Рӯзи ҳафтуми Бозиҳои БРИКС дар Қазон барои ҳайати Ӯзбекистон пурсамар буд.
Дар ин рӯз ҳамватанони мо тавонистанд, ки 1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварда, хазинаи тими миллии кишварро пур кунанд.
Ғолибон ва ҷоизадорон:
Медали тилло:
Артур Гулиев (каноэ, 200 метр)
Медали нуқра:
Нигина Собирова (гӯштини занон, -62 кг)
Медали биринҷӣ:
Дилфуза Айимбетова (гӯштини занон, -59 кг)
Динора Рустамова (гӯштини занон, -65 кг)
Светлана Окназарова (гӯштини занон, -72 кг)
Ба иттилои хидмати матбуоти КМО, пас аз анҷоми рӯзи ҳафтуми Бозиҳои БРИКС ҳайати Ӯзбекистон бо 4 медали тилло, 13 нуқра ва 21 биринҷӣ дар сабқати дастаҷамъӣ пас аз тимҳои Русия, Беларус ва Чин ба мақоми чаҳорум баромад.