Дар Хонаи синамои ба номи Навоии Тошканд намоиши пӯшидаи филми ҳунарии коргардон Ёлқин Тӯйчиев – “Эволютсия” баргузор шуд.
Ин филм дар студияи “Play This” бо фармоиши Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба навор бардошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ёлқин Тӯйчиев қаблан бо филми “Ду ҳазор суруди Фарида” низ барои тамошобинони зиёд муаррифӣ шудааст. Кумитаи Оскари Ӯзбекистон дар як ҷаласаи худ ин филмро барои пешниҳод ба мукофоти Оскар интихоб кардааст, то ки он барои номинатсияи “Филми беҳтарини ҳунарии байналмилалӣ” дар озмуни бонуфуз ширкат намояд.
Аз тамошои филми ҳунарии “Эволютсия” бармеояд, ки мундариҷаи он ба сарнавишти як ҷавон бахшида шудааст ва ӯ дар чорроҳаи қисмат ҳодисаву воқеа ва лаҳзаҳои сахти ҳаётро паси сар мекунад. Ин ҷавон мисли ҳазорҳо нафар ҷавонони ҳамон давра ба ҷанги Афғонистон сафарбар шудааст. Ин ҷангест, ки дар рӯҳияи ҷавонони даврони гузаштаи наздик таъсири амиқи худро ба бор овардааст. Онҳо дониставу надониста барои мардум ва кишвари дигар рафтаанду ҷангидаанд.
Ногуфта намонад, ки мувофиқи омори ғайрирасмӣ дар ин ҷанг ҳудуди 17 ҳазор ҷавонони ҷумҳуриҳои шӯравӣ ҳалок гаштаанд, ҳазорҳо нафар маъюб шуда баргаштаанд, ҳазорҳо нафар баъди баргашт ба ватан ба бемориҳои равонӣ дучор гардидаву фавтидаанд.
Дар ин филм он ҳаёти як нафар ҷавон ба риштаи тасвир кашида шудааст, ки баъди ширкат дар ҷанги Афғонистон ӯ аз ҳар нигоҳ куллан тағйир меёбад. Дар филм иштироки вай дар ҳарбу зарби сахт инъикос наёфтааст. Вай баъзан ба сифати тарҷумон пайдо мешавад ва баъзан дар як мошини УАЗ-и кӯҳна бо чанд нафар аз ҷойе ба ҷойе мунтақил меёбад.
Дар яке аз муқовиматҳои ногаҳонӣ бо муҷоҳидон ба дасти онҳо асир меафтад.
Баъд нафаре аз мардуми маҳаллӣ пайдо мешавад, ки бо кумаки ӯ ва амри тақдир ба яке аз мамлакатҳо интиқол меёбад. Ҳатто ба духтари ҳамон сарватманди афғонистонӣ, ки ҳамеша ба таври ногаҳонӣ пайдо мешавад, издивоҷ мекунад. Рӯзи тӯйи наварӯсонро ин сарватманд худаш муқаррар менамояд ва ҷавонписарро маҷбуран бо духтараш издивоҷ мекунонад.
Вақте ки дар рӯзи тӯй ҳама шодиву хурсандӣ мекунанд, нафаре мехоҳад ин домоди ҷавону барои онҳо бегонаро ба ҳалокат расонад ва ба дасташ соғари май дароз мекунад, ки заҳр омехта шудааст. Аммо маълум нест, ки ин қасоскор кӣ ҳаст. Ин лаҳза арӯс дар назди домод пайдо мешавад ва соғари дасти вайро ҳадаҳа кашида мегирад ва менӯшад. Баъди лаҳзае аз таъсири заҳр кафки даҳони арӯс ба чаҳор тараф пош мехӯрад ва ӯ ҷон месупорад. Аммо домод бо амри тасодуф зинда мемонад.
Вай дарк мекунад, ки ҳар куҷо ҳозир аст, он ҷо ҳалокате ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Барои ҳамин мехоҳад аз назди он тӯдаи одамони барояш бегона ба ҷойе раваду паноҳ ёбад.
Баъд ӯро дар Лондон мебинем...
— Ин фильм боз як комёбии эҷодии коргардон Ёлқин Тӯйчиев аст. Мо ҳама фарзандони як сарзаминем ва суроғаи мо низ якест, аммо одамони ҳар минтақа гуногунанд. Ин баёнгари тамоми нуқоти филми “Эволютсия” аст, – гуфт номзади илмҳои санъатшиносӣ Сабоҳат Ҳайитматова.
Аммо ба гуфтаи рӯзноманигор Гулчеҳра Умарова “ба як нигоҳ ба ин филм баҳо додан хеле мушкил аст, бояд дубора онро тамошо кард”.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.