БОЗДИДИ ҲОКИМИ НАВ АЗ СӮХ

Хайрулло Бозоров баъди тайин шудан ба мақоми ҳокими вилояти Фарғона ба ноҳияи Сӯх ташриф овард.

Хайрулло Бозоров баъди тайин шудан ба мақоми ҳокими вилояти Фарғона ба ноҳияи Сӯх ташриф овард. Вай даставвал бо рафти иҷрои қарори Президент “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” аз наздик  шинос шуд. 

Баъд ба минтақаи наздимарзӣ рафт ва аз мавзеи Чашмаи деҳаи Чашма боздид намуд.
Ҳоким вазъияти он ҷоро омӯхт, бо мардуми маҳаллӣ  ва тарзи зиндагии мардуми  он ҷо ошно шуд. Вақте ки ҳоким бо чанд нафар аз сокинони ин деҳа ҳамсуҳбат шуд, аз дарду мушкилоти онҳо огоҳ шуд ва ҷиҳати ҳаллу фасли он ба зердастони худ супоришҳо дод.
– Аз худ розӣ кардани шумо,  ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои доғ ва бартараф кардани камбудиву нуқсонҳо аз ҳадафҳои асосии мо маҳсуб меёбанд,– гуфт Хайрулло Бозоров бо қатъият зимни ин мулоқот. 
Дар ин рӯзҳо ноҳия ба майдони дигаргуниҳои куллӣ, сохтмонҳои азим ва бунёди иморатҳо табдил ёфтааст. Ҳоким бо рафти як қатор корҳои сохтмон, аз ҷумла бунёди бинои мактаби таълимоти умумӣ бо гунҷоиши 260 нафар, сохта шудани чанд бино барои ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо шинос шуд. 
Мувофиқи дастур, ки бар асоси қарори сарвари давлатамон роҳандозӣ шудааст, дар ноҳия ҳафт бинои панҷқабатаи замонавӣ барои зист сохта хоҳанд шуд. Ҳоким дар қаламрави сектори якуми ноҳияи мазкур ба ду бинои панҷманзила  хишти аввалро гузошт. Ин хонаҳои истиқоматӣ тибқи талабу дархост ва барои рафъи эҳтиёҷи мардум қомат хоҳад афрохт.
Дар идомаи ташриф вай ба деҳаи Сариканда рафт ва бо кори корхонаи дӯзандагии “Сӯх намунаси” ошно шуд. Ин корхона беш аз якуним сол боз  фаъолият мекунад ва ҳудуди 100 нафар занону духтарони маҳаллиро ба кор фаро хондааст. Ҳоким ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти трикотажии ин корхонаро аз назар гузаронд ва дастур дод, ки корхона фаъолияташро тавсеа бахшад. Хайрулло Бозоров масъалаи ба хориҷ содир намудани ин маҳсулотро матраҳ намуд. 
Дар мавзеи Қайроқи ноҳия якуним ҳазор гектар замин обёрӣ карда мешавад. Истифода аз он барои кишти зироати маҳсулоти гуногун, ташкили боғпарварӣ ва парвариши чорво хеле мусоидат хоҳад кард. Ҳоло барои аз дарё кашидани  об ва обёрии мавзеи Қайроқ сохтмони стансияи насоси барқӣ босуръат идома дорад. Анҷоми ин кор маблағи зиёдро тақозо менамояд. Барои ҳамин аз буҷаи давлат барои обёрӣ намудани ин мавзеъ наваду ду миллиард сӯм ихтисос дода шудааст. Х. Бозоров баъди шиносоӣ бо лоиҳа ва раванди иҷрои ин корҳо бо мутахассисони сохтумон вориди суҳбат шуд ва ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод. 
Боздид аз сектори дуюми ноҳия низ рӯзи ташрифи ҳокими вилоят ба ноҳия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ҳудуд минтақаи саноатӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Соҳибкорони сӯхӣ панҷоҳу ҳафт лоиҳаро таҳти татбиқ қарор додаанд. 
– Барои он ки аҳолӣ бештар ба кор ҷалб шавад, бояд лоиҳаҳои иловагиро таҳти иҷро қарор дод. Ба соҳибкорӣ ҷалб кардани теъдоди зиёди одамон масъалаҳои зиёдро ҳаллу фасл мекунад. Дар ин ҳудуд бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва масканҳои фароғатиро бояд роҳандозӣ кард,– гуфт Хайрулло Бозоров.
Ба таъкиди ҳоким тамоми нерӯ бояд ба ривоҷ додани соҳибкорӣ равона карда шавад. Чунин усули кор имкон фароҳам меоварад, ки бекорӣ ва камбизоатӣ  дар ин ноҳияи дурдаст низ коҳиш ёбад ва зиндагии мардуми он фаровон гардад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: