БОЗ ЯК ИМКОНИЯТ БАРОИ СОҲИБКОРОНИ ӮЗБЕК ВА ТОҶИК

Халқҳои ӯзбек ва тоҷик бо риштаҳои бисёрасринаи дӯстиву некҳамсоягӣ пайванди ногусастанӣ доранд.

Халқҳои ӯзбек ва тоҷик бо риштаҳои бисёрасринаи дӯстиву некҳамсоягӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Маданият, тарзи ҳаёт, урфу одатҳои ин мардум хеле монанданд. Ягонагии мақсад ва саъю кӯшишҳо барои пос доштани ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек омили муҳим ба шумор мераванд.
Ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар роҳи рушди иртиботи соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ қадамҳои ҷасурона мениҳанд. Дар ин маврид бояд нақши сафарҳои давлатии президентҳои ин кишварҳоро зикр кард. Аз ин нуқтаи назар сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 9-10 марти соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, нафақат дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, балки баҳри пойдории сулҳ, ҳамдилӣ ва иқтисодиёти муътадил дар Осиёи Марказӣ қадами муҳим гардид.
Дар доираи ин сафари давлатӣ 27 ҳуҷҷат бинобар соҳаҳои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва ғайра ба имзо расиданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин ҷараён фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ки соли 2002-юм таъсис ёфтааст, муҳим мебошад. Ҳамчунин мувофиқи шартнома дар бораи ҳамкорӣ, ки дар байни Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ва Палатаи савдову саноати Тоҷикистон ба имзо расидааст, дар байни доираҳои корчаллони ду ҷумҳурӣ робитаҳои самарабахш ба роҳ монда шудаанд.
Бинобар маълумоти хидмати матбуоти Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон 11 октябри соли 2017 дар Тошканд Шӯрои соҳибкорони палатаҳои савдову саноати ду мамлакат таъсис ёфт. Алҳол шӯрои мазкур барои мулоқоти мунтазами байни намояндагони доираҳои корчаллон шароит фароҳам меоварад ва ба фаъолтар гардидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва барои онҳо мувофиқи ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев фароҳам овардани имкониятҳои васеъ самти бартариноки сиёсати кишвари мо ба шумор меравад. Дар ин ҷараён ба мустаҳкам кардани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо доираҳои корчаллони кишварҳои дуру ҳамҷавор эътибори махсус дода мешавад.
Сафари давлатии пешбинишудаи сарвари давлат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли равон барои боз як иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои байни палатаҳои савдову саноати ду кишвар дар сатҳи талаботи имрӯз хидмат хоҳад кард.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,
хабарнигори ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: