Бояд гуфт, ки имрӯз бозии интеллектуалии “Заковат” ҳамчун мусобиқаи дӯстдоштаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар баланд бардоштани маҳорати фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ, илму дониш, дарки мантиқ ва ғайра нақш ва ҷойгоҳи махсус дорад.
Бояд гуфт, ки имрӯз бозии интеллектуалии “Заковат” ҳамчун мусобиқаи дӯстдоштаи хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар баланд бардоштани маҳорати фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ, илму дониш, дарки мантиқ ва ғайра нақш ва ҷойгоҳи махсус дорад. Имрӯз хонандагон дар маҳфилҳои “Заковат”, ки дар ҳар як мактаб фаъолият доранд, иштирок намуда дониши худро меафзоянд.
Тӯли ду рӯз дар толори варзишии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка бахшида ба 29-умин солгарди Сарқонун байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия мусобиқаи интеллектуалии “Заковат” баргузор шуд. Дар ин мусобиқае, ки бо ташаббуси ҷавонони серғайрат Муллокучак Яҳёев, Сафо Шодиев ва роҳбарияти мактаби рақами 9-ум роҳандозӣ гардид, ҷамоаҳои мактабҳо барои ғолибият талош варзиданд.
– Тӯли чанд вақт аст, ки дар байни мактабҳо мусобиқаи интеллектуалии “Заковат” роҳандозӣ мегардад. Воқеан, ин бозӣ барои хонандагони мактаб хеле муҳим аст, дар афзудани илму дониш, дарки мантиқ, ҷаҳонбинӣ ва ривоҷ додани фикр аҳамиятнок аст, – мегӯяд Муллокучак Яҳёев. – Мо дер боз мехостем байни хонандагони мактабҳои ноҳия чунин мусобиқа баргузор намоем ва насиб будааст, ки он дар арафаи ҷашни 29-умин солгарди Сарқонун роҳандозӣ шуд.
Бояд гуфт, дар ин мусобиқае, ки байни хонандагони мактабҳои миқёси ноҳия бори нахуст баргузор гардид, наздики 25 дастаи мактабҳои ноҳия иштирок карданд. Мувофиқи натиҷаи финалии мусобиқаи интеллектуалии “Заковат”, дастаи “Зарафшон”-и мактаби рақами 9-ум ҷойи якум, дастаи “Браво”-и мактаби рақами 43-юм ҷойи дуюм ва ҷамоаи “Келажак”-и мактаби рақами 38-ум ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.