БОЗДИД АЗ МАКТАБҲОИ КӮҲИСТОН

Оғози ҳафта шоир, сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳ Исмоилзода бо ҳамроҳии раиси Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Тоштемир Шукуров, намояндаи «Дурдонаи Шарқ» дар вилояти Сурхондарё Маҳкам Ҷаъфарзод ба мактаби таълими умумии рақами 15, ки воқеъ дар деҳаи Нилуи ноҳияи Сариосиёст, меҳмон гардиданд.

Дар вохӯрӣ омӯзгорон, шогирдони таълимгоҳ дар атрофи илму маърифат, адабиёт, китобдӯстию ҳунаромӯзӣ ва ғайра суҳбат оростанд. Дар анҷом шоир А. Исмоилзода оиди шеъру шеърият сухан ронд ва ба шогирдону китобхонаи мактаб китобҳои бадеӣ тақдим намуд.
Дидорбинии навбатии бошукӯҳи дигаре дар мактаби рақами 76 баргузор гардид, ки дар он ҷо шогирдон ва устодони мактабҳои рақами 40, 75 ва 85 низ иштирок намуданд. Даставвал маҳфилро тарғиботгар оид ба масъалаҳои эҷодӣ ва маданӣ, шахси фарҳангдӯст Раҳматулло Соҳибов ифтитоҳ намуда, оид ба кору пайкори меҳмон А. Шукурзода муфассал гуфта гузашт. Шогирдони ин макотиби тоҷикӣ аз қабили Х. Абдукаримов, Н. Қосимов, Г. Ҷумъаева, Н. Иноятуллоева, Ф. Қосимова, М. Ғаюрова аз ашъори Саъдию Ҳофиз, Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомию Бедил, Муҳаммадюсуфи Маъюсӣ, Домулло Сӯфии Ҳисорӣ, Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Асадуллоҳ Шукуров, Хусрав Саъдуллоҳ ва дигарон қироат намуданд.
Дар навбати худ Асадуллоҳ Шукурзода низ ба шогирдону устодон оиди баргузор гардидани чунин маҳфили хотирмон изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба шогирдони пешқадам ва китобхонаи мактабҳои рақами 40, 75, 76 ва 85 як даста китобҳои бадеӣ тақдим намуд.
Дар хотимаи ин тадбири фарҳангӣ директори мактаби рақами 76 Тошпӯлод Салоҳов меҳмононро хайра мақдам гуфта, барои қадам ранҷа намуданашон ба ин деҳа изҳори ташаккур намуд. 

Солеҳи МУҲАММАДҶОН,
ноҳияи САРИОСИЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: