Дар урфият «гушна монӣ – ба бозор, хаста шавӣ ба мазор рав», мегӯянд.
Дар урфият «гушна монӣ – ба бозор, хаста шавӣ ба мазор рав», мегӯянд. Дар ин мақол ҳикмат бисёр аст. Бинобар ҳамин пур кардани бозори деҳқонӣ аз озуқаворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир таҳти назорату эътибори сарвари давлат ба баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидори содиротии кишвар эътибори махсус дода мешавад.
Дар Самарқанд бозор бисёр. Онҳо бо тарзи бунёду масоҳат, бинобар нархи наво аз якдигар куллан фарқ мекунанд. Сиёб бозори аз ҳама куҳна асту бозори яклухтфурӯшии «Гулобод экоагрологистика маркази» навбунёд. Он расман дар охири моҳи ноябри соли равон кушода шуд.
Дар шоҳроҳи Самарқанд – Қаршӣ фабрикаи мурғпарварӣ вуҷуд дошт, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ аз фаъолият бозмонда, дар ҳисоби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарқ-консерн» буд. Солҳои тӯлонӣ бекор мехобид. Бо талабу дархости соҳибкорон ва хайрхоҳии роҳбарии вай – Шавкат Шарифов он ба бозори яклухтфурӯшӣ табдил ёфт. Ва имрӯз дар ин ҷо хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, полизӣ, чорво, парранда, хушкмева, моҳӣ ва ғайра дар авҷ аст.
– Ман бо додарам аз ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё сабзӣ, шалғам, турб овардем, – мегӯяд соҳибкор Мансур Рауфов. – Шароит дар ин ҷо лоиқи таҳсин аст. Чанде пеш дар шаҳри Самарқанд низ бо хариду фурӯш машғул будем. Рости гап, фарқ аз замин то осмон.
– Бозори нав олами дигар аст, – ба суҳбат ҳамроҳ мешавад меҳмон аз ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах Зафар Сувонов. – Ҳама ҷо мумфарш, растаҳо тозаву озода. Шабона чароғон. Нархи чипта низ арзон.
– Ман аз номи соҳибкорону кишоварзони Самарқанд ба ҳокимияти вилоят ва ноҳияи Самарқанд миннатдорӣ изҳор мекунам, – гуфт Хуршед Убайдов. – Зеро дар куҷое рақобат бошад, пешравӣ мешавад. Бозори нав аз дигар бозорҳои Самарқанд куллан фарқ мекунад. Маъмурият ва масъулони бозор аз мо аҳвол пурсида, агар мушкилие пайдо шавад, зуд ҳал мекунанд. Бояд таъкид кард, ки интизоми қатъӣ ҷорист. Фиребдиҳӣ ва аз тарозу задан нест.
– Муҳимаш, нарх арзон, – илова мекунад сокини маҳаллаи Деҳнави ноҳияи Самарқанд Аҳмадҷон Аҳроров. – Ман сабзӣ, картошка ва пиёзро ба қимати дилхоҳ гирифтам. Барои санҷиш аз тарозуи назоратӣ истифода бурда, бовар ҳосил кардам, ки дар ин ҷо аз ҳаққи харидор намезананд.
Алҳол директори бозор Аброр Холов ниҳоят серташвишу серкор аст. Вай бо мушкилоти сохтмон, ҷойгиркунии соҳибкорон, мумфарш намудани ҳудуд, беҳтар кардани шароити хариду фурӯши маҳсулот банд мебошад. Мо ӯро дар саройи навбунёди гуринҷ пайдо намуда, бо чанд савол муроҷиат кардем.
– Вақтҳои охир болоравии нархи баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои Самарқанд аҳолиро каме ба таҳлука андохта буд, – иброз дошт директор. — Аз ҷумла, нархи гӯшт, тухм, равғани растанӣ, шакар ва маҳсулоти деҳқонӣ боло рафт. Бинобар ҳамин, сарвари давлат дар ҷамъомади видеоселекторӣ ба назди мо – масъулони бозор вазифа гузошт, ки нархи наво боло наравад, зеро дар замоне, ки аз сабаби пандемия хатари норасоии ғизