БОЯД СУРУД

Салом, эй оҳангҳои гиромиву пазмонӣ!

Куҷо донанд ҳоли аҳли гирён мардуми 
ғофил,
Бирав сайри кавокибро зи 
шаббедорҳояш пурс.
 
Салом, эй оҳангҳои гиромиву пазмонӣ! Салом, эй эҳсосоти фаромӯшшуда, орзуву хаёлҳо!.. Ин қадар ширину дилкаш, ин қадар ороми ҷонед! Куҷо будед дар ин муддати тӯлонӣ?.. Дур шав, эй сукунат, сукунати мурда! Барои ту дар оғӯши ман ҷой нест, эй хомӯшии ғафлатзада! Салом, эй осмони беканор! Чӣ қадар поку мубарро, чӣ қадар мунаввар, пур аз нағмаҳои рангин... Шараф ба шумо, оҳангҳои ҳаётбахш! Салом, эй пазмонгаштаҳоям!..
Зи лаззоти муҳаббат зоҳиди нодон 
бувад ғофил,
Ту аҳволи хароботӣ, 
рав аз хумморҳояш пурс.
Ногоҳ аз тирезаи як қабаташ кушода рӯйи хиҷолатомезу мушавваши соҳибхоназан намудор шуду оташаки чашмҳо, амвоҷи завқи ҳамагон фурӯ нишаст. Соҳибхоназан ба тоқчаи тиреза такязанон ба дарун сар халонду табассуми сохта кард:
– Баҳромҷон...ба дилатон нагиред...апаатон омада буд. Кӯдакаш хеле ноорому гирёнчак. Дукаса базӯр хобондем...
Садои дар роҳрав дуршудаистода хомӯширо халалдор кард. Баҳроми мулзамгашта, мисле ки узр мепурсида бошад, ба дӯстони худ нигарист. Онҳо низ гуноҳкорона табассум мекарданд.
– Ба дилам омада буд-а,– гуфт Неъмат рубобро болои кӯрпача партофта.
– Гуфтам, ба хонаи мо равем...
– Намебинӣ инҳоро, ошно,– гуфт Баҳром ба Ҳаким, ки бо ду оринҷ ба хонтахта такя карда менишаст ва ба сӯйи кати зери равоқ норозиёна нигоҳ кард. – Инҳо ҳамин хеланд, оҳангу суруд намефорад ба эшон...
– Узр доранд, кӯдак хоб будааст,– гуфт Ҳаким бо мақсади аз хиҷолат баровардани Баҳром.
– Гап дар сари ин не... хонаи худат, ки нашуд, –  зери лаб пичиррос зад Баҳром.
– Ҳа-а, ана! –  гуфт Неъмат қаноатмандона, – ман гуфтам, ба хонаи мо равем...
– Дар хонаи ту низ ҳамин аҳвол,– 
гуфт Баҳром аз тундхӯйии ӯ андаке ба шӯр омада,– ҳамсарат ҳаст, духтарчаи ту ҳам гирёнчак...
– Ба ҳар ҳол хонаи худам...
– Таъна мекунӣ?
– Э, монед ҳамин гапҳоро, –  дӯстонро ба муросо даъват кард Ҳаким. –  Ба хонаи ту мерафтем, Неъматҷон, аммо фикр  кардем, ки вохӯриамон намуди расмӣ мегирад, охир оилаат ҳаст...
– Бидуни ҳама андешаю мулоҳиза, рафтем, –  ду пойро ба як мӯза кард Неъмат. – Бошед, охир!
Баҳром лаҳзае ба замин чашм дӯхта:
– Равем, меравем, – гуфт як андак суст омада.
Ҷавонмардон аз ҷо хестанд. Неъмат ба Ҳаким исрор мекард, ки хона аз они худаш аст, ҳаҷ кас дахолат карда наметавонад. Хоҳад суруд мехонад, хоҳад рақс мекунад.
– Фаҳмо-фаҳмо,– гуфт Баҳром, дар ҳолате  ки шишаҳои холишудаи пивои рӯйи хонтахтаро ба зери кат пай чида, тирезаро мепӯшид,– рубобро гир.
– Рубоб ҳаст. Писари ҳамсояаам дар мактаби мусиқӣ мехонад. 
Онҳо аз роҳрави танге, ки онро иморатҳои ду тараф фишурда буданд, сӯйи дарвоза равон шуданд. Баҳром ба қафо нигоҳи ғазаболуде афканд.
–  Бар падараш лаънат!.. Хонаро ана медиҳем, мана медиҳем мегӯянд,– ғурунгос зад Баҳром ба лаб сигарет монда,– як завқ омада буд-дия, Ҳаким...
– Зарар надорад, дӯстам, шояд ҳамон завқ дар хонаи Неъмат боз пайдо шавад.
Ҳаким се сол инҷониб ба Тошканд наомада ва дар тӯйи Неъмат ҳам иштирок накарда буд, аз ин рӯ завҷаи ӯро бори аввал медид.
– Оне, ки Ҳаким мегӯем ҳамин  аст,–  гуфт Неъмат ӯро бо занаш шинос карда. – Фотеҳи дашт аст дӯсти мо. Сарвари бригадаи ҷавонон, қаҳрамони оянда. Даҳрӯза ба семинар омадааст...
Бале, онҳо ҳамсабақони  қадрдон, дар хобгоҳ ҳам дар як хона хуфту хез доштанд. Неъмату Баҳромро дар донишкада ба кор гирифтанд. Ҳаким ба дашт рафт. Дар аввали кор ҳар замон тавассути мактуб аз ҳоли якдигар пурсон буданд, баъд ба мактубнависӣ ҳам фурсат наёфтанд. Имрӯз вохӯрданду вақти аз байн гузашта, гӯё яку якбора фаромӯш шуд, – аз касони батамкину ҷиддӣ ба донишҷӯёни шӯху зарофатгӯ табдил ёфтанд.
– Ба мо як палави бо меҳр пухта ва рубоби Турғун лозим, – гуфт Неъмат ба занаш.
– Рубоб барои чӣ?
– Рости гап, мо ин ҷо барои сурудхонӣ омадем, –  шармгинона ба гап ҳамроҳ шуд Ҳаким.
– Суруд? – бо тааҷҷуб ба шавҳараш нигоҳ кард Сайёра.
– Суруд, – хотирҷамъ такрор кард Неъмат.
– Аз ростӣ?.. Сурудхониатонро ҳеч  нашунида будам...
– Имрӯз мешунавӣ. Азбаски шарики ҳамовоз набуд, намехондем, – ба Ҳаким ишора кард Неъмат. Ҳаким мисли бачаҳои шармгин хомӯш менишаст. – Хобгоҳро ба сарамон бардошта чӣ сурудҳое мегуфтем, чӣ сурудҳое мехондем!..Харидорамон беҳисоб, садрнишини зиёфату базмҳо будем. Мана, аз Баҳром пурс. Имрӯз ҳамон рӯзгорро ба хотир оварда, бо илҳом як сар карда будем ... Гулӯгирамон карданд. Ва ӯ воқеаи андаке пеш рӯйдодаро ба занаш нақл кард.
– Маро гӯлу гаранг мепиндоред-чӣ! – гуфт Сайёра ба сӯйи ошхона равон, – ба одами сурудхон  шабоҳате надоред.
– Чӣ, сурудхон бояд  шох дошта бошад! – зарда кард Неъмат. – Ё тавба, – сипас ба дӯстонаш рӯ оварда афзуд: – Мо ба одами сурудхон монанд набудаем...
Сайёра зуд дасторхон орост, тадоруки оши палавро дид ва рубобро овард. Ҳамсабақони собиқ дар ин муддат аз ин сӯву он сӯ суҳбат карда нишастанд: солҳои донишҷӯӣ, ҳамсабақон, ҳангомаҳои гуногуни он айёмро ба хотир оварданд. Баҳрому Неъмат беихтиёр ҷилави суханро сӯйи моҷароҳои донишкада кашиданд. Ҳаким ба суҳбати онҳо каме гӯш андохта дилгир шуд, аз ин рӯ, ба хона чашм давонд. Ҷиҳозҳои хона: телевизор, диван, ҷевони китоб, суратҳои хаёлангези  деворҳо аз завқи баланди бонуи хона дарак  медоданд. Осоиштагии ин хонаи шинам дар дили ӯ орзуи гарме бедор кард. Ҷойи кораш – дашти Бандихон пеши назараш омад: осмону замини бепоён, кранҳои баланди борбардор, иморатҳои нимкора, қубурҳо – хати оби аз замин баланд кашидашуда, пайкалҳои ҳамвор, ҳар ҷо-ҳар ҷо вагонхонаҳо. “Ба ҳар ҳол шаҳр хуб аст, – бо изтироби ниҳон фикр кард ӯ,–  бароҳат, озода. Ҳар чӣ хоҳӣ, муҳайё”.
Ба атрофи миз ҷамъ шуданд. Сайёра ҳам омада нишаст. Қадаҳ бардоштанд. Ҳаким, ки бори нахуст меҳмони ин оила буд, сухан гирифта, ба хонадон ободиву баракат хост. 
Дили ҷавонон ҳанӯз бо ишқи суруд метапид, аммо шояд аз Сайёра ибо карда, ҳеч кадоме ҷуръати гап кушодан надошт.
– Ку, акнун шунавем сурудатонро, – гуфт ниҳоят худи Сайёра.
Онҳо байни худ чашмакӣ заданду Неъмат ба рубоби болои диван даст ёзонд.
– О, созанда аз худамон-ку, – гуфт Сайёра бо хандаи шӯх.
Ҷавонон лаҳзае тараддуд карда, баъд якдигарро такондиҳон сар карданд. Суруд дар оғоз андак сусттару парокандатар садо дод. Сайёраро ханда гиребонгир буд, мисле ки барои дигарон шарм медошта бошад, дар чашмонаш ашки хиҷолат низ ҳалқа зад. Аммо лаҳзае нагузашта нафаҳмид, ки чӣ нерӯи соҳире ӯро ба итоати худ даровард. Ӯ акнун шубҳа дошт, ки ин сурудро дар паҳлӯи ӯ будагон месароянд. Гӯё шавҳари худро намешинохта бошад, ба ӯ тез-тез нигоҳ мекард.
Сайёра тайи ду соли заношӯйӣ ба ҷуз гоҳ-гоҳе зери лаб чизеро замзама кардани шавҳараш надида буд, ки ӯ ба даст рубоб гирифта бошад, ҳатто ёд надорад, ки дар бораи суруду сурудхонӣ чизе гуфта бошад. Аз ин рӯ, алҳол дар гирдоби ҳайрати аҷибе ғарқ буд. Оҳиста-оҳиста матн ва оҳанги суруд ҳушу хаёлашро бо худ бурд. 
...Дашти фарохи  доманаш ба осмон часпида. Дар миёнҷои дашт галаи тойҳо ҷастухезкунон сӯйи уфуқ медаванд...Уфуқ гулгун, осмон гулгун, дашти  доманаш дар дасти осмон, галаи тойҳои гулгун, ёлу кокули тойҳо гулгун...Аз ёлу кокулҳояшон шарора мепарад, шарораҳои қирмизӣ. Дар пайи пояшон сабзазорон мавҷ мезананд. Пайҳои парешон сӯйи уфуқ  мераванд. Гала ғарқи сели гулгун сӯйи уфуқ меравад. Сӯйи уфуқи қирмизӣ. Аз паяшон бӯйи дашт паҳн мешавад. Бӯйи дашт, накҳати гиёҳҳои номаълум ба машом мерасад...
Дар байни дашт, дар козаи баланд духтаре ва ҷавоне нишаста, сӯйи уфуқ чашм дӯхтаанд...
Дар миёнҷои дашт галаи тойҳо ҷастухезкунон сӯйи уфуқ медаванд. Уфуқ лоларанг...
Сайёра садои занги дарро хеле дер шунид. Ӯ, чун одами аз хоби роҳат бо таконе бедоршуда, ба айвон баромад ва пас аз лаҳзае ба хона баргашта, хост бо чашм нигоҳи шавҳарашро дорад. Неъмати аз завқ чашмонаш пӯшидашуда ба сӯйи ӯ нигоҳ намекард. Сайёра лаҳзае андешида, боз сӯйи дар рафт ва аз нав ба хона баргашт.
Ниҳоят суруд ба охир расиду чашми Неъмат ба ӯ афтид.
– Ҳа,– гуфт ӯ рубобро як сӯ монда.
– Адҳамака..., – гуфт Сайёра бо димоғи сӯхта.
Неъмат норозиёна ғур-ғуркунон аз ҷо хест.
Адҳамака ҳамсояи девордармиёни ӯ буд. Ӯ ҳеч гоҳ ҳамсояро ба берун даъват намекард, чун одами худӣ бемалол ба хона медаромад.
Вақте ки Неъмат баромад, ӯ як даст ба қафо бо дасти дигараш мӯйҳои тунукшудаи сарашро шонакунон ин тарафу он тараф роҳ мегашт.
– Чӣ гап, ҳамсоя? – гуфт ӯ соҳибхонаро дида.
– Тинҷӣ, тинҷӣ, – ҷавоб дод Неъмат ба табассум кардан кӯшиш карда, –  дӯстон омада буданд, нишаста андак хумори дил мебарорем.
– Ман гумон кардам, ки ягон тантана аст...
“Магар бе тӯю тантана суруд хондан мумкин нест?”–  аз дил гузаронд Неъмат ва боз бо табассуми сохта гуфт:
– Ягон гап мебуд, шумо бехабар намемондед-ку, дароед, охир,–  Неъмат худро  канор гирифта, ӯро ба хона таклиф кард.
– Маро монед,– авзои Адҳамака тағйир ёфт. – Дар ин манзил ғайр аз шумо дигарон ҳам ҳастанд! Хуб нест, додарам, дигарон аз кор омада истироҳат кардан  хоҳаду шумо ин ҷо...
– Мо ин ҷо сурудхонӣ кунем,–  гуфт бо оҳанги шухӣ Неъмат. – Ҳа, дӯстонаш омадаанд, хурсандӣ мекунанд, мегӯянду мемонанддия, Адҳамака.
– Хурсандӣ ба роҳи худаш, аммо бо тамоми овоз бонг задан...
– Ба фикрам, дар ҷое нанавиштаанд, ки “сурудхонӣ манъ аст”.
– Сурудро дар гӯшаи хилват месароянд, додарам. Ин ҷоро шаҳр мегӯянд! Гузашта аз ин айб аст охир, ҷавонмарди калон бошед...
– Дар шаҳр магар суруд намехонанд?! Инро аз шумо мешунавам! – Феъли Неъмат ҳам вайрон шуд. Ӯ серқаҳр, аз тоифаи даргирад аланга мегирифтагиҳо буд. Гӯё тамасхури мулоимхунуконаи одами рӯ ба рӯ ба гулӯяш қаламфур пошида бошад, якбора дар гирифт: 
– Писаратон садои магнитафонро баланд карда шабу рӯз сурудҳои беҳаёёнаро монда мешинад, духтари Маъруфака аз боло  мисле ки ба сарпӯши мағзи сар мекӯфта бошад, ҷастухезкунон мерақсад, худатон то як поси шаб гӯшаки телевизорро то ба охир тоб дода, хоккей тамошо мекунед...Ба ҳамаи ин мо чизе нагуфта тоқат мекунему тӯли чанд сол як бор сурудхонии мо малол омад-чӣ?!
– Сурудро санъаткор мехонад, акоҷон! – Адҳамака ин суханро хеле оромона, аммо гӯё аз даҳонаш заҳр мерехта бошад, гуфт.
– Сурудро касе месарояд, ки дар дил завқ дошта бошад, касе мехонад, ки дил дорад, Адҳамака! – ҷавоб дод Неъмат низ бо ҳамон оҳанг.
– Гардам аз завқи ту! Сароянда бошӣ, тӯйгардӣ кун, хуморат мешиканад!..Адҳамака бо зарда тоб хӯрду ба хонааш даромад.
Неъмат аз ғазаб ба худ ларзида дар роҳрав ҳайрон монд. Ӯ намедонист, ки ба дӯстонаш чӣ мегӯяд, алалхусус, ба Баҳром.
– Чӣ гап? –  гуфт Баҳром сабру қарорашро аз даст дода,–  давоми моҷарои хонаи ман барин, садоят баландтар баромад?
– Ҳамту, –  Неъмат омада ба диван нишаст. – Рубобро гир, Баҳром, месароем! Қасд ба қасд месароем!
Баҳром ба рубоб даст ҳам наёзонд. Шавқи пешинаи ҳар се паст шуда, оташи маҳфилашон ба хокистари сард табдил ёфта буд.
– Адҳамака...Одами нағз буд, ҳайронам, –  пас аз лаҳзае ба гап даромад Неъмат. Баъд гӯё, ки бо худ мунозара мекарда бошад, суханашро давом дод: – Сурудро бояд ҳофиз сарояд будаст!.. Инсон эҳсосоти нозуки дилро бо роҳҳои гуногун ифода мекунад: яке суруд мехонад, дигаре замзама мекунад, касе бо зарофатгӯӣ бори дил сабук мекунаду каси дигар бо ҳасрат...
– Тоифае “аз дилам ёб” гуфта мегардад, – луқма партофт Баҳром.
   – Бале...Хулоса, бори дар дил доштаашро баровардан мехоҳад. Наход, суруд хондан беодобӣ бошад! Дар хиёбонҳо гурӯҳ-гурӯҳ  бо гитара кӯчаро ба сар бардоранд равою дар хона, бемалол нишаста суруд хонӣ, айб будааст, тавба! Дар кӯча рубоб бардошта суруд хонда бин, ё маст, ё аз ақл бегона шудаст, мегӯянд. Аҷиб аст ин!..Ба фикрам, инсоне суруд мехонад, ки дар дил завқ, рӯшноӣ дорад. Вай аз ин завқу рӯшноӣ  дигарон ҳам баҳра баранд мегӯяд. Ҳар инсон дар дил суруди дӯстдоштае дорад. Масалан, банда ҳар рӯз дар дилам як оҳангро замзама мекунам...
– Бино ба ақидаи шумо Адҳамака низ суруди дилнишини хешро дорад, ҳамту? – Сайёра гапро ба шӯхӣ баргардонда, хост шавҳарашро ба худ орад.
– Дошт, – бадтар абрӯ чин кард Неъмат. – Як замонҳо...Дар синну соли мо, эҳтимол суруда ҳам бошад...Суруд малол меояд-а ба инҳо!  Одам ҳам оё ин қадар ҷоҳил мешавад? Ин тоифа аз куҷо пайдо мешаванд?
– Аз ману ту барин инсонҳо! – ҷавоб дод Баҳром. – Дар синну соли мо эҳтимол суруда бошад, гуфтӣ. Не, суруд нагуфтааст. Майли сурудхониашро бо забонгазиҳо саркӯб кардааст: дар мавриде ибо, дар мавриди дигар андеша кардааст. Нагуфта-нагуфта суруд ба умқи дилаш шишта, ях бастааст...
– Баъд ба ҷоҳилӣ табдил ёфтааст?
– Бале! Ҳамон Адҳамакаат аз ҳамин қабил одамон. Акнун ӯ сарояндаро дида наметавонад, зеро худ суруде насароидааст, натавонистааст сурудан...
– Танҳо Адҳамака не...
– Чӣ рӯзи наҳсе буд ин рӯз, куҷо наравем ба сурудбезорҳо рӯ ба рӯ меоем, – гуфт Баҳром ба Ҳаким рӯ оварда. – Тасодуф аст ин, бародар, тасодуф. Инро, агар ба касе гӯйӣ бовар намекунад... 
– Дар ҳар гуна тасодуф як миқдор қонуният вуҷуд дорад, – гуфт Ҳаким, ки то ин лаҳза хомӯш нишаста буд.
– Аз фалсафа бад набудӣ, бача, – Неъмат ба китфи ӯ бо навозиш зада, аз ҷо боло шуд. – Ҳамин рӯз суруд нахонем ҳисоб не, бародарон,–  кас гулӯгир мешавад. Қасд ба қасд...
– Дар куҷо? – чашмонашро калон кушода пурсид Сайёра.
– Ҷояшро меёбем!
Неъмат ба хонаи дарун даромад. Аз ростӣ либос пӯшида баромадани ӯро дида, Сайёра чобук ба по хест.
– Чӣ, таом намехӯред? – ӯ ба шавҳараш ба маънои “магар айб намешавад” нигоҳи ҳаросолуде афканд.
– Таом? – бо ҳайрат пурсид Неъмат дар назди ойна гарданбандашро дурусткунон. – Мақсад оё таомхӯрист? – ба завҷааш рӯ овард ӯ.
– Таомро Адҳамака хӯрад! Баъд то саҳар садои телевизорро баланд карда хоккей мебинад, сурудҳои беҳаёи писарашро мешунавад, дар болояш Дилка ҷастухез карда пой мекӯбад...Ана ҳузуру мана роҳат! 
– Монед акнун, дигар рӯз...Рафтори бачаро мемонад...
– Қарор қатъӣ, Сайёрахон,– гуфт Баҳром. – Набошад ҳоло номи шуморо ҳам ба рӯйхати ҷоҳилон медарорад. Авзояшро намебинед?
Сайёра, ки ба девонагиҳои шавҳараш одат карда буд, дигар садди роҳ нашуд.
– Таомро баъдтар мехӯрем, – бо табассум пичиррос зад Неъмат вақте ки аз дар мебаромаданд. – То суруд нахонем, аз гулӯ чизе намегузарад...
Ҷавонон, дар дасти яке рубобу дар дасти дигаре шишаи саркушода, дар дасти севумӣ ду помидору дар ҷайб пиёла, тапар-тупуркунон аз зина фаромаданд. Ишқи сурудхонии  дар дил доштаи онҳо акнун ба ваҷди девонагӣ табдил ёфта буд.
...Ронандаи таксӣ муддаои онҳоро сарфаҳм нарафта такрор китф дарҳам мекашид. Одаме, ки ҳар рӯз ба даҳҳо корафтода хидмат мекард, ингунаҳоро бори аввал медид: дар дасти яке рубобу дар дасти дигар шишаи саркушода, дар дасти сеюмӣ ду помидору кисаи варамкарда – самти манзил номуайян...Аз рафторашон ҳувайдост, ки ҷавонони бад нестанд, зиёинамо...
– Маъқул, шинед, – ниҳоят дари мошинро кушод ӯ. – Ба Ҳирот гӯед, ба Ҳирот-дия, акоҳо, ба мо фарқе надорад.
Рӯзро шом хӯрдаву шаҳрро таровати шаб фаро гирифта буд. Дар кӯчаҳо   одам кам.   
Пас аз лаҳзае шаҳр дар қафо монд. Дар роҳи саҳро баландие ба чашм расид, “дар ҳамин ҷо нигоҳ доред, бародар”, гуфт Неъмат ба ронанда.
– Як даҳон гапатон, ако...
Мошин дар назди баландӣ қарор гирифт. Неъмат ба ҳамроҳонаш назаре афканду аз мошин фаромад ва сӯйи баландӣ роҳ пеш гирифт. Шариконаш аз паси ӯ рафтанд.
Ронанда пойҳояшро аз кабина овезон карда, аз паси онҳо бо ҳайрат чашм дӯхт. Кайфашон баландтар шудааст, аз дил гузаронд ӯ
Ҷавонон болои пушта баромада чорзону нишастанд. Як пиёлагӣ нӯшида, шишаи холиро ба поён ғелонданд. Помидорро бӯйкашон ба даҳон андохтанд.
– Ҳаминро дар хона менӯшидем ҳам мешуд, – Неъмат рубобро гирифта, аз ҷо хест. Баҳрому Ҳаким ҳам ба по шуданд. Ӯ  рубобро ҷӯр кард.
– Ку, гирифтем...
Дар болои тал се тан дар шӯълаи моҳтоб ғарқ буданд. Дар дасташон рубоб, дар дил туғёни наво...Аммо аз ҳеч кадоме садо намебаромад. Ва ҳамин лаҳза дар  баландӣ қаҳқаҳае танинандоз шуд, ки гӯё то ба шаҳр расид...
– Эҳ, афандиҳо, баҳри сурудхонӣ ҳавсала карда то ҳамин ҷо омадем-а! Эҳ, афандиҳо!..
“Афандиҳо” ғарқи шӯълаи моҳ аз баландӣ фаромаданд. Аз шуҷоати пештараашон асаре намонда буд.
– Ба шаҳр, – гуфт Баҳром бо овози ҳасратолуд.
– Ба Ҳирот намегӯед, ако, ба мо фарқе надорад.
Дар айни ҳол онҳо гирифтори мушкиле буданд: «Чаро ин тавр шуд? Аз ҳамин қадар роҳ бо майли тамом омада, чаро суруд хонда натавонистем? Охир, ҳеч кас монеъ намешуд, ҳеҷ кас эрод намегирифт-ку. Адҳамака ин ҷо набуд, дар хонааш тинҷакак нишаста, эҳтимол хоккей тамошо мекунад ӯ...Чаро ин тавр шуд?..»
Мошин сӯйи шаҳр, ки чароғҳояш мисли як ҷувол ситораи пошхӯрда чашмак мезаданд, бо шитоб ба роҳ даромад. Он сӯйи сурудсарояндагону носарояндагон, сурудшунавандагону  сурудбезорон мешитофт...
Аҷобат он буд, ки ҳар қадар ба шаҳр наздиктар мешуданд, орзуи қавии сурудхонӣ вуҷудашонро бештар фаро мегирифт. Алҳол дар ниҳонхонаи хаёли ҳар сеяшон як фикри қатъӣ чарх мезад: “Суруд бояд хонд, бояд бисароем!”

 Аз ӯзбекӣ тарҷумаи ПАЙҒОМ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: