БОЗГАШТИ МУТАНТАНИ ВАРЗИШГАРОНИ МО АЗ БОЗИҲОИ ОСИЁ

Дар Бозиҳои XVIII-и тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуданд, варзишгарони ӯзбекистонӣ 70 медал – 21 медали тиллоӣ, 24 нуқра ва 25 биринҷиро ба даст оварда, бо сари баланд ба Ватан баргаштанд.

Дар аэропорти байналхалқии ба номи Ислом Каримов варзишгарони моро намояндагони вазорату идораҳо, ҷомеаҳои варзишӣ, падару модарон ва мухлисони варзиш истиқбол карданд.
Таҳти сарварии Президент Шавкат Мирзиёев ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун ба воситаи муҳими тарбияи комили насли наврас эътибори махсус дода мешавад. Дар натиҷаи ин Ӯзбекистон ба оламиён ҳамчун кишваре, ки дар он варзиш бо суръати баланд инкишоф меёбад, падидор мегардад. Аз ҷумла варзишгарони мо дар мусобиқаҳои бонуфузе, ки дар чаҳор сол як бор гузаронида мешаванд, яъне Бозиҳои осиёӣ мунтазам ба натиҷаҳои баланд муваффақ мегарданд.
Дар мусобиқаҳои кунунӣ, ки аз ҷониби Шӯрои олимпии Осиё ташкил гардид, шарафи мамлакати моро бино бар 30 намуди варзиш 232 нафар ҳамватанонамон ҳифз намуданд.
Қарори роҳбари давлат «Дар бораи тайёр кардани варзишгарони Ӯзбекистон ба Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ ва Бозиҳои XVI-и паралимпии соли 2020 дар шаҳри Токио (Ҷопон)» аз 9 марти соли 2017-ум омили муҳими иштироки бомуваффақияти варзишгарони мо дар ин мусобиқаи бонуфузтарини қитъа гардид. Мувофиқи барномае, ки барои таъмин намудани ҳуҷҷати мазкур андешида шудааст, барои ҷамъомади таълимии варзишгарон дар пояи меъёрҳои замонавӣ, баланд бардоштани таҷриба ва маҳорати онҳо, омодагии ҷиддӣ ба мусобиқаҳои байналхалқӣ ва иштироки сазоворашон дар ин мусобиқаҳо тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуданд.
Бозиҳои осиёӣ барои варзишгарони мо, ки шарафи Ватанамонро дар Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон ҳифз хоҳанд кард, имконияти санҷиши ба худ хос буд. Натиҷаҳое, ки дар Индонезия қайд шуданд, аз дурустии роҳи мураббиён ва мутахассисони ватанӣ дар ҷараёни тайёр кардани варзишгарон ба Олимпиада шаҳодат медиҳанд. Инро он чиз тасдиқ менамояд, ки аксар медалҳои дар Бозиҳои осиёӣ бадастомада дар намудҳои варзиши олимпӣ мебошанд.
– Ман аз натиҷаҳои баланде, ки варзишгаронамон дар Бозиҳои осиёӣ ба даст оварданд, ба ваҷд омадам ва бино бар ин махсус аз Марғелон барои истиқболи онҳо ба ин ҷо омадам, – мегӯяд соҳибкори фарғонагӣ Акмал Мадвалиев. – Мехоҳам, ки фарзандони ман низ варзишгар бошанд. Худо насиб кунад, ки онҳо ҳам ҳамчун варзишгарони моҳир парчами мамлакатамонро дар арсаҳои варзиши байналхалқӣ баланд бардоранд. Дар мамлакати мо барои он ки ҷавонон чунин қуллаҳоро фатҳ кунанд, тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуданд.
Комёбии беназире, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанг даст доданд, шаҳодати минбаъд оммавӣ шудани варзиш дар байни занон, натиҷаи бузурги эътиборест, ки ба рушди хелҳои занонаи варзиш дода мешавад. Он санад далели равшани ин гуфтаҳост, ки дар Бозиҳои XVIII-и тобистонаи осиёӣ варзишгари мо Светлана Радзивил дар ҷаҳидан ба баландӣ соҳиби медали тиллоӣ шуд ва ҳамзамон дар ин намуди варзиш рекорди Осиёро нав кард.
– Хушбахтам, ки дар Бозиҳои осиёӣ ба муваффақияти азим ноил гардидам, ба Ватан бо сари баланд баргаштам, – мегӯяд Светлана Радзивил. – Мо ба майдон бо эҳсоси эътимод ва дастгирии ҳазорҳо нафар дӯстдорони варзиш, тамоми халқамон баромадем. Ба  ин комёбиҳо ба шарофати имкониятҳои зиёде, ки дар мамлакатамон барои рушди варзиш фароҳам оварда шудаанд, муваффақ гардидем.
Воқеан, дар Бозиҳои кунунии осиёӣ варзишгарони Ӯзбекистон маҳорат ва таҷрибаву иқтидори баланди худро зоҳир карда, шарафи Ватанамонро сазоворона ҳифз намуданд. Ин шаҳодати он мебошад, ки дар натиҷаи эътибори азим ба рушди варзиш ҷавононе ба воя мерасанд, ки қодиранд ояндаи дурахшони варзиши Ӯзбекистонро таъмин кунанд. Шубҳае нест, ки онҳо ҳанӯз ба ғалабаҳои зиёд муваффақ мешаванд.
Дар чорабинии мутантан Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Арипов баромад кард.

Ҷавоҳир ТОШХӮҶАЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: