БОЗ ЯК ИМКОНИЯТ БАРОИ ҶАВОНОН

Дар Ӯзбекистон дар се-чаҳор соли охир баҳри имконияти фаровон фароҳам овардан ба тадбиркорон ва омӯхтани касбу ҳунар, бахусус, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ривоҷ додани он як қатор қарору фармонҳои дахлдор ба имзо расиданд.

Дар Ӯзбекистон дар се-чаҳор соли охир баҳри имконияти фаровон фароҳам овардан ба тадбиркорон ва омӯхтани касбу ҳунар, бахусус, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ривоҷ додани он як қатор қарору фармонҳои дахлдор ба имзо расиданд. Бешубҳа, ин ғамхориҳои ҳукумати кишвар маҳз барои наврасон ва касбу ҳунар омӯхтани онҳо нигаронида шудааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки 23 марти соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи босуръат ривоҷ додан ва дастгирӣ намудани соҳаи кулолгарӣ» қабул гардид. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд барои ҳунаромӯзии ҷавонон тартиби субсид ҷудо намудан ҷорӣ гардид.
Тартиб ва тарзи ривоҷи ин соҳа бино ба ин қарор чӣ гуна ба роҳ монда мешавад? 
Бо мақсади дар солҳои 2021-2023 афзун гардонидани коркарди маҳсулоти кулолгарӣ нақша ва нишондодҳои истиқболӣ тасдиқ мегардад. Барои ҳамин ҳам дар соли ҷорӣ коркарди 5400 дона маҳсулот дар назар дошта шудааст. 
Дар ҳуҷҷати мазкур омадааст, ки барои ташкил намудани марказҳои нави кулолгарӣ миқдори  андозҳои молу мулк ва андози замин нисбатан аз оғози моҳ то муддати 3 сол ба миқдори 50 фоиз муайян мегардад. Инчунин, дар доираи ривоҷ додани дастури тадбиркории оилавӣ ва ҳунармандӣ дар Бонки марказӣ ба миқдори 500 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
Як ҷиҳати муҳими ин қарор аз он иборат аст, ки аз 1 апрели соли 2021 дар асоси анъанаҳои устоду шогирд ба кулолгароне, ки ба ҷавонон ҳунар меомӯзанд, бо мақсади омода намудани шогирдон, харидорӣ намудани ашёи хоми зарурӣ ва шогирдонро бо музди кор таъмин намудан тартиби ҷудо намудани субсид ҷорӣ мегардад. Яъне бо тарзи гирифтани ёрии моддӣ ва ё ёрии пулӣ ба шогирдон ва онҳое, ки хоҳиши идома додани анъанаи устоду шогирдро доранд, ин боз як имконияти муфид аст. 
Боз як ҷиҳати назарраси ин қарор дар он аст, ки минбаъд ҳар сол ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» дохилшудагони 100 оилаи хонадоршаванда (занону духтарон) дар асоси нақша маҳсулоти кулолгариро ҳадя намудан ба роҳ монда мешавад.
Бар замми ин дар фурудгоҳҳои байналхалқӣ, ҳудудҳои «Duty free» ва инчунин истгоҳҳои роҳи оҳан барои савдои маҳсулоти кулолгарӣ ва навъҳои дигари ҳунармандӣ ҷойҳои махсус ҷудо мегарданд, ки ин бешубҳа баҳри ривоҷ додани соҳаи кулолгарӣ ва ҳунармандӣ нигаронида шудааст. 
Вазорат, идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва инчунин корхонаҳои давлатӣ метавонанд то 1 сентябри соли 2022 бо кулолгарон бо воситаи шартнома бастан маҳсулоти кулолгариро харидорӣ намоянд. 
Ҳамин тавр, дар кишвари мо баҳри ривоҷ додани ҳунармандӣ ва махсусан соҳаи кулолгарӣ ба  соҳибкорон як қатор имкониятҳои фаровон фароҳам омад. Боварии комил дорем, ки шавқмандон ва ҳунармандони ин соҳа аз ин имкониятҳои бадастомада фаровон истифода менамоянд. Бо ин васила анъанаи устоду шогирдро идома бахшида, аз ҳама муҳимаш баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва омӯзиши касбу ҳунар зинаҳои нав ба навро тай  хоҳанд кард. 

Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: