Дар №60 рӯзномаи «Овози тоҷик» аз 4 августи соли равон мақолаи Зоҳир Ҳасанзода бо номи «Бидъатҳо дар тӯй»-ро хондам ва ба андеша рафта сатрҳои зерро рӯйи коғаз овардам.
Дар №60 рӯзномаи «Овози тоҷик» аз 4 августи соли равон мақолаи Зоҳир Ҳасанзода бо номи «Бидъатҳо дар тӯй»-ро хондам ва ба андеша рафта сатрҳои зерро рӯйи коғаз овардам. Солҳои охир бо ташаббуси сарвари давлат Шавкат Мирзиёев бобати ба тартиб овардани маросими тӯйҳо ва маъракаҳои дигар чораҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар идораҳои ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо шахсони мутасаддӣ оид ба ин масъала таъин гардидаанд, идораҳои худидоракунии маҳаллаҳо низ дар ҷамъомаду чорабиниҳояшон ба ин масъала эътибор медиҳанд.
Аммо дар амал ҳоло ҳам чун пештара дар гузаронидани тӯю маъракаҳо саркашӣ аз нишондоди идораҳои болоӣ мушоҳида мегардад. Ҳар кӣ чӣ тавр хоҳад, тӯй ё маъракаи дигар мегузаронад, на ба миқдори меҳмонону на ба муддати пешбинишудаи тӯйгузаронӣ риоя мекунад. Хусусан дар маросимҳои ақди никоҳ намоишкорӣ, исрофкориҳои зиёд ва хароҷоти нозарурро мебинем. Аксаран соҳибони маъракаҳо ба маслиҳати раисони маҳаллаву куҳансолон итоат намекунанд. Базму бозӣ баъзан 7-8 соат то дергаҳи шаб давом мекунад. Ин хароҷот сабаб мегардад, ки як қисм падарони фарзандонашон ба камолрасида барои тӯйгузаронӣ маблағҷӯён ба мардикорӣ мераванд.
Ҳайратовар он аст, ки имрӯз бисёр арӯсшавандагон аз қиматии либоси арӯсӣ онро аз солунҳо барои як-ду рӯз ба иҷора мегиранду мепӯшанд. Охир кӣ медонад, ки ин либосро пеш аз ин чанд нафару чӣ касоне пӯшидаанд?! Наход арӯси боиффат дар хушбахттарин лаҳзаҳои ҳаёташ ба тани худ чунин либосро раво бинад?! Баъзе арӯсон дар базми ақди никоҳ либосҳоеро ба бар мекунанд, ки шоистаи духтари тоҷик нест. Он на ба расму оин ва на ба шариати мо рост меояд. Зеро ҳама медонем, ки дар тӯй чашми аксар меҳмонон бештар ба арӯсу домод дӯхта мешавад.
Бахту саодати оилаи нав дар якдигарфаҳмии зану шавҳар, арӯсу хушдоман аст, на дар базмҳои намоишкоронаву сару либоси қиматбаҳо ва бар илова номуносиб. Аз ин ҷост, ки ҳар сол дар мамлакат 35-38 ҳазор оила вайрон мешаванд. Охир, ин ба аҳолии қариб як ноҳия баробар аст! Мо бояд фаромӯш накунем, ки оила ин асоси ҷамъият аст.
Оре, чӣ андоза муқаддас будани оиларо, мутаассифона, ҷавонони мо то ба ҳол ба қадри зарурӣ намедонанд. Он маҳфилҳое, ки бояд ҷавонон, ба хусус духтарони моро ба оиладорӣ тайёр кунанд, танҳо дар коғаз ва барои ҳисоботанд.
Ба фикри мо, ягона роҳе, ки муаммоҳои болоиро ба тартиб андохта метавонад, ин ҷорӣ кардани чораҳои маъмурӣ мебошад. Яъне гузаронидани ҳама гуна маъракаҳоро бояд идораҳои мутасаддӣ қатъиян таҳти назорат гиранд ва ба вайронкунандагони онҳо ба тартиби қабулшуда чораҳои маъмурӣ андешанд.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст.