БОЗДИД АЗ ВОДИИ ЗАРНИСОРИ ФАРҒОНА

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сафари корӣ ба вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон ташриф овард.

Тибқи нақшаи ин сафар аввалин дидору мулоқотҳои ӯ бо ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов ба вуқӯъ пайваст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо доир ба беҳбуди муносибатҳои ду кишвари ҳамҷавор ва роҳҳои тавсеа бахшидани он гуфтугӯ карданд.
– Шаҳри Қӯқанди латиф аз шумори 36 шаҳри олам мебошад, ки мақомҳои «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» ва «Пойтахти гардишгарии шӯрои мамлакатҳои туркизабон»-ро ба худ касб намудааст. Ширкати фаъолонаи як гурӯҳ ҳунармандони тоҷик дар фестивали якуми байналмилалии ҳунармандон нуфузи онро боз афзуд. Қӯқанд барои саёҳон низ шаҳри хеле қобили таваҷҷуҳ буда,  иншооти зиёди таърихӣ ва меъморӣ дорад. Дар баробари ин, шаҳри куҳани Қӯқанди латиф симоҳои бузургу барҷастаи адабу фарҳангро парвардааст, – гуфт Маъруфҷон Усмонов.
Сафири Тоҷикистон барои пазироии гарму ҷӯшон ба ҳоким ибрози ташаккур намуд.
– Вилояти Суғди Тоҷикистон бо чанд ноҳияи минтақаи Қӯқанди вилояти Фарғона марзҳои муштарак доранд. Равобити хешутаборӣ низ миёни бошандагони он таърихи куҳанро касб менамояд. Бо иродаи сиёсии ду абармард –Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекистон рафту омад, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ду кишвар сол аз сол доман фарох мекунанд ва барои манфиатҳои мардум хидмат менамоянд, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Аҳли ҳунар ва тиҷорату соҳибкории Тоҷикистон, хосатан вилояти Суғд, чанд корхонаи муштарак барпо кардааст, ки ба истеҳсоли маҳсулоти мухталиф ихтисос дода шудаанд. 
Дарвоқеъ, бо маблағи яке аз соҳибкорони тоҷик чанд гармхона сохта, дар он истеҳсоли помидору бодиринг ба роҳ монда шудааст. Корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии Ӯзбекистону Тоҷикистон –«RISHTAN PREMIUM VEGETABLES», воқеъ дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони «Навбаҳор»-и ноҳияи Риштон аз шумори аввалин корхонаест, ки бо роҳи муштарак таъсис ёфтааст.
Баъд аз мулоқот сафир аз «Ӯрдаи Худоёрхон» боздид намуд. Онро Арки Алӣ Сайид Муҳаммад Худоёрхон низ меноманд. Ин ёдгории меъморӣ дар нимаи дуюми асри ХХ дар давраи Худоёрхон аз тарафи меъмор ва муҳандис Мир Убайдулло ва устоҳои гулдаст Мулло Суярқул, Солихоҷа ва Фозилхоҷаи Бухороӣ тарҳрезӣ ва сохта шудааст. Дар он аз сафолҳои кулолгарии Риштон моҳирона истифода намудаанд. Қароргоҳи хон дорои зиёда аз сад хонаи хурду калон буда, дар он сокинони Ӯрда зиндагӣ мекардаанд.
Дар даврони хонигарии Қӯқанд 52 мадрасаи хурду бузург мавҷуд буда, аввалинаш «Мадрасаи Хиштин» (1729) ва охиринаш мадрасаи «Суфиён» (1891) унвон доштааст. Инчунин, дар шаҳри Қӯқанд бештар аз 120 мактаби куҳна, зиёда аз даҳ мактаби замонавӣ, се мактаби таълимаш ба забони русӣ фаъолият кардааст, ки ба шогирдон аз фанҳои мухталиф сабақ медодааст. 
Дидору мулоқоти сафири Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Фарғона идома намуд. Вайро ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбати самимӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мустақими вилояти Фарғона ва минтақаҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот доир ба фаъол намудани робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ, густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, пиллапарварӣ, боғдорӣ ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
 Абдуҷаббор Раҳмонзода аз форуми байналмилалии соҳибкорони Фарғона – Бодканд – Суғд, ки соли 2021 баргузор гардида буд, ёдовар шуд ва «Харитаи роҳ»-и ба имзо расидаро барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии вилояти Фарғона ва вилояти Суғд хеле муҳим арзёбӣ кард. 
Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат, содироти нуриҳои минералии истеҳсоли корхонаи «Индорама»-и шаҳри Қӯқанд ба минтақаҳои Тоҷикистон, ташкили сафарҳои ҳунарии мутақобилаи театрҳои вилояти Фарғона ва Тоҷикистон, таъмини иштироки ректорони мактабҳои олии вилоят дар ҳамоиши байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳии зиёратӣ ва тиббӣ ин ҳамкориҳоро боз густариш хоҳанд бахшид.
– Ба вуқӯъ пайвастани санги таҳкурсигузорӣ дар мавзеи назди гузаргоҳи сарҳадии «Андархон»-и ноҳияи Бешариқ, ташкили минтақаи озоди савдо, ки марбути минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» аст, барои тараққӣ додани савдои яклухт ва чаканафурӯшии минтақавӣ ба соҳибкорон имконияти бештар ба вуҷуд хоҳад овард, – изҳор намуд Хайрулло Бозоров.
Соли ҷорӣ миёни вилояти Фарғона ва вилояти Хатлони Тоҷикистон низ дар мавриди роҳандозии ҳамкориҳои байниминтақавӣ тавофуқ ҳосил шудааст.
Вохӯриеро, ки мизбонии  он бар дӯши Донишгоҳи давлатии Фарғона буд, аз зумраи вохӯриҳои ҷолибу самимии ин сафар арзёбӣ кардан мумкин аст.
– Дар донишгоҳи мо таълим ба се забон – ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷавонон дар 44 факулта аз рӯи гранти давлатӣ ва шартнома дар бастҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил мегиранд. Имрӯз мо аз ташрифи шумо хеле хушҳолем. Аз рӯйи касбу кор шумо, низ тарбиятгари ҷавонон ҳастед ва хеле хуб медонед, донишгоҳ масканест, ки бешак, дар тарбияву ба камол расонидани ҷавонон  нақши муассир мебозад. Ташкили гурӯҳи тоҷикӣ дар факултаи филология мусоидат намуд, ки ҷавонони зиёди тоҷиктабори вилояти мо ва ҳамсояҳои он баъди хатми мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва коллеҷу литсейҳо таҳсили худро дар он давом диҳанд ва соҳиби дипломи маълумоти олӣ шаванд, – изҳор намуд ректори донишгоҳ Баҳодир Шермуҳаммадов. Донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз наздик ҳамкорӣ мекунад. Чанде муқаддам устодони он ба вилояти Фарғона ташриф овардаанд ва дар донишгоҳ ба донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикӣ дарси илму адаб омӯхтаанд. Ин анъанаи нек минбаъд низ давом хоҳад кард.  
– Робитаҳои дӯстиву бародаронаи миёни ду кишвар хеле тавсеа меёбанд. Як қатор донишгоҳҳои Хуҷанду Душанбе ҷавонони ӯзбекистониро ба таҳсил фаро гирифтаанд ва онҳо баъди бозгашт дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият хоҳанд кард. Бовар дорам, онҳо ва ин ҷавононе, ки дар донишгоҳи шумо таҳсил мекунанд, эҳтиёҷи мактабҳои ҳамагонии тоҷикӣ нисбати кадрҳои малаканокро хеле коҳиш хоҳанд дод, – ибрози умедворӣ кард Абдуҷаббор Раҳмонзода.
– Ин мулоқот ба шогирдони мо такони хубе хоҳад бахшид, то ки қуллаҳои илму маърифатро фатҳ намоянд, вақтро босамар истифода кунанд, ки он бебозгашт аст. Ҳоло дар баробари ҳамкоронам– Раҳматҷон Арслонзода, Эҳтиётхон Ибрагимова, Мухторалӣ Зокиров, Ҳикматулло Дӯсматов, инчунин як гурӯҳ олимони ҷавон аз пайи ба даст овардани унвонҳои илмӣ мебошанд, – гуфт дотсенти донишгоҳ  Фарҳод Исомиддинов.
Ба таъкиди ӯ дар назди ДДФ Комиссияи олии аттестатсионӣ ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки бо мусоидати он олимони ҷавону ботаҷрибаи тоҷик рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро ҳимоя мекунанд. 
Як гурӯҳ донишҷӯён аз эҷоди шоирон шеъру ғазалҳо қироат карданд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода ба «Кохи дӯстӣ», воқеъ дар минтақаи Қиргилии шаҳри Фарғона ташриф овард. Ин бино, ки дар гузашта «Қасри нефтяникҳо» ном дошт, дар айни ҳол куллан тармиму муҷаҳҳаз гардидааст ва дар он марказҳои миллӣ-фарҳангӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Меҳмонро дар ин ҷо низ гарму ҷӯшон пазироӣ карданд.  
Ноиби ҳокими вилоят оид ба равобит бо ҷомеа ва созмонҳои динӣ Ҷамшед Ҳотамов гуфт, ки Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон соҳиби ду утоқи васеъ ва барҳаво мебошад.
– Ғайр аз ин, ҳокимияти вилоят ба маркази тоҷикон мошини сабукрави  «Дамас» ва 50 миллион сӯм ирсол намуд. Аъзои раёсати марказ метавонанд бидуни мушкилот ба шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини вилоят  сафар кунанд, аз ҳисоби маблағи ҷудошуда либосҳои лозимаи занонаву мардона бихаранд, ҳатто ба чопи баъзе китобҳои илмиву адабӣ ва публитсистӣ иқдом кунанд, ки аҳли фарҳанги тоҷик таълиф менамоянд, – иброз дошт Ҷамшед Ҳотамов. 
– Дар муддати чанд даҳсола бори аввал ба марказҳои миллӣ-фарҳангӣ чунин ғамхорӣ карда мешавад, ки маҳз аз сиёсати хубу дурандешонаи Сарвари давлат маншаъ гирифтааст.   
Ба гуфтаи сафир чунин марказҳо бояд бо эҳсоси масъулият фаъолияти худро ҷиҳати ҳифз ва тарғиби забон, расму оин ва суннатҳои миллии худ бештар тавсеа бахшанд. 
Сафари сафир бо навиштани соядаст дар китоби хоси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон ва тақдими чанд бастаи китобҳои илмиву бадеӣ ба он дар вилояти Фарғона ба фарҷом расид. Дар ин сафар намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Шаҳбоз Шоев бо сафир ҳамроҳӣ кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: