Боз омада Соли навин,
Дар ин Ватан, дар ин Замин.
Файзу сурур бахшад ба кас,
Бо хотироти беҳтарин.
Аз омадаш дилҳо ба ҷӯш,
Дар матлаби мо офарин!
Хуш омадӣ ҳам пурфараҳ,
Оварда барфи нуқрагин.
Бошад, ки ин соли накӯ
Ҳар орзу гардад ширин.
Гулрезӣ дар матлаб шавад,
Ободиҳо дар сарзамин.
С.МУҲАММАДҶОН.
Ноҳияи САРИОСИЁ.