Ҳамаи мо то чӣ андоза азиз будани нонро хуб медонем, аммо бештар фаромӯш мекунем, ки аз хӯроквориҳо бисёртар нонро исроф мекунем.
Ҳамаи мо то чӣ андоза азиз будани нонро хуб медонем, аммо бештар фаромӯш мекунем, ки аз хӯроквориҳо бисёртар нонро исроф мекунем. Дур наравем, дар меҳмондорӣ, тӯю маъракаҳо нонро бисёр пора мекунем. Дар натиҷа баъди маъракаҳо халта-халта нонпораҳо боқӣ мемонанд. Ҳеч кас дар зиёфатҳо намегӯяд, ки биёед, нонро мувофиқи истеъмоламон шиканем, исроф накунем, уболаш мегирад. Дар ошхонаю чойхонаҳо барои нонпораҳои боқимонда қуттиҳои махсус ҳаст. Бегоҳӣ одамони алоҳида нонпораҳоро бо пасмондаи хӯрок гирифта бурда ба чорвояшон медиҳанд. Ба онҳо чӣ қадар нонпора бисёр бошад, ҳамон қадар хуб аст. Агар дар чойхона ва ошхона нони баъди тановул зиёдатӣ мондаро бо ҳам гирем, атрофиён бо тааҷҷуб менигаранд, ё ки механданд, ҳол он ки ин нони мост.
Имрӯз мушкили нону хӯрокворӣ дар миқёси дунё мавҷуд аст, дар рӯйи замин як қисм одамон гурусна ва ё нимгурусна умр ба сар мебаранд.
Сарвари давлатамон барои бо озуқаворӣ таъмин кардани аҳолӣ чораҳои судбахш андешида истодааст. Мо бошем, дар базму зиёфатҳои пурдабдабаи худ ба исрофкориҳо роҳ дода истодаем. Оё солҳои аввали истиқлолият барои орду нон дар дӯконҳои савдо навбат истоданро фаромӯш кардем? Имрӯз шукри Худо, ки дар мағозаҳоямон хелҳои гуногуни орду нони босифат мавҷуд.
Ривоят мекунанд, ки Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд дар растаи бозор мегашт, шахсе ба назди аллома омада савол медиҳад, ки шайх шумо чӣ тавр дар муддати кӯтоҳ соҳиби мартабаи баланд гардидед? Хоҷа Баҳоуддин ҷавоб медиҳанд: «Ман ҳеч гоҳ нонреза накардаам, нонпораҳоро чида мехӯрдам».
Имрӯз, мо бояд ба қадри ҳар бурда нон, ҳар як сӯм расем. Тӯю маъракаҳоро хурд, оддӣ, камхарҷ гузаронем. Бахт дар тантанаҳои боҳашам нест, дар хоксорию хотирҷамъист.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
вилояти Намангон.