БОЗ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

Дар маҳаллаи Қалъаи поёни ноҳияи Чусти вилояти Намангон муассисаи таълими томактабии рақами 46 ба истифода супурда шуд.

Дар маҳаллаи Қалъаи поёни ноҳияи Чусти вилояти Намангон муассисаи таълими томактабии рақами 46 ба истифода супурда шуд. 
Муассисаи томактабӣ дар асоси Барномаи давлатии “Маҳаллаи обод” бо маблағи беш аз 3 миллиарду 490 миллион сӯм аз ҷониби корхонаи хусусии “Олтин водий” дар муддати 156 рӯз сохта, ба истифода супурда шуд.
Ба маскани замонавӣ 120 нафар кӯдакони 3-7-сола ҷойгир шуданд. Дар маросими ифтитоҳии он собиқадорони меҳнат, куҳансолон, фаъолони маҳалла ва падару модарон иштирок намуданд. 
– Дар ҷойи боғчаи куҳна сохта ба истифода супурдани боғчаи кӯдакон аҳли деҳаро хурсанд намуд, ба маҳаллаамон шукӯҳи тоза бахшид, – мегӯяд яке аз тарбиячиёни боғча Барно Шарофова. – Бачагиям дар ин ҷо гузашт, 30 сол аст, ки дар ин даргоҳ кор мекунам. Ин бино соли 1956 сохта шудааст, бо сабаби набудани шароит ба бисёр мушкилиҳо пеш омадем. Дар натиҷаи ғамхории роҳбари давлат чунин муассисаҳои замонавӣ қад рост мекунанд. Ҳар як хона бо бозичаҳои гуногун, мебел, рахти хоб ва дигар ҷиҳозҳои зарурӣ таъминанд. Майдончаи спорт, толори мусиқӣ, ошхона ҷойи дӯстдоштаи кӯдакон мебошад. 
– Чунин қулайиҳо водор месозад, ки бомасъулият, бо як рӯҳбаландӣ меҳнат кунем. Чунин ташкилоти таълими томактабӣ ба маҳаллаи мо ниҳоят зарур буд. Ба ҳукумат, ба бинокорон, ки дар муддати кӯтоҳ биноро сохта ба истифода супурданд, раҳмат. Умед дорем, ки кӯдаконамон дар ин муассисаи замонавӣ тарбия ёфта, созандаи ояндаи дурахшони Ватан мегарданд, – мегӯяд яке аз фаъолони маҳалла Салимҷон Тӯхтаев.
Назар ба маълумотҳо, имрӯз дар ноҳия 21 ҳазору 961 нафар кӯдакони 3-7 сола мавҷуд буда, 17 ҳазору 609 нафари онҳо ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шудаанд. Дар тӯли панҷ соли охир 63 муассисаи таълими томактабии давлатӣ, 2 нодавлатӣ, 1 хусусӣ ташкил карда шуд. 
Сохта шудани боғчаҳои нав, таъмиру таҷдиди биноҳои куҳнаи он давра ба давра идома меёбад. 

Шоҳида ДАМИНОВА, 
хабарнигори “Овози тоҷик”. 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: