мегарданд. Чунин кӯшишҳо дар озмунҳо, мусобиқаҳои эҷодӣ, лоиҳаҳое аз рӯи грант, барномаҳои иҷтимоӣ низ, ки ба равнақ пайдо намудани журналистика хидмат менамоянд, ба таври равшан инъикос меёбанд.
Худи ҳамин рӯз аз ҷониби Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон бино бар озмуни ҷумҳурии анъанавии «Фаъолтарин журналисти сол» ба ғолибон ва ҷоизадорон мукофотҳо супурда шуданд.
Барои иштирокдорони анҷуман аз ҷониби ҳунармандони Театри миллии драмаи академии Ӯзбекистон аз рӯи асари адиби машҳур Чингиз Айтматов «Киштии сафед» спектакл намоиш дода шуд.
Ҳамон рӯз дар Боғи маданият ва истироҳати ба номи Ғафур Ғуломи Тошканд сайри идона давом кард.

Н. УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: