«БОЗГАШТ»-РО БА НАВОР МЕГИРАНД

Синамогаронамон барои ба навор гирифтани филми бадеии «Бозгашт» даст задаанд. Ин кор аз ҷониби дастандаркорони Корхонаи унитарӣ-давлатии киностудияи «Ёшлик» идома дорад.

Филми бадеии «Бозгашт» паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти маишии одамонро то ба ин давраи нави глобалӣ   дар мисоли пиразану мӯйсафед инъикос менамояд. Агарчи воқеаҳои филм марбут ба ягон ҳудуди муайяну мушахасс нест, бо вуҷуди ин қисмҳои он дар атрофи шаҳри Ҷиззах ва бештар дар ҳудуди ноҳияи Зомин ба навор гирифта мешавад.
Коргардони филм Шокир Холиқов таҳти роҳбарии директори он Хуршед Абдуллоев  паи ҷолибияти филми мазкур меҳнат мекунад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: