БОЗОМӮЗИИ РАИСОНИ МАҲАЛЛАҲО

Мувофиқи Баённомаи сеюми Шӯрои ҷумҳуриявии танзимгардонии фаъолияти худидоракунии шаҳрвандон аз 13 майи соли 2019 ва Баённомаи шӯрои вилояти бухороии танзимгардонии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон аз 31 майи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии Бухоро бозомӯзии дуҳафтагии 153 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳрҳои Бухорою Когон ва ноҳияҳои Бухоро, Когон ва Қаравулбозор, ки шомили минтақаи якум мебошанд, анҷом ёфт.

Ҳафтаи дуюм аст, ки ба онҳо роҳбарони идораи садорат, ташкилоту ҳизбҳои сиёсӣ ва устодони мактабҳои олии вилоят оиди масъалаҳои умдатарин: ташаккул додани муҳити эҳтироми якдигар, меҳру оқибат ва ҳамҷиҳатӣ дар маҳалла, мустаҳкам намудани арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, мазмун ва моҳияти вазифаҳое, ки қонунгузорӣ ба зиммаи ҷамоати шаҳрвандон гузоштааст, боло бардоштани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон нисбат ба қонунҳо, зиёд кардани фаъолнокии иҷтимоии онҳо, шарикии иҷтимоӣ, ҳамкории ташкилотҳои давлатию нодавлатӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамоат, кӯмакрасонӣ ба касбинтихобкунии ҷавонон, таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, назорати ҷамоатӣ, тарбияи маърифати динӣ, дастгирии иҷтимоии қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ, расондани ёрӣ оиди бошуғлфарогирии аҳолӣ ва рушди соҳибкорию ҳунармандӣ дар ҳудудҳо ва ғайра маърӯзаю суҳбатҳо, семинар-тренингу саволу ҷавобҳо мегузаронанд. Вақте ки мо ба ДДБ расидем, машғулияти аввал поён ёфта, таҳсилгирандагон ба танаффус мебаромаданд. Мо аз фурсат истифода бурда бо як гурӯҳи онҳо: раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Фошун, Отбозори шаҳри Бухоро Икром Иброҳимов, Ӯлмас Ҳусенов, «Арабхона», «Темирйӯлчи» ва «Навзиробод»-и шаҳри Когон Юнус Хайруллоев, Меҳриддин Муҳиддинов ва Гулнора Миралиева, «Галаосиё»-и ноҳияи Бухоро Шукур Бобоев ва дигарон мулоқот намуда, боварӣ ҳосил кардем, ки ҳамаи онҳо аз машғулиятҳои бозомӯзӣ қаноатманданд, зимни дарсҳо эшон аз навигариҳо, ҳуқуқу ваколатҳои вазифаи худ, имтиёзу ғамхориҳои давлат, қарору ҳуҷҷатҳои муҳим нисбати маҳалла огоҳ мегарданд. Ба таҳсилгирандагон машғулиятҳои ҷонишини якуми раиси шӯрои вилоятӣ оид ба танзими фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон Аҳрор Ғуломов, директори гурӯҳҳои таълимӣ оид ба такмили ихтисоси кормандони мақомоти худидораи шаҳрвандони назди ҳокимияти вилояти Бухоро, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Қаҳрамон Турсунов, сарвари садорати вилояти бухороии Маркази илмӣ-амалии «Оила», доктори илмҳои фалсафа, профессор Абера Ҳусейнова, роҳбари бахши вилояти бухороии Институти минтақавии ташаккул ва мониторинги ҷамъияти шаҳрвандӣ Ҷасурбек Болтаев ва дигарон хеле писанд омадааст.
Ба мо лозим омад, ки ба яке аз машғулиятҳои курси такмили ихтисос дар гурӯҳи  Қаҳрамон Турсунов иштирок кунем. Вай дар бораи эътибор ва ғамхориҳои давлат нисбати маҳалла, интихоботи демократияи ҳақиқӣ, панҷ самти устувори Стратегияи амалиёт бинобар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021, адолати иҷтимоӣ, зарари коррупсия, оқибатҳои бади таҳрифкорӣ, тафоҳуми байнидинӣ, дӯстии халқҳо вобаста бо мисолҳои ҳаётию маҳаллӣ бо усули суҳбат хеле шавқовар таваққуф кард.
Баъди дарс суҳбати мо бо ду нафар иштироккунандагони курси бозомӯзӣ аз ноҳияи Қаравулбозор идома ёфт.
– Заводи коркарди нафти Бухоро дар ҳудуди маҳаллаи мост. Он ҷо намояндагони 16 миллат тифоқона кору зиндагӣ мекунанд. Бори аввал раиси маҳалла интихоб шуда бошам ҳам 23 сол боз корманди мақомоти худидораи шаҳрвандон (котиби масъул) будам. Чунин эътибори алоҳида ва ғамхориҳоро нисбати маҳалла ва кормандони он бори аввал мебинам. Маоши мо зина ба зина зиёд мешавад. Дар курси бозомӯзӣ бори аввал иштирок намуда бисёр чизро омӯхтам, – изҳори қаноатмандӣ намуд раиси ҷамоати шаҳрвандони  маҳаллаи «Имом Бухорӣ» Собира Ҷумъаева. – Аз соли 2013 ин тараф ҳамчун раиси ҳудуд ва маҳал фаъолият доштам. Бинобар ҷамъбасти соли 2018 моҳи декабри соли гузашта ба туҳфаи ҳокими вилоят автомобили сабукрави «Кобалт» сазовор гардидам.
Курси бозомӯзӣ моро баҳри фаъолияти самаранок бо дониш ва таҷрибаи пешқадам мусаллаҳ менамояд. Он моро водор месозад, ки мувофиқи талаби замон бештар ва беҳтар кор кунем, – арзи дил гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ӯзакчӣ» Гулнора Нарзиева. 
Ниҳоят ба сарвари гурӯҳҳои таълимӣ бо суоли охирин муроҷиат кардем.
– Ҳоло дар ноҳияи Пешкӯ — дар минтақаи чорум дар коллеҷи тиббии Афшона низ чунин бозомӯзии 126 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияҳои Пешкӯ, Рометан ва Вобканд ба охир мерасад. Ҳафтаҳои оянда дар коллеҷи агроиқтисодиёти Ғиҷдувон (минтақаи 3) 125 нафар раисони маҳаллаҳои ноҳияҳои Ғиҷдувону Шофиркон ва дар мактаби №5-и ноҳияи Қарокӯл (минтақаи 2) 140 нафар раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳияҳои Қарокӯл, Олот ва Ҷондор дониши назариявии худро такмил медиҳанд. Ҳамин тариқа дар давоми як моҳ ҷамъ 544 нафар раисони маҳаллаҳои вилоят дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил мегиранд, – гуфт ба мо роҳбари гурӯҳҳои бозомӯзии мақомоти худидораи шаҳрвандони вилоят Қаҳрамон Турсунов.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: