Аввалин маротиба номи Хусравро аз шодравон Абдуқаҳҳори Муҳаммадалӣ миёнаҳои солҳои 90-ум шунида будам, ки “навраси соҳибистеъдодест” гуфта буд...
Аввалин маротиба номи Хусравро аз шодравон Абдуқаҳҳори Муҳаммадалӣ миёнаҳои солҳои 90-ум шунида будам, ки “навраси соҳибистеъдодест” гуфта буд... Шиносоӣ соли 2005 сурат гирифт, Хусрав он замон дар рӯзномаи “Бохтар” фаъолият дошт. Пас аз ду-се соли вохӯриҳо, озмуданҳо, суҳбатҳои адабию илмӣ, мутолиаи навиштаҳояш дар рӯзномаҳо боварӣ ҳосил намудам, ки ӯ дар зиндагӣ аз рӯйи шиори “Авесто” амал намуда, дар омӯзиши илм ҳадиси “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”-ро сармашқи кор қарор додааст. Ба ивази ҷустуҷӯҳо, шабзиндадориҳою матиниродагӣ ба худ пайроҳаи адабӣ, илмӣ кушода, ба роҳ баромад ва ҳоло дар шоҳроҳи илму адабиёт қарор дошта, ба “қуллаи мақсуд” ҳаракат дорад.
Хусрави Саъдулло бо чунин ашъору истеъдод... “ман даъвии шоирӣ надорам” ё дар ҷойи дигар “ман на шоир...” мегӯяд. Ба чанд абёташ назар меафканем. Шоир бояд ҷасур бошад, дили далер дошта бошад, бо тамкин шеър гӯяд:
Сухан зи шоирон диле далер мехоҳад,
Ба тарс на, ки бо виқор шеър бояд гуфт.
Шоир бояд бори мардумро барад, ҳарчанд мушкил аст, зеро оқилон – шамъи худсӯзу, ғофилон – дар пайи молу дунё...
Хештан омода кун, то бори мардум
ҳам барӣ,
Гарчи мушкил ҳаст бори халқро
бардоштан.
Оқилон чун шамъ худро харҷи торикӣ
кунанд,
Ғофилон овораи молу заре анбоштан.
То халоиқ дарк созад маънии
одамгарӣ,
Парчами фарҳангро бояд баланд
афроштан.
Баъзан кори мо ба ғофилону нокасон вобастагӣ дорад, шоир ба Яздони пок муноҷот менамояд:
Кирдигоро, роҳи моро баста медорӣ,
чаро?
Кори мо бо нокасон вобаста медорӣ,
чаро?
Бо вуҷуди он ки ҷонам мешитобад сӯйи
васл,
Дар миёни дарду ғам пайваста
медорӣ, чаро?
Муҳаббатро алифбои ниёгон меҳисобад:
Эй алифбои ниёгон,
Ман туро бисёр пазмонам,
Дӯст медорам туро
Чунки осори ниёгонро биёвардӣ
ба дӯш...
Бо назм хиёнатро шарҳ медиҳад:
Хоини миллат набинад рӯзи нек,
Хоини меҳан бимонад.
Баъди мурдан ҳам сияҳному палид...
Дар дигар шеър навиштааст:
Сабр кун дар назди қисмат
Сабр кун.
Мешавад рӯзе, ки кулли орзу бар
медиҳад...
Боварӣ дорад, ки ӯ:
“Оянда зебо мешавад, ...
Табъи дили мо мешавад...”.
Хусрав бо мардум аст, дар моҳи аввали бемории коронавирус, ки ба Ӯзбекистон ҳам омаду аз 16 марти соли сипаригардида карантин ҷорӣ гашт, шеъри пуртаъсири “Амон деҳ аз вабоҳо халқи моро” навишт:
Илоҳо, илтиҷо дорам ба сӯят,
Дуои бандагон дар роҳ нагзор.
Гунаҳкорем, ҷурми мо фузун аст,
Вале ту афв кун бо лутфи бисёр.
Амон деҳ аз вабоҳо халқи моро...
Аз таъриху сарнавишти талху пурифтихори халқамон огоҳ аст, бинобарин дилпурона менависед:
Решаи аҷдод чун мустаҳкам аст,
Раҳ намеёбад табар бар хуни мо!
Ба Хусрави Саъдулло дар пешгуфтори аввалин китобаш “Навои Хусравонӣ” (соли 2000) Салом Нуриёни Баравнӣ, дар китоби дуюмаш “Лифофаи набзҳо” (соли 2005) Доро Наҷот, инчунин, Равшани Эҳсон (1945-2007), профессор Аҳмад Абдуллоев, шоир Фозил Шукурзода ва дигарон баҳои арзанда додаанд. Дар китоби “Форсисароёни Ӯзбекистон” (чопи Эрон) (соли 2010), ба ашъори Хусрав баҳои муносиб дода шудааст. Равоншод Устод Абдулло Раҳмон (1954-2020) ба ӯ баҳои баланд медоданд...
Ин буд саёҳати мухтасари адабӣ ба олами Хусрав.
Навиштаро бо сухани Хусрав ҷамъбаст менамоем:
Бояд ҳамеша дар дил фасли баҳор
бошад,
Бояд, ки ихтиёраш дар дасти ёр
бошад.
То ганҷи ҳарду олам ин дам ба даст
ояд,
Бояд диле ба зикру дасте ба кор
бошад.
Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА,
омӯзгори мактаби рақами 7-уми ноҳияи Сариосиё.