15 ноябри соли 2024 қонуни нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (Омбудсман)» қабул гардид.
Ин қонун бо мақсади боз ҳам самаранок ва шаффоф гардондан, мустаҳкам намудани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, беҳтар гардондани муносибатҳо байни давлат ва ҷамъият ба майдон омад.
Мақсади асосии қонун – такмил додани асосҳои ҳуқуқии институти Омбудсман, таъминсозии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва пурзӯр намудани нақши он байни давлат ва ҷамъият аст. Қонуни нав баробари васеътар намудани доираи фаъолияти Омбудсман ба он ваколат ва маҷбуриятҳои нав медиҳад. Ин бо мустаҳкамшавии фаъолияти Омбудсман оиди ҳуқуқҳои инсон, ба таъминшавии ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Пеш аз он ки дар бораи тағйирот ва иловаҳои қонун дахолат кунем, дар бораи аҳамияти институти Омбудсман дар ҳаёти инсон ва ҷамъият таваққуф менамоем. Институти Омбудсмани Ҷумҳурии Ӯзбекистон, яъне фаъолияти намоянда оиди ҳуқуқҳои инсон бобати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва таъмини шаффофӣ аз тарафи давлат аҳамияти муҳим дорад. Ин институт баҳри беҳбудии адолати иҷтимоӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, мониторинги фаъолияти органҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, инчунин мустаҳкам намудани боварии онҳо ба давлат хидмат мекунад.
1. Вазифаи ососии Омбудсман ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аст. Он қарорҳо ва фаъолияти мақомоти давлатиро вобаста ба халалдоршавии ҳуқуқҳои инсон месанҷад. Агар органҳои давлатӣ бар хилофи ҳуқуқҳои инсон рафтор кунанд, Омбудсман ба кор дахолат карда, шикоятҳоро дида мебарояд ва қабул кардани қарори дурустро талаб мекунад. Дар натиҷа Омбудсман бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои одамон ҳамчун назоратчии асосӣ ва органи ёрирасон хидмат мекунад.
2. Омбудсман барои қавитар гардидани боварии байни ҳамдигарии ҷамоату давлат кумак мерасонад. Боварии аъзоёни ҷамъиятро бобати аз ҷониби органҳои давлатӣ ва ҳокимият мувофиқи талабҳои қонун дар асоси баробарию адолатнокӣ қабул карда шудани қарорҳо зиёд мекунад. Баробари ин Омбудсман ба мустаҳкам шудани боварии байни одамон ва идораҳои давлатӣ таъсир мерасонад.
3. Бобати назорат кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳамияти ҷудогона дорад. Яъне аз вазифаҳои муҳимтарини Омбудсман назорат кардани фаъолияти органҳои давлатӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аст. Агар ба мадади Омбудсман эҳтиёҷ пайдо шавад, ба онҳо бо роҳи омӯхтан, таҳлил намудан, тавсияю хулосаҳо кумак расонда мешавад. Ҳамин тариқа Омбудсман мақомоти давлатиро водор месозад, ки қарорҳои дуруст қабул кунанд.
4. Дида баромадани шикоятҳо ва расондани ёрии ҳуқуқӣ.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини Омбудсман дида баромадани шикояти шаҳрвандон ва ба онҳо расондани ёрии ҳуқуқӣ аст.
Омбудсман инчунин бо роҳи таълим ва маслиҳати ҳуқуқӣ, фаҳмондани улумҳои татбиқкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионӣ савияи ҳуқуқии одамонро боло мебардорад. Ин аз ҷумлаи фаъолияти Омбудсман бобати беҳтарсозии муносибати байниҳамдигарии одамону мақомоти давлатӣ мебошад.
5. Беҳтарсозии қонунгузорӣ. Омбудсман метавонад ба мувофиқии қонунгузории миллӣ бо ҳуқуқҳои инсон баҳо диҳад ва бобати дохил намудани дигаргуниҳои зарурӣ ба онҳо таъсир расонад. Он такмил додани қонунҳо ва омода сохтани қонунҳои навро талаб карда метавонад. Ба шарте ки онҳо бо ҳуқуқҳои инсон, ё мизони одамон мувофиқат накунанд. Ин баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои инсон нақши муҳим бозидани Омбудсманро тасдиқ менамояд.
6. Ҳамкорӣ бо ҷамоат. Омбудсман бо ҷамоат, созмонҳои миллию байналхалқӣ ҳамкорӣ карда, баҳри ҳалли масъалаҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон талаботи зиёд мегузаронад. Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки аз навтарин талабҳо оиди ҳуқуқҳои инсон, таҷрибаи пешқадамтарини ҷаҳонии Омбудсман оиди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон истифода бурда шавад. Институти Омбудсмани Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, назорат кардани фаъолияти идораҳои давлатӣ, расондани кумаки ҳуқуқӣ ва кор бо ҷамоат аҳамияти муҳим дорад. Ин институт баҳри пойдории самаранокӣ ва боваринокии алоқаҳои давлату ҷамоат, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва мустаҳкам намудани адолат нақши муҳим мебозад. Фаъолияти Омбудсман дар Ӯзбекистон қадами муҳим сӯи рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон аст. Дар қонуни нав вазифаҳои Омбудсман амиқу равшан ифода ёфтааст. Дигаргунӣ ва навигариҳои қонун чунинанд:
1. Дар ҳифзи ҳуқуқҳои инсон механизмҳои нав ҷорӣ гардидааст: бинобар қонун ба Омбудсман ваколатҳои ҳуқуқии санҷидани фаъолияти идораҳои давлатӣ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва аз байн бурдани халалдоркунии ҳуқуқҳои инсон дода шудааст.
