БОЗ ЯК ЭЪТИБОР БА ТАЪЛИМУ ТАДРИС

Тӯли 3-4 соли охир ба таълим дучанд шудани эътибори давлат беҳуда нест.

Тӯли 3-4 соли охир ба таълим дучанд шудани эътибори давлат беҳуда нест. Зеро ҳалқаҳои асосии рушд ба кишваре чун Ӯзбекистон, ки ба давраи нави тараққиёт ворид шудааст, навъе Президентамон барҳақ таъкид карда гузашт, маҳз илм, таълим ва тарбия мебошад, ки асосҳои ин се шоха маҳз дар мактаб гузошта мешавад.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки ба наздикӣ таҳти раёсати роҳбари давлати мо бахшида ба масъалаҳои такомули низоми таълим ва тарбия, тезонидани инкишофи илм дар кишвар баргузор гардид, ин нуктаҳо дигарбора ёдрас шуданд. Баромади Президент дар ин ҷамъомад, ки ба низоми тозаи таълиму тарбия дар шароити кунунӣ бахшида шуд, мисле идомати табрикоти ӯ буд, ки ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён баён шуда ва ба «артиш»-и сершумори омӯзгорону мураббиҳои мамлакат рӯҳбаландии бузург бахшид. Вай дар оғози ҳамоиш муҳаббати худро нисбати муаллим, ки ба маънои ҳақиқӣ чун шамъ сӯхта, қалби шогирдон бо шарораҳои дониш музайян месозад, изҳор намуд. Мӯътабарии падар, мукаррамии модар – маълум, роҳбари давлати мо баробари падару модар заҳматкашии устодро дар таълиму тарбия дигарбора хотирнишон сохт. Ҳамчунин гуфт, дар шароите, ки баҳри бунёди Ӯзбекистони нав хиштҳои аввалин гузошта мешаванд, устодону муаллимон ва намояндагони илму эҷод аввалин мададгори мо мебошанд.
Пештар низ дар бораи мактабу муаллим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷамъият, зарурати дар зинаҳои боло қарор доштани таълими замонавӣ батакрор суханҳо гуфта мешуданд, вале маҳз солҳои охир, ба маънои воқеӣ, қавл ва амал ба ҳам пайваста ё худ нуктаҳо татбиқи амалии худ ёфта, чӣ барои давлат ва чӣ барои ҷамъият мактаб чизи аввалиндараҷа шуда монд, омӯзгор дар ҷамъият мавқеъ, нуфуз ва обрӯ пайдо кард, меҳнати сахт, сангин ва масъулиятталабаш сазовор қадр ёфт – маош боло рафт, ҳавасмандсозии муаллимони пешқадам ва ташаббускор самараи худ бахшид. Як замонҳо, ба қавли маъруф, об овардаву кӯзашикаста як хел бошад, акнун ҳамоне, ки бештару беҳтар кор мекунад, зиёдтар манфиат мебинад. Рӯҳбаландӣ ҷиҳати бозёфтҳои тозаи эҷодиву илмӣ ба муаллиме, ки ҳаёти худро ба мактаб,  таълиму тарбияи насли ҷавон бахшидааст, илҳом бахшид. Коғазбозиҳои зиёд вақти муаллимонро мегирифт, ҳоло имконият фароҳам омада, ки мо, муаллимон, бештар бо китоб, мутолиа ва бо толибони илм вақт гузаронем, дақиқаҳои тиллоиро беҳуда нагузаронда, аз ҳар лаҳза самаранок истифода барем, ҳампо ва ҳамнафаси замон бошем, дар беҳсозии инфраохтор ва муҳити маънавии дабистон, ки даргоҳи муқаддасест, ҳар яке саҳм гузорем.
Ҳаёт собит сохта, ки бо «қориёна» азёд кардан мурод ҳосил намешавад, бояд донишандӯзро дар гудози муҳокимаронӣ обутоб дод, роҳҳои таҳлил ва тадқиқ ба ӯ нишон дода, мустақилона фикр ронданашро таъмин сохт. Танҳо дар вазъи гузаштан ба методикаи нав таълимро ба дараҷаҳои замонавӣ бардоштанамон мумкин, гуфт роҳбари давлати мо, таълиму тадрисро ҷудо аз илм ва технологияи замонавӣ тасаввур кардан мумкин нест. Методикаи таълим ҳамон вақт нав ва ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мегардад, ки агар нақшаҳои таълимӣ, васоити техникӣ, дастуруламалҳои услубию методӣ ва дар навбати аввал китобҳои дарсӣ ба талаб ҷавобгӯ бошанд, навигариҳои назаррасро дар худ таҷассум намоянд.
Чизи дигаре, ки алоқамандони соҳаи таълиму тарбияро мамнунӣ мебахшад, мавриди эътибор қарорёбии масъалаи баланд бардоштани малакаи касбии муаллимон мебошад. Дар замоне, ки навигариҳо бошиддат тамоми соҳаҳо, минҷумла, таълиму тадрисро фаро мегиранд, аҳамияти алоҳидаи ин нукта маълум, минбаъд ба тариқи озмоиш гузаронидан аз курсҳои фосилавии такмили ихтисос ба роҳ гузошта мешавад. Пас аз ин таҳия гаштани рейтинги мактабҳо ва бо ҳамин асос муайян сохтани дабистонҳои пешқадам, бешубҳа, ба болоравии таълиму тадрис мусоидат хоҳад намуд. Ба фаъолияти директорони мактабҳо, муовинҳои онҳо ва ҳамаи омӯзгорон дар асоси ҳамин рейтинг баҳо гузошта ва ба роҳбарони дабистонҳо аз 3 то 12 баробари миқдори камтарини музди меҳнат мукофотпулиҳо дода мешавад, ки ин низ нишонаи эътибор ва ғамхорӣ дар ҳаққи фидоиёни таълими халқ аст.
Баробари ин ходимоне, ки дар шуъбаҳои таълими халқ бо ташаббус ва таҷрибаҳои пешқадам худро нишон медиҳанд, муносиб рағбатонида мешаванд. Имконияти дуҳафтаина дар санаторияҳо ройгон истироҳат кардан, сиҳҳатии худро барқарор сохтани пешқадамони соҳа низ фароҳам омадааст. Минбаъд дар аниқсозӣ ва додани тоифаҳо ба омӯзгорон низоми ҷории аттестатсионии чаҳормарҳилавӣ барҳам хӯрда, низоми думарҳилавӣ татбиқ меёбад ва ин имкон медиҳад дар дастёбӣ ба категорияҳои баланд омӯзгорон мушкилӣ накашанд. Ҳоло танҳо 4 фоизи омӯзгорон категорияи олӣ доранду халос, соҳибони тоифаи якум – ҳамагӣ 15 фоиз. Ҳол он ки омӯзгорони фидоӣ дар ҷумҳурӣ, ки ба категорияҳои баланд муносибанд, хеле сершумор. Низоми нави таълиму тарбия, ки дар видеоселектори навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, умед аст хусусиятҳои бюрократии дастёбӣ ба категорияву унвонҳоро барҳам мезанад, масъалаҳое, ки дида баромада шуданд, ба бештар аз 490 ҳазор омӯзгороне, ки ҳаёти худро ба мактаб ва донишу биниш, асосҳои илмро азхудкунии авлоди баркамол бахшидаанд, ғайрат ва шуҷоати тоза мебахшанд.

Ҳасанхон ОБИДҶОНОВ,
муаллими таърихи мактаби миёнаи рақами 1-уми  
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: