Боз як медали тиллоии олимпиада

Вазнбардор Акбар Ҷӯраев дар ду самт рекорди олимпиро гузошт

Ҳайати Ӯзбекистон дар Олимпиадаи Токио боз як медали тиллоиро ба даст овард, ки он дар намуди вазнбардорӣ дар тоифаи 109 кг. аз ҷониби Акбар Ҷӯраев ба даст оварда шуд. 
Ӯ дар навбати аввали вазнбардорӣ 193 ва дар навбати дуюм 237 килограмм – дар маҷмӯъ 430 килограммро бардошта, ба номи чемпиони олимпӣ мушарраф гардид.
Рақиби асосии ӯ Симон Мартиросяни арманистонӣ буд, ки дар дасти аввал 195 килограммро бардошта, натиҷаи аввалро нишон дод. Дар дасти дуюм Ҷӯраев аввал 227 кило вазнро бардошта, рақиби ӯ аз вай як кило бештар натиҷа нишон дод. Пас аз он Ҷӯраев вазни 234 килоро дархост карда, дар кӯшиши аввал комрон нагардид. Дар кӯшиши сеюм ӯ 237 килоро дархост кард ва ин вазнро бардошта тавонист. Мартиросян бошад, дар кӯшишҳои дуюм ва сеюм санги 238 килоро натавонист бардорад ва бо натиҷаи 423 кило бо ҷойи дуюм иктифо намуд. Ҷойи фахрии  сеюм (410 кило) ба Артурс Плесникси латвиягӣ насиб кард.
Шоистаи эътибор аст, ки Ҷӯраев дар дасти дуюм (237 кило) ва дар натиҷаи умумӣ рекорди олимпиадаро гузошт.
Ин медали сеюми намояндагони Ӯзбекистон дар Олимпиадаи Токио буд. То ҳанӯз Улуғбек Рашидов дар мусобиқаи таэквондо ба медали тилло ва дар дзюдо Давлат Бобонов ба медали биринҷӣ муваффақ гардида буданд. Ҳоло Ӯзбекистон дар таснифи умумии мамлакатҳо бо Юнон ҷойҳои 27-28-ро баҳам мебинад.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: