Дар арафаи ҷашни Наврӯз ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Indenim» ба сокинон ва меҳмонони вилояти Сурхондарё туҳфаи хотирмон пешкаш кард.
Дар Тирмиз маҷмӯи чаҳорошёнаи замонавии савдо ба истифода супурда шуд.
Ҳоли ҳозир дар ҳудуди кишвари мо 17 маркази сару либоси «Indenim» амал мекунанд. Маркази наве, ки дар Тирмиз бунёд гардид, аз марказҳои пешина куллан фарқ дорад. Дар ошёнаи якуми бинои муҳташам мизоҷон метавонанд маҳсулоти хӯрокворӣ ва техникаҳои маишӣ харид кунанд. Дар ошёнаи дуюм сарулибосҳои бачагона ва наврасон таҳти тамғаи «Indenim» фурӯхта мешаванд, ки онро ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ZIF TEXTILE» истеҳсол кардааст. Дар ошёнаи сеюм дуконҳои сару либоси кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд. Дар он ҳамчунин ресторани таомҳои миллӣ амал мекунад. Дар ошёнаи чаҳорум майдончаҳои бачагона, боулинг ва фаст-фуд мавҷуданд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар марказ эскалатор ва лифтҳо хидмат мерасонанд.
Баъди ба кор даромадани маркази нав тақрибан 400 сокини Тирмиз соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. 350 нафари онҳо занон мебошанд.
– Ман соли гузашта коллеҷро хатм карда барои худ кори муносиб меҷустам, – мегӯяд сокини маҳаллаи «Каттабоғ» Шаҳризода Отамуродова. – Аз мавҷудияти кор дар маркази нав хабардор шуда ба ин ҷо омадам. Бинои зебо ва муҷаҳҳаз, имкониятҳои фароҳамовардашуда ба ман маъқул мебошанд. Ба сифати фурӯшанда ба кор даромадам. Аз он ифтихор дорам, ки дар чунин маркази фароху рӯшан ва замонавии савдо хидмати босифат мерасонам. Ба қарибӣ хидмати онлайнро ба роҳ мемонем.
Мувофиқи маълумот дар корхонаи дӯзандагии «ZIF TEXTILE»-и ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Indenim», марказҳои сарулибоси он дар минтақаҳои мамлакат ва маркази савдою дилхушкунии воқеъ дар Тирмиз 5 ҳазор нафар кор мекунанд.
Дар маросими кушоиши маркази замонавии савдову дилхушкунӣ, ки бинобар ороиши худ ягона мебошад ва дар воҳа надорад, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов баромад кард.
Холмумин МАМАТРАИМОВ,
хабарнигори ӮзА.