БОЗ ОМАДӢ

Боз омадӣ андар Ватан, хуш омадӣ, гулбарфи ман,

Аз мақдамат олам чаман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Овар хабар бар насли нав, аз файзҳои фасли нав,
Ай, байрақи дашту даман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Аз партават рақсон шавам, бо бахт ҳамдастон шавам,
Оғози ҳар як анҷуман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Саҳро шавад гулшан зи ту, дунё шавад равшан зи ту,
Оромбахши ҷону тан, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Аз бӯйи ту гаштам ҷавон, аз баргҳоят – шодмон,
Ай, ғунчалаб, ай, гулбадан, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Солест, пазмони туям, дар шавқи эҳсони туям,
Бо нури рухсори ҳасан, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Қалби Саодат метапад аз хубии рухсори ту,
Зеботар аз ҳар ёсуман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Саодат САНГИНОВА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: