БОВАРӢ БА ФАРДО МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

Дар бахши секторҳои гурӯҳи корие, ки дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ташкил ёфтааст, корҳое, ки дар маҳаллаҳо ба иҷро мерасанд, таҳлил карда шуданд.

Дар бахши секторҳои гурӯҳи корие, ки дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ташкил ёфтааст, корҳое, ки дар маҳаллаҳо ба иҷро мерасанд, таҳлил карда шуданд.
Мақсади асосӣ аз омӯзиши мушкилоти аҳолӣ, беҳсозии шароити муносиби иҷтимоию маишӣ дар ҳар хонадон иборат мебошад.
Моҳияти «Маҳаллаи обод ва бехавф» дар асл ба амал баровардани беҳсозии рӯзгор, боло бардоштани дараҷаи зиндагист. Дар бахши секторҳои гурӯҳҳои корӣ, ки мушкилоти маҳаллаҳоро омӯхт, маълум гашт аҳолӣ аз ҳаллу фасл наёфтани масъалаҳои таъминоти гази табиӣ, энергияи барқ, истифодаи об, нигаҳдории тандурустӣ, башуғлфарогирӣ, муаммоҳои хонаву ҷой азият мекашад.
Аз рӯи дар ҷои худ ҳал намудани мушкилоти аниқшуда дар вазъи ҷалб карда шудани мутасаддиёни ташкилотҳои дахлдор чораҳои расондани кӯмак ба аҳолӣ андешида шуданд. Дар натиҷа 1 ҳазору 58 нафар бекорон ба корхонаю муассисаҳои воқеъ дар ноҳия ҷалб ва бо мақсади рағбатноксозии аҳолӣ дар шароити хонадон барои 194 нафар шаҳрванд 414 миллиону 205 ҳазор сӯм субсид ҷудо карда шуд.
Ба 136 хонадон гармхонаи конструксияаш сабук, барои обёрии заминҳои наздиҳавлигии 43 хонадон техникаи зарурӣ расонда дода шуд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии меваю сабзавот нуриҳои минералӣ бо нархҳои арзон дастрас гашт.
Барои ҳалли масъалаҳои таъминоти барқ ва газ иборат аз 95 мутахассис 10 бригада таъсис ёфт. Аз ҷониби бригадаҳо 20 ҳазору 254 метр кабели нави изолатсияшуда кашида ва 43-то трансформатор таъмир, 16 трансформатори нав гузошта шуд.
3 ҳазору 480 баллони гази пропан ба хонадонҳо тақсим гашт, 138 нуқтаи тақсимоти газ таъмир ёфт ва ба ҳолати омодагӣ ба мавсими тирамоҳӣ-зимистонӣ оварда шуд. Дар ҷамъомадҳои шаҳрвандии «Ленбур», «Истиқлол» ва ғайра аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гашт.
Кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ – мавриди эътибор. То ин вақт ба «Қабулхонаи шаҳрвандон», ки дар назди ҳокимият ва штаби секторҳо ташкил шудааст, 427 муроҷиат афтода будааст. Дар давоми омӯзиш 72 муроҷиат дар ҷои худ ҳал гашт. Оиди 166 муроҷиат фаҳмондадиҳии ҳуқуқӣ ба амал омад. 189 масъала таҳти ҳамкорӣ бо идораю ташкилотҳои дахлдор дида баромада мешавад.
Аз 1 ҳазору 744 муаммои иҷтимоӣ, ки дар давоми омӯзиш аниқ шуданд, 1 ҳазору 681-тояшон ҳал шуданд. Аз ҷумла, дар таъмири хонадон ва хидматрасонии коммуналӣ корҳои муҳим пеш бурда шуданд. Аҳолӣ аз ин гуна саъю ҳаракатҳо мамнун.
Дар навбати худ, дар давраи пандемия риояи аҳолӣ ба тартибу қоидаҳои муайяшуда аз ҷониби зершуъбаҳои Гвардияи миллӣ ва Вазорати корҳои дихилӣ таҳти назорат гирифта шуда, ба нигоҳдории тартиботи ҷамоатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон низ эътибори алоҳида нигаронида мешавад.

Давронбек ҶУМЪАНАЗАРОВ, роҳбари хидмати матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: