Боз 253 шаҳрванди Ӯзбекистон аз Украина ба ватан баргаштанд

1 март, соати 20:40 ба вақти Тошканд ҳавопаймо бо 253 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Украина берун оварда шуда буданд, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримови Тошканд фуруд омад.

Ҳавопаймои ширкати «Uzbekistan Airways» аз шаҳри Катовиcе (Полша) парвоз кард, ки ба ин ҷо шаҳрвандони Ӯзбекистон тавассути автобусҳо аз марзи Украина ва Лаҳистон оварда шудаанд.

Дирӯз боз ду ҳавопаймои махсус дар фурудгоҳи шаҳри Катовисеи Лаҳистон соати 16.30 ва 18.30 ба вақти маҳаллӣ (дар Тошканд мутаносибан 20.30 ва 22.30) фуруд омаданд, ки интизор меравад 515 шаҳрванди дигари Ӯзбекистонро ба ватанашон расонанд.

Дар нуқтаи назоративу гузаргоҳии "Карчова"-и Лаҳистон ва дар гузаргоҳи "Краковес"-и Украина шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳанӯз ҳам ҳастанд, ки Украинаро тарк мекунанд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Дипломатҳои Ӯзбекистон ба онҳо ҳама гуна кумак мерасонанд, мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд, ҷамъ омадани онҳоро дар фурудгоҳ ва савор шудан ба ҳавопайморо назорат мекунанд.

Дар сафоратхонаҳои Ӯзбекистон дар Киев ва Варшава ситод шабонарӯзӣ кор мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: