БОЗИҲОИ НАВБАТИИ ЗИМИСТОНАИ ОСИЁӢ ДАР ҲАРБИН БАРГУЗОР МЕШАВАНД

Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ аз 7 феврал то 14 феврали соли 2025 дар Ҳарбини Чин баргузор мешаванд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарон аз рӯи 12 намуди варзиш иштирок мекунанд.

Бояд гуфт, мусобиқаи ҷолиб яке аз Бозиҳои зимистонаи осиёӣ хоҳад буд, ки дар таърих шумораи бештари кишварҳо ширкат мекунанд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 1500 варзишгар аз 34 кишвар/минтақа дархост супурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки Шурои олимпии Осиё тилисм, рамз ва шиори бозиҳоро тасдиқ намуд, ки он чун «Афсонаҳои зимистона, муҳаббат дар маркази Осиё» («Dreams of Winter, Love among Asia») садо медиҳад.

Бояд гуфт, ки Ҳарбин аллакай соли 1996 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё шуда буд. Қабл аз ин, дар ин шаҳр Бозиҳои III зимистонаи осиёӣ баргузор шуда буд, ки дар он 458 варзишгар аз 17 минтақа ширкат доштанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: