Бозиҳои мардумӣ

“ҒИРҒИРАК” ВА “ТАСМАБОЗӢ”

“ҒИРҒИРАК” ВА “ТАСМАБОЗӢ” 
Дар субҳи пур аз умеду орзуҳои одина аз шаҳри Самарқанди бостон ба камина занг задани устод Ҷумъа Ҳамро, олимаи адабиётшинос Дилшодаи Фарҳодзод сурур бахшид. Аз гуфтаҳои мусоҳибон равшан гардид, ки дар ҳамин шабу рӯз олимони мардумшиноси тоҷик бо ҷамъ ва гирд овардани бозиҳои хурдтаракону наврасони асарҳои Садриддин Айнӣ сару кор доштанд. Ба аҳли илму адаб барои амали нек ташаккур мегӯем. 
Бар ӯҳдаи камина вазифа гузошта шуд, ки дар хусуси “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” маълумот пешниҳод намоям. Бо рағбати зиёд асарҳои Садриддин Айнӣ ва “Луғати лаҳҷаи Бухоро”-ро варақ задам. Аз асарҳои Садриддин Айнӣ ба ғайр аз номи бозиҳо дигар чизеро пайдо карда натавонистам. Пас маҷбур шудам, ки бо чанд нафар ҳамсуҳбат шавам. Бо Саодат Чориеваи 89-сола, (Асад Гулзода 87 сола), Шарофат Чориеваи 87-сола, Ҳомид Савриев (79-сола), Солибой Солиеви 73-сола ва дигарон ҳамсуҳбат гаштан насиб гардид. Мусоҳибон ҳар чизеро, ки медонистанд, баён намуданд. Нақлу гуфтори эшон барои равшан намудани “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” шароити мусоид фароҳам овард.   
“Ғирғирак” вожаи лаҳҷавист, ки истеъмоли он дар лафзи мардумии Бухоро мушоҳида карда мешавад. Вожаи мазкур аз ду ҷузъи мушобеҳ (ғир-ғир) ва пасванди-ак таркиб ёфтааст, ки он дар забони адабӣ маънои “чархак” ва дар шакли муҷаррад (ғир) ҳамчун феъли фармоиш маънои “чарх задан”, “гирд гаштан”-ро ифода менамояд. Ғирон (чарх занон), ғирид (чарх зад), ғирондам (чарх занондам), меғиронӣ (чарх мезанонӣ), тез (суст) ғирид (чарх зад), ғир (чарх зан) ва амсоли инҳо бо тобишҳои луғавӣ барои ифодаи матлаб ҳангоми бозӣ чун вожаҳои такягоҳ хидмат кардааст. 
“Ғирғиракбозӣ” яке аз машҳуртарин бозиҳои фарзандони хурдсоли Бухоро ба шумор меравад. Номи бозӣ аз номи предмети дар ҷараёни бозӣ истифодашаванда баромадааст. Замоне устодони гулдасти гаҳворасози Бухоро барои фарзандони мардум аз чӯбҳои боқимондаи гардиши гаҳвора ғирғирак сохта додаанд. 
Сохти ғирғирак. Қисми болоӣ то нисф гардишшакли борик, қисми поёнӣ то нисф гардишшакли ғафс, ки он аз ин ҷиҳат ба қисмҳои болотари гардиши гаҳвора якранг аст. Дарозии ғирғираки гардишшакл то 10-15 сантиметр ва қисми дигарӣ, яъне сими нимғафси теғадори як қисм ба маркази ғирғирак пайваст ва қисми дигарии чун нештар тез  барои ба замин халонидан дар вақти бозӣ (дарозиаш  8-10 сантиметр) тайёр карда шудааст. Қисми теғадор ҳангоми бозӣ ба замин халонида мешавад. Ин буд яке аз воситаҳои бозӣ. 
Воситаи дигарӣ тасмаи аз пораҳои боқимондаи пӯсти сутурон тайёркардашуда мебошад. Дар гузашта чармгарон, пӯстиндӯзон барои ғирғиракбозон тасмаҳои на он қадар ғафсро тайёр менамуданд. Тасмаи дарозиаш 10-15 сантиметр ду қисмро дар бар мегирифт. Қисми аввалӣ, тасмаи борики чармин, ки он ҳангоми оғозёбии бозӣ барои чарх занондани ғирғирак, қисми дуюмӣ гулғунчатасмаи маҳиннахи нарм, ки он барои эҳтиёткорона чарх занонидан дар ҷараёни бозӣ хидмат мекунад.  
Бино ба нақли мусоҳибон анҷомҳои “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” дар бозорҳои “Атторон”, “Шаҳристон” ва инчунин дар гузарҳои шаҳри Бухоро аз тарафи атторон фурӯхта шудааст. Харидорон дар вақти бозоргардӣ шефтаи суханони тавсифии “ғирғираки беҳтарин”, “ғирғираки устои гулдаст”, “тасмаи гулпӯпакдор”, “тасмаи гулпӯпакдори маҳиннах” гашта, барои фарзандонашон анҷомҳои бозиро харид мекардаанд. Фарзандон аз ин гуна амали волидон мамнун шуда, бо “ғирғирак” ва “тасмабозӣ” бештар машғул мешуданд.
“Ғирғирак” ва “тасмабозӣ” бозии мавсимӣ мебошад. Он, ба ғайр аз фасли зимистон, дар дигар фаслҳои сол байни писарбачаҳои 10-16-сола баргузор гардидааст. Иштирокчиёни бозӣ аз ду то чаҳор нафар мешуданд. Агар шумораи иштирокчиёни бозӣ зиёд гардад, бозӣ бисёр тӯл мекашад. Ин амал ба деринтизорӣ ва дилгир шудани бозигарон сабаб мешавад. 
Оғози бозӣ. Бо хоҳиши тарафайн яке аз бачаҳо нӯги найзадори ғирғиракро ба замин мехалонад. Пас аз мустаҳкам халонидан бар замин ва таъмини мувозинат гулғунчатасмаи маҳиннах ба дасти чап ва қисми боқимондаи тасма ба дасти рост нигоҳ дошта шуда, ба қисми гардишшакли ғафси аз  сатҳи замин баланд печонида мешавад. Пас аз итмоми амали мазкур бо чобукӣ гулғунчатасмаи маҳиннах ба сӯйи худ кашида мешавад. Аз ҳамин лаҳза ғирғирак чарх заданро сар мекунад.     
Шарти бозӣ. Бозингар бо гулғунчатасмаи маҳиннах суръати чарх задан ва овоз баровардани ғирғиракро бояд таъмин намояд. Чунки бозингарон бештар ба суръати ғирғирак эътибор медиҳанд. Аз садои шунидани ғурғур ва гардиши тези ғирғирак атрофиён дар баробари бозигарон хурсанд мешаванд. Шавқу ҳаваси онҳо нисбат ба бозӣ дучанд мегардад. Агар баръакс бошад, он амалро намеписанданд ва бозингарро ҳам дӯст намедоранд. Маҷбур мешаванд, ки  бозиро боздошта,  аз сари нав сар кунанд.    
Қоидаи бозӣ. Садои ғурғури ғирғирак бояд ба гӯшҳо расад. Агар ғирғирак бе садои ғурғур ба суръати тез чарх назанад, он гаҳ бозӣ боздошта мешавад. Ғирғирак дар вақти гирд гаштан мувозинатро гум кунад, он гаҳ бозӣ қатъ мегардад. Дар ин гуна маврид рақиби бозимунтазир бозиро бо назардошти талабот сар мекунад. Мувозинати муътадили ғирғираки тезчарх аз байн равад, дар ин ҳолат бозӣ аз сари нав сар мешавад. Бозигарон дар вақти бозӣ қувваи ҷисмонӣ ва ӯҳдабароии худро намоиш медиҳанд.    
Рафти бозӣ. Ба навбат пас аз мағлубият ва қоидавайронкунӣ ихтиёри бозӣ ба рақиби бозимунтазир супорида мешавад. 
Анҷоми бозӣ. Шахси ғолиб барои маҳорати бемисл ситуда мешавад. Чобукӣ ва ӯҳдабароии ғолиб эътироф  карда мешавад. “Ғирғирак”-и лафзии мардуми Бухоро аз “гиргирак”-и таркиби луғавии забони форсӣ тафовут дорад. Чунин шарҳи форсии “гургурак” (дар луғати форсӣ: бозичаи аз коғаз сохта ба нӯги чӯб шинонда, ки вақти ба пеш ҳаракат додан чарх мезанад) гуфтаҳои моро равшантар мегардонад. 

Таваккал ЧОРИЕВ,
номзади илмҳои филология, профессор. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: