БОЗ ЯК ҒАМХОРӢ БА ҲУНАРИ МАРДУМӢ

Агар имрӯз дар диёрамон соҳае нест, ки аз назару эътибори давлат берун монда бошад, муболиға нахоҳад шуд.

 Боиси хушнудист, ки дар мамлакати мо эътибор ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ беш аз пеш меафзояд.
Баргузор гардидани чорабиниҳои байналхалқии ҳунарии «Нурли наволар»-и Нурато, «Рақс сеҳри»-и Хоразм дар ҳаёти фарҳангии мардумамон воқеаи муқаррарӣ гардидаанд. 
Қарори Президентамон «Дар бораи баргузор кардани Ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшиёна» дар шаҳри Тирмиз давоми мантиқии ғамхории ҳукумат бобати ҳифз, инкишоф додан ва васеъ шинос намудани ҷомеаи ҷаҳон бо намунаҳои нотакрори санъати миллӣ мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки дар сарзамини мо идомадиҳандагони санъати бахшиёна – пайравони Эргаш Ҷуманбулбул ӯғлию Пӯлканшоир барин  ҷиров, оқин, достонсароёни моҳири халқӣ кам нестанд. Имрӯз онҳо дар вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Тошканд, Навоӣ... ба чашм мерасанд.  Мо ҳангоми ҷамъоварии эҷодиёти даҳонии мардуми минтақа дар ноҳияҳои Олоту Қарокӯл огоҳ гардидем, ки дар байни аҷдоди сокинони ин ҷо бахшиён низ будаанд. Мутаассифона, байни эшон пайравонашонро надидем.
Чорабинии байналхалқие, ки ҳоло дар Сурхондарё баргузор мегардад, бешубҳа, бобати эҳё ва рушди боз як ҳунари мардумӣ мусоидат менамояд.

Файзулло ТӮРАЕВ,
мусиқишинос, 
узви Иттиҳоди оҳангсозон ва композиторони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: