Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Технопарки шаҳри Тошканд дидан кард.
Дар маҷмӯи саноатӣ, ки бо ташаббуси роҳбари давлатамон бунёд ёфтааст, 17 лоиҳа ба маблағи умумии 365 миллион доллари америкоӣ амалӣ карда мешавад. Имрӯз 13-тои онҳо ба роҳ монда шуда, истеҳсоли ҳисобкунакҳои электронии газ, яхдонҳо, кондитсионерҳои саноатӣ ва системаҳои хунуккунӣ, лифт ва эскалаторҳо, лавозимоти дару тиреза ба роҳ монда шудааст.
Имсол корхонаҳои масолеҳи изолятсионӣ, таҷҳизоти гармидиҳии об, асбобҳои ошхона ва маркази логистика ба кор медароянд.
Ба меҳмонони тоҷик аз бартариҳои маҳсулоте, ки дар Технопарк истеҳсол мешавад, нақл карда шуд.
Молҳо бо тамғаҳои хориҷӣ ва таҳти назорати онҳо истеҳсол карда шуда, талабот ба онҳо зиёд аст. Ба туфайли таносуби нарху сифат дар бозорҳои мамлакатҳои ҳамсоя мавқеи мустаҳкам доранд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба зарурати ҳамкории зичи идораҳои дахлдори соҳавии ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ таъкид кард.
Иқтидори саноатии мамлакати мо, васеъ будани номгӯ ва сифати маҳсулот ба меҳмонон таассуроти калон бахшид.