Ин ваколатҳо ба Омбудсман имкон медиҳад, ки шикояту муроҷиатҳои аз шаҳрвандон расидаро саривақт санҷад. Инчунин бинобар мақоми ҳуқуқии Омбудсман иҷрои қарору тавсияҳои он аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳатмист. Ҳангоми санҷиши халалдоршавии ҳуқуқҳои озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мамнӯъ будани ошкоркунии маълумот, шахсияти муроҷиаткунанда ва шахсони дигар бе розигии онҳо чун меъёри нав шомил гаштааст. Бинобар моддаи 26-уми Қонун Омбудсман метавонад бо назардошти манфиатҳои шаҳрвандон бо ариза ва даъватҳо ба судҳо муроҷиат кунад.
2. Тартиби нави дида баромадани шикоятҳо ҷорӣ гардид.
Дар механизмҳо оиди шикояту муроҷиатҳо муносибатҳои нави байниҳамдигарӣ ҷорӣ шуд. Ин имкон медиҳад, ки Омбудсман фаъолияти худро бо шикоятҳо таъҷилӣ ва самаранок ба роҳ монад. Бобати бо қуттии муроҷиатҳо ба Омбудсман муроҷиат кардани аз озодӣ маҳрумшудагон меъёр ворид гардид. Бинобар он дар ҳар як сектори ҷои зисти муассисаҳои иҷрои ҷазо минтақаҳои саноатӣ, дар биноҳое, ки барои вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат пешбинӣ шудааст, дар ҷойҳои барои маҳбусон қулай қуттиҳои муроҷиат ба Омбудсман гузошта мешавад. Ин қуттӣ ҳар моҳ камаш як бор аз ҷониби кормандони Омбудсман ва ё Девони он кушода мешавад, инчунин барои ба муассисаҳои иҷрои ҷазо барои қабул карда гирифтани муроҷиатҳо бемонеа даромадани онҳо қонуни нав кафолат медиҳад.
3. Мустақилии Омбудсман таъмин гардид. Қонун мустақилии Омбудсманро боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Ба фаъолияти он ба дахолати идораҳои давлатӣ, ё ки шахсони амалдор роҳ дода намешавад.
Ин дар навбати худ имконият медиҳад, ки Омбудсман фаъолияти худро оиди ҳуқуқҳои инсон мустақилона роҳандозӣ кунад. Дар моддаи 28-уми Қонун намудҳои чораҳои таъсиррасонии Омбудсман акси худро ёфтааст: огоҳонидан, тақдимнома, илтимоснома ва талабнома аз ҷумлаи ин чорабиниҳост.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои вакили минтақавии Омбудсман ин ҷо амиқ ва равшан муайян гардидааст. Бо мақсади кумакрасонӣ ба фаъолияти Омбудсман бобати пешгирӣ кардани таҳқиркунии инсон аз қабили муомилаи бераҳмона, ҷазои бешафқатона, маҳдудсозии қадру қимати инсон ва ғайра мувофиқи меъёри нав (Омбудсман) метавонад гурӯҳҳои ҷамоатӣ ташкил кунад.
4. Ҳамкорӣ бо идораҳои давлатӣ оиди ҳуқуқҳои инсон боз ҳам мустаҳкамтар шудааст. Қонуни нав мустаҳкамтар шудани алоқаҳои Омбудсманро бо идораҳои давлатӣ дастгирӣ мекунад.
Мақсад он аст, ки Омбудсман баробари такмил додани механизмҳои маълумотивазкунӣ, муносибатҳои байниҳамдигарӣ бояд ба органҳои дигар дасти ёрӣ дароз кунад.
5. Кор бо ҷамоат вусъат меёбад. Фаъолияти Омбудсман бо ҷамоат ва мақоми тарғиботии вай оиди ҳуқуқҳои инсон хеле рушд ёфт, яъне Омбудсман ба афзун гардондани саводнокӣ ва маданияти ҳуқуқии аъзоёни ҷамъият беш аз пеш эътибор медиҳад. Омбудсман якҷоя бо институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ тадбир, машварат, гуфтушунидҳо гузаронида, инчунин бо онҳо шартномаҳо таҳия карда метавонад.
Қабул гардидани Қонуни нав бобати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Ӯзбекистон ба марҳилаи нав ибтидо мебахшад. Вазифаю ваколатҳои Омбудсман васеътар гардида, дар ҷамъият самаранокии механизмҳои кумакрасонӣ оиди ҳифзи ҳуқуқҳои инсон меафзояд. Ин дигаргуниҳо натиҷаи назари устуворона ва эътибори қавӣ ба таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Ӯзбекистон аст.
Абера Ҳусейнова,
доктори илмҳои фалсафа, профессор, вакили минтақавии Омбудсман дар вилояти Бухоро.