Дар мактаби рақами 25-уми деҳаи Оқтепаи маҳаллаи «Авазсой» низ майдони футболи болопӯш ба истифода супурда шуд.
Дар кишвари мо барои рушду нумӯи варзиш ҳама гуна имкониятҳо муҳайё мебошанд. Мақсад – тарбияи насли солиму рӯҳан қавӣ. Аз ин раванди хурсандиовар деҳоти дурдасти кишвар низ бархурдоранд. Чанде пеш хабар дода будем, ки назди мактаби шумораи 21-уми деҳаи Соб ва мактаби шумораи 10-уми маҳаллаи «Авазсой»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ду майдони болопӯши футбол ба баҳрабардорӣ супурдааст.
Инак, дар назди мактаби рақами 25-уми деҳаи Оқтепаи маҳаллаи «Авазсой» низ майдони футболи болопӯш ба истифода супурда шуд. Дар ифтитоҳи майдони футбол ҷонишини ҳокими ноҳия Шӯҳрат Вафоев, аҳли деҳа ва меҳмонон аз деҳоти ҳамсоя иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Ш. Вафоев, мӯйсафеди нуронӣ М. Ҳайдаров, толибилм Б. Бозоров ва дигарон ҳозиринро бо навиди хуш муборакбод намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат изҳор намуданд.
Барои рушду равнақи тарбияи ҷисмонӣ ва рӯҳбаландии ҷавонони деҳа боз як имконият муҳайё гардид.
Майдони футбол бо маблағи «Буҷети шаффоф» бунёд гардидааст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.