Бо мақсади таъмин намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ дар байни аҳолӣ, пешгирии паҳншавии COVID-19 ва кам кардани шумораи сироятёфтагон Маркази ҷумҳуриявии пурсиши афкори умум «Ижтимоий фикр» аз 10 июли соли 2020 ҷиҳати муайян кардани муносибати шаҳрвандони Ӯзбекистон ба пурзӯр гардондани маҳдудиятҳои карантинӣ дар кишвар пурсиши телефонӣ гузаронд.
Бо мақсади таъмин намудани вазъи санитарию эпидемиологӣ дар байни аҳолӣ, пешгирии паҳншавии COVID-19 ва кам кардани шумораи сироятёфтагон Маркази ҷумҳуриявии пурсиши афкори умум «Ижтимоий фикр» аз 10 июли соли 2020 ҷиҳати муайян кардани муносибати шаҳрвандони Ӯзбекистон ба пурзӯр гардондани маҳдудиятҳои карантинӣ дар кишвар пурсиши телефонӣ гузаронд.
Дар назарсанҷӣ шаҳрвандони тамоми минтақаҳои мамлакатамон (тақрибан 600 нафар) — мардон, занон, ҷавонон, миёнасолону калонсолон иштирок карданд.
Натиҷаҳои назарсанҷии телефонӣ нишон доданд, ки имрӯз аксарияти шаҳрвандони кишвар – 88,7% масъулиятро дарк намуда, тамоми чораҳои зарурии пешгирии сирояти коронавирусро меандешанд. Аммо, ҳар як иштирокчии даҳумин эътироф менамоянд, ки баъзан ба туфайли ҳолатҳои гуногун чораҳои эҳтиётиро вайрон кардаанд ва ба маҳдудиятҳои карантинӣ риоя накардаанд.
Ба суол дар бораи сабабҳои пурзӯр кардани маҳдудиятҳои карантинӣ аз 10 июли соли 2020 78,2 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ афзудааст ва сарбории муассисаҳои тиббӣ зиёд шудааст. Вобаста ба ин роҳбарияти кишвар ба мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон чораҳои пурзӯр гардондани маҳдудиятҳои карантиниро андешид.
Бинобар ақидаи иштирокдорони пурсиш инчунин аз сабаби он ки баъзе шаҳрвандон ҳушёриро аз даст дода, ба хотирҷамъӣ дода шуданд ва бепарвоӣ зоҳир намудан ба риояи ба талаботи меъёрҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ, қоидаҳои оддии гигиена ва истифода бурдан аз воситаҳои муҳофизатӣ зарурати аз нав ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои карантинӣ пайдо шуд. Бар ақидаи пурсидашудагон зарурати дубора ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои сахти карантинӣ аз сабаби риоя накардани шаҳрвандон ба қоидаҳои худмаҳдудкунӣ, баргузор намудани ҷашну маросимҳои оилавӣ, ба меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳои ташкили фаъолият риоя накардани баъзе ташкилоту корхонаҳо арзи вуҷуд намуд.
Зимни таҳқиқот шаҳрвандоне, ки аз чораҳои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар изҳори норозигӣ карданд, таъкид намуданд, ки бояд барои баланд бардоштани самаранокии мубориза алайҳи COVID-19 боз чораҳо андешида шаванд.
Бинобар он, 34,1 фоизи пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки ҷазо барои вайрон кардани меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо пурзӯр карда шавад. Гуфтанд, ки корхонаю ташкилотҳо бояд назорати қатъии риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро, ба монанди ченкунии ҳатмии ҳарорати бадани кормандон ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риоя кардани масофаҳои иҷтимоӣ ва безараргардонии доимии ҷойҳои корӣ ба роҳ монанд.
Ҳангоми пурсиши телефонӣ 21,2 фоизи пурсидашудагон пешниҳод карданд, ки долонҳои хонаҳои бисёрошёна, ҳудудҳои ҳамшафат, ҷойҳои партовҳои маишӣ, кӯчаҳо, боғҳо, мағозаҳо ва дигар иншооти сераҳолӣ мунтазам безарар гардонда шаванд.
18,1 фоизи пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки барои пешгирии робитаи одамони бемор дар мағозаҳо, бозорҳо, дорухонаҳо ва шикастани занҷири беморӣ, шаҳрвандоне, ки дар карантини хона мебошанд, ё барои COVID-19 табобат мегиранд, маҳсулоти хӯрокворӣ, дору ва ҷиҳозҳои зарурӣ расонда шаванд.
13,4 фоизи пурсидашудагон қайд карданд, ки барои муайян кардан ва ҷудо кардан аз атрофиён барои аҳолӣ оммабобии санҷишҳо барои COVID-19-ро таъмин кард.
13,2 фоизи пурсидашудагон чунин мешуморанд, ки дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, афзоиш додани кӯмаки молиявӣ ба ниёзмандон, бахусус шахсони муҷаррад, нафақахӯрон ва оилаҳои серфарзанд зарур аст.
Инчунин, аз ҳар даҳ нафаре, ки дар ҷараёни пурсиши телефонӣ пурсида шуданд, зарурияти баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи пешгирии COVID-19, масофаи иҷтимоӣ ва зарурати пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва хатари худтабобаткуниро таъкид менамоянд.
Тадқиқоти телефонӣ нишон дод, ки дар байни шаҳрвандони Ӯзбекистон маълумот дар бораи сирояти коронавирус ва паҳншавии он дар хориҷ аз кишвар то чӣ андоза серталаб аст. Тибқи натиҷаҳои бадастомада, беш аз нисфи шаҳрвандон, 66,6 дарсад ба хабарҳо дар бораи пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон таваҷҷӯҳи фаъол доранд ва иттилоотро дар бораи шумораи мубталоён дар кишварҳои хориҷаи наздик ва дур ва ахбор дар бораи офаридани ваксина ва доруҳои муассир дар табобати коронавирус пайгирӣ мекунанд.
Бинобар ақидаи 17 фоизи пурсидашудагон, онҳо баъзан ба хабарҳо дар бораи паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷаҳон таваҷҷӯҳ доранд, 16,4 фоизи онҳо посух доданд, ки ба ин маълумот бо сабаби шуғл дар ҷои кор ё «ба хотири хафа нашудан» пайравӣ намекунанд.
Пурсиши телефонӣ хабардории ӯзбекистониёнро дар бораи зиёд шудани паҳншавии сирояти коронавирус дар ҷаҳон нишон дод: 86,4 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, ки онҳо ба вазъияти пандемия дар кишварҳои дигар бо эҳсоси нигаронӣ ва ҳамдардӣ пайравӣ мекунанд.
Тавре ки натиҷаи пурсиши телефонӣ нишон додааст, 88,5 фоизи шаҳрвандон боварӣ доранд, ки ВАО-и ватанӣ ба аҳолии кишвар дар бораи паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар, чораҳо оид ба профилактика ва пешгирии паҳншавии COVID-19, таъмини вазъи санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ пурра иттилоъ медиҳанд. 6,5 фоизи шаҳрвандон аз иттилооте, ки дар ВАО дар бораи коронавирус пешниҳод шудаанд, қаноатманд нестанд ва онро ба қадри кофӣ пурра ва боэътимод намеҳисобанд.
Иштирокчиёни пурсиш асосан аз пахши барномаҳои телевизиони Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон (55,4 фоиз) ва интернет (34,6 фоиз) ва дигарон (радио, матбуоти даврӣ, хешовандон, шиносҳо, дӯстон) дар бораи паҳншавии коронавирус, инчунин дар бораи он, ки Ӯзбекистон ба бемории нави хатарнок чӣ хел мубориза мебарад, хабардор мешаванд.
Пурсиш нишон медиҳад, ки хушбинӣ нисбати дурнамои рушди вазъ бо паҳншавии коронавирус дар кишвар нисбат ба карантини аввал, вақте дар Ӯзбекистон маълумот дар бораи аввалин бемориҳои шаҳрвандон пайдо шуд ва чораҳо оид ба ҷорӣ кардани худмаҳдудкунии шаҳрвандон пасттар боқӣ мемонад.
Дар моҳҳои март-апрел ва аввали май зиёда аз 70 фоизи пурсидашудагон қайд карданд, ки онҳо дар ҳолати ором ҳастанд, ҳоло ин нишондиҳанда 56,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи онҳое, ки дар бораи рӯҳияи ҳаяҷоновар ва нисбат ба бемории нав ва оқибатҳои он ночор монданашонро хабар медиҳанд, ба ҷойи 8,4 фоизи моҳи апрел 10,8 фоизро ташкил медиҳад. Шаҳрвандон ба худ ва наздикони худ тарси зиёдтар эҳсос намуда, барои вазъи молиявиашон дар ташвишанд.
Сарфи назар аз он, ки дар ҷамъият рӯҳияи ноумедӣ паҳн мешавад, шаҳрвандон ба мушкилиҳои вобаста ба пурзӯр гардонда шудани маҳдудиятҳои карантинӣ далерона тоб меоранд, боварӣ доранд, ки паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакати мо ба қарибӣ қатъ карда мешавад.
Дар асоси маводи Маркази ҷумҳуриявии афкори умум «Ижтимоий фикр»
хабарнигори ӮзА
З. ҶОНИБЕКОВ
тайёр кард.