Аз қадим Самарқанди бостонӣ ҷойи муқаддаси азизу авлиё мебошад.
Масалан, дар ноҳияи Ургут зиёда аз даҳ зиёратгоҳи таърихӣ, масҷиду мадраса, иншоот мавҷуданд, ки ҳар сол ҳазорҳо нафар сайёҳон онҳоро зиёрат мекунанд.
Дар маҳаллаи Камонгарон низ мадраса, музей, китобхона, масҷиди шайх Хоҷа Аҳрори Валӣ мавҷуд аст, ки байни солҳои зиёд 1404-1490 дар ин ҷо ҳавлӣ, боғ, китобхона, ҳуҷра сохта, зиндагӣ ба сар бурда ва 21 феврали соли 1490 дар ҳамин ҷо вафот кардааст.
Маҳаллаи Камонгарон яке аз маҳаллаҳои қадимтарини ноҳия буда, дар он ҷо зиёда аз ёздаҳ ҳазор аҳолии тоҷикзабон зиндагӣ мекунанд.
Яке аз сокинони маҳаллаи мазкур бобои Адаш аз ҷавонӣ серғайрату корчаллон, ташкилотчии моҳир буд, чанд сол дар идораҳои давлатӣ кор кард, раиси кумитаи маҳалларо ба ӯҳда гирифт. Дар кадом ташкилоту идора кор карда бошад, он ҷо ободу осоишта буд, гарчи вай ходими савдо бошад ҳам, бисёртар ба таърихи манзилу макон, азизу авлиё, ба ободонии масҷиду қабристонҳо эътибор медод. Бобои Адаш бо холаи Мавлуда якчанд фарзандро ба воя расониданд.
Дар арафаи саршавии моҳи Рамазони шариф буд. Баъди таому намози хуфтан, зану шавҳар ба танҳогӣ суҳбат карданд.
Бобои Адаш ба холаи Мавлуда рӯ оварда гуфт: — Ҷони ширин, дида истодаед, ҳамаи фарзандону набераҳо ҷо ба ҷо шудаанд, мардум барои зиёрати хонаи Каъба ба идораи маҳалла ҳуҷҷат супурда истодаанд, биёед ҳар дуямон ҳам ба навбат номнавис мекунем.
Холаи Мавлуда оҳиста бо гӯшаи чашм ба рӯи шавҳараш бо меҳрубонӣ назар карду гуфт: — Ба ҷонам. Охир ҳамин манзилу маконамон қадамҷои азизу авлиёст. Қабристони қадимаро, ки чанд сол боз атрофи он ҷангалзору пур аз хасу хошок аст, вайрона шуда бошаду мо нияти ҳаҷравӣ кунем.
Пас аз токча як бӯғчаеро бардошта ба назди шавҳараш монду суханашро давом дод: — Чанд сол боз пулҳои нафақаам, пулҳои шумо ва фарзандонам додаро ҷамъ карда монда будам, ки ба рӯзҳои нек кор мефармоем, шумо ин пулро гирифта қабристонро обод кунед, ҳаҷи мо ҳамин аст.
Бобои Адаш ба суханҳои неки холаи Мавлуда бо диққат гӯш кард, сипас ба чашми ҳамдигар нигаристанд, аз чашмони ҳарду ашки шодӣ мерехт. Аз мазмуни маслиҳатҳои завҷааш завқ кард ӯ.
Бобои Адаш ба фикру мулоҳизаҳои завҷааш офарин хонда гуфт: — Ҷони ширин, дар ёд доред, соли 1999 бо ташаббуси падари бузургвор Бобоёрҳоҷӣ Юсуфов (ҷояшон ҷаннат шавад!) бахшида ба 595-солагии Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ болои қабрашонро гунбаз карда, зиёратгоҳ ташкил карда буданд, ҳоло дар ин қабристони хароба боз як санги шахси бузургвор Шайх Абӯсаиди обрез мавҷуд аст, ки ба фикри касе наомадааст.
Ӯ корро аз ҳамин ҷо сар мекунам гуфта, пагоҳи ҳамон рӯз фарзандону хешу табор, бародарҳояшро ҷамъ карда, бо онҳо маслиҳат кард. Ин фикр ба ҳама маъқул омад. Ҳамон рӯз гурӯҳ шуда, ба кофтани ҷӯйи об сар карданд, тешаю табар, белу каланд ба даст гирифта канори ҷойҳои пасту баланд, буттаҳои бегона, хушки дарахтонро тоза карданд.
Инро дидаву шунида хурду калон барои кори хайр ҳашар ташкил карданд. Кор ҷӯш мезад, рӯзона 50-60 кас кор мекарданд.
Ҳавлии Бобои Адаш тӯйхона шуд, рӯзона як деги калон ош мепухтанд. 500 метр ҷойро аз нав кофта бетон карданд, пайроҳаи борикро васеъ карда, шағал рехта, мошинроҳ карданд, болои ҳамин ду санги мармарро қуба карда пӯшонданд. Оянда он ҷойи зиёратгоҳ мешавад. Ҳоло ҳашар дар ин ҷо дар авҷ аст.
Ин кори хайру савоби бобои Адаш Юсуфов ва холаи Мавлуда Эргашева туҳфае ба пешвози 27-солагии истиқлоламон мебошад.
Кош ин гуна ҳимматбаландон бисёр шуда дуогӯи халқу Ватан бошанд.
Мурод ҚУРБОНЗОДА,
маҳаллаи Камонгарони
ноҳияи Ургути
вилояти Самарқанд.