БОЗДИД АЗ ШАҲРИ КУҲАН ВА ҲАМЕШАҶАВОН

Аз қадимулайём Самарқанд яке аз марказҳои асосӣ ва муҳимтарини тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Самарқанд сайқали рӯйи замин аст,
Ҳавояш фораму хокаш маҳин аст.
Агар хоҳӣ бубинӣ ту биҳиште,
Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.
Ғазал гарчӣ арӯси шеър, аммо,
Самарқанд аз ғазал ҳам нозанин аст...
Аз қадимулайём Самарқанд яке аз марказҳои асосӣ ва муҳимтарини тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аксар воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, таърихӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии форс-тоҷик бо ин шаҳри тоҷикнишин алоқаи ногусастанӣ дорад. Барои дидани ин шаҳри бостонӣ сафи хориҷиён сол аз сол зиёд мегардад.
Бо ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон ва ҳамкории ҳокимияти вилояти Самарқанд сафари матбуотии навбатӣ ба шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавони Самарқанд буд.
Субҳи содиқ мо – як гурӯҳ журналистон, ходимони ВАО, блогерҳо аз Тошканд роҳи Самарқандро пеш гирифтем. Ҳамон рӯз ҳаво абрнок ва сим-сим борон меборид. Вале баробари по ба остонаи шаҳр гузоштан абрҳо пароканда шуда, офтоби оламафрӯз нурпошӣ намуд, гӯё хуршед низ моро дар хоки аҷдоди донишманду маърифатпарвар хайрамақдам мегуфт. 
Кӯчаҳои равону васеъ, хиёбону гулгаштҳо, биноҳои замонавии серошёна ба ҳусни шаҳр афзудаанд. Барномаи давлатии “Макони сабз” дар ин шаҳри зебо дар амал буд.
Боздид аз “Хонаи дӯстӣ” 
Моро дар назди бинои “Хонаи дӯстӣ” роҳбарият ва намояндагони марказҳои милливу мадании шаҳри Самарқанд, шоиру нависандагон, журналистони собиқадор, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд пешвоз гирифтанд. “Хонаи дӯстӣ”-и шинаму бошукӯҳ аз толору хонаҳои васеъ иборат буда, барои ҳар як маркази милливу фарҳангии халқҳои сокини шаҳри Самарқанд хонаҳои алоҳидаи бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ҷудо карда шудаанд. Бо раисон ва намояндагони марказҳои милливу мадании тоҷик, рус, озарбойҷон, немис, тотор, араб, турк, корейс дар алоҳидагӣ суҳбат намудем. Хона-музейи “Онҳо фаромӯш намешаванд”, ки бинанда аз ҳар як экспонати он ҷасорат, мардонагӣ, ҷонбозиҳои миллатҳои мухталифи Ӯзбекистонро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҳсос менамояд, ба мо таассуроти калон гузошт. 
– Дар “Хонаи дӯстӣ” барои баргузории ҷашнвораву маросимҳои миллатҳо, намоиши либос, хӯрокворӣ, ҳунармандии миллӣ шароит муҳайё карда шудааст. Албатта, ҳамаи ин таҳти ғамхории роҳбари давлат амалӣ мегардад, – гуфт ҳангоми суҳбат раиси Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов. 
“Наврӯзи Аҷам” – васлгари халқҳо
Сипас дар “Хонаи дӯстӣ” тақдимоти китоби тозанашри “Наврӯзи Аҷам” баргузор шуд. Дар ин китоб гирдоварандагон Нормурод Каримзода ва Акбар Маҳмудов шеърҳои дар васфи наврӯзу баҳор эҷодшудаи эҷодкоронро бо ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ ҷамъ овардаанд. Китоб дар хонаи табъу нашри “Маҳорат” рӯйи чопро дидааст. Дар тақдимот роҳбари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Т.Тугалов, муҳаррири китоб А.Исмоилзода, Н. Каримзода, С. Нарзуллоева, А. Маҳмудов ва чанд нафар донишҷӯёни ДДС доир ба китоб ҳарф зада, аз шеърҳои он намунаҳо оварданд. Шеърро донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики ДДС Маърифат Муродуллоева, Сафина Сироҷова, Фариштамоҳ Раҳмонқулова, Мавзуна Муҳаммедова ифоданоку таъсирбахш қироат карданд.
– Мо хуб медонем, ки расму оинҳои аҷдоди мо аз қабили Сада, Меҳргон, Наврӯз решаҳои амиқи таърихӣ дошта, дар бораи пайдоиш ва густариши онҳо таърихнигорон Димишқӣ, Муҳаммади Наршахӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Авфии Бухороӣ ва дигарон асарҳои ҷолиби диққат навиштаанд,– гуфт дар баромади худ адабиётшинос А. Қамарзода. – Маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд ба кори хайре даст задааст, ки дар тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла, наврӯзшиносиву наврӯзсароӣ фаъолияти доманфарохро густариш бахшад. Нашри ин маҷмӯи пурмуҳтаво ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ барги сабзест аз чунин такопӯҳои судманд. 
Маълум аст, ки ҳар як макону мавзеъ хӯрокҳои миллии ба худ хос дорад. Баъд аз тановули нон ва оши палави самарқандӣ барои зиёрати майдони Регистон роҳ пеш гирифтем. 
Нигоҳе ба таърихи шаҳр
Аз таърих медонем, ки дар охири асри VI Самарқандро Хоқони турк ва баъдан арабҳо истило карданд. Мардуми шаҳрро лозим омад, ки ба муқобили аҷнабиён муқобилияти сахт нишон диҳанд. Яке аз ин шӯришҳои халқӣ дар таърих бо номи “Исёни Муқаннаъ” машҳур аст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди Кошониён Самарқанд шаҳри обод ва рушдёфта будааст: осори биноҳои бошукӯҳ, устохонаҳои ҳунармандӣ, ҳайкалчаҳои гилин, зарфу порчаҳои сафолин бо навиштаҷоти суғдӣ инкишофи ҳунармандӣ ва мадании шаҳрро дар он замон тасдиқ мекунанд.
Дар замони салтанати сулолаи Сомониён Самарқанд ба шаҳри тараққикарда, ободу зебо ва нашъунамоёфта табдил ёфт. Дар ин давра ҳунармандӣ, косибӣ, обчакорӣ, зироати полизӣ, тиҷорат, хусусан бофандагӣ тараққӣ кард. Дар Самарқанд ҳамчунин коғаз ва шиша истеҳсол мешуд, ки дар кишварҳои дуру наздик шуҳрат доштанд. Инчунин, ҳунармандони Самарқанд рикоб, лаҷом, тасма, деги мис истеҳсол мекарданд. Аз ин лиҳоз ба бозорҳои кишварҳои Шарқу Ғарб савдогарон матоъи симгун, парча, газворҳои сурх, шоҳӣ, хайма, чормағзу мавиз мебурданд. Инкишофи ҳунармандӣ ба рушди илму фарҳанг, адабиёт, забони форсӣ (дарӣ) мусоидат кард. Илмҳои ҳисоб, нуҷум, ҷуғрофия, кимиё, тиб, таъриху фалсафа ва нақди шеър инкишоф ёфтанд. Инчунин, дар Самарқанду Бухоро ҳунари шаҳрсозӣ, меъморӣ ва санъати ороишӣ рушд кард. Кӯшку қаср, корвонсарой, бозор, масҷидҳои ҷомеъ, боғҳо бунёд гардиданд. Кандакории сутуни сақфи биноҳо, гаҷкорӣ, ороиши зарфҳои сафолӣ ва филизӣ бо маҳорат ва ҳунармандона сохта шудаанд. Дар замони ҳукмронии сомониён дар Самарқанд санъати мусиқӣ низ равнақ пайдо кард. Силсилаи оҳангу тарона ва сурудҳое эҷод шуданд, ки минбаъд бо номи “Дувоздаҳмақом”-у “Шашмақом” шуҳрат ёфтанд. Шоиру мутафаккирон ва табибони оламшумул тарбия ёфта, ба воя расиданд. Аввалин шоироне, ки дар Самарқанд ба забони дарӣ шеър гуфтаанд, Абӯҳафси Суғдии Самарқандӣ, Аббос ибни Тархони Самарқандӣ мебошанд. 
Сипаҳсолори шеъри аҷам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз Панҷрӯди Панҷакент омада, дар Самарқанд тарбия дида, ба камол расидааст. 
Аз асри XI қабилаҳои бодиянишин яке аз паси дигаре ба Самарқанд фурӯ рехтанд. Равнақи илму адаб ба дараҷае коста шуд. Бо вуҷуди ин, намояндагони аҳли илму адаб аз қабили Рашидии Самарқандӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Шатранҷии Самарқандӣ, Заҳирии Самарқандӣ ва дигарон анъанаҳои илму фарҳанги адаби Сомониёнро идома дода, аз худ дар соҳаҳои мухталиф мероси пурарзише боқӣ гузоштанд...
Таърихнигор Б. Ғафуров дар асари машҳури “Тоҷикон” оид ба ҷангҳои шадиди мардуми шаҳр, қаҳрамонию ҷонфидоии онҳо сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: “Пас аз афтодани истеҳкомоти қалъаи Самарқанд ҳазорон диловарон ба масҷиди ҷомеъ паноҳ бурда, душманро ба наздик шудан намонданд. Муғулҳо бо роҳе масҷидро оташ заданд. Вале мудофиакунандагон аз ин наҳаросида, дар ҷойи худ нишастанд ва сӯхта мурданро аз таслим шудан ба душман волотар донистанд...”
Дар «Шаҳраки ҷовид”
Баъди тамошои майдони Регистон, мадрасаҳои Шердор, Тиллокорӣ ва Мирзо Улуғбек сафари худро ба мавзеи навбунёд – шаҳраки «Шаҳраки ҷовид» идома додем. Ин шаҳраки навбунёд бо усули меъмории қадимӣ тарҳрезӣ шудааст. Ҳангоми гашту гузор кас худро дар кӯчаҳои тангу тор, бозори серодам, ки аз растаҳои меваву сабзавот, маҳсулоти нонӣ, ҳунармандӣ, газворфурӯшӣ, чойхонаву ошхона, катҳои бо кӯрпаву болиштҳои миллӣ густурдашуда иборат буд, эҳсос менамояд. 
Дар атрофи ин шаҳрак корҳои бунёдкорӣ идома дошт. Дар ҳамин ҷо сафари матбуотии ходимони ВАО аз Самарқанд хотима ёфт. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
                         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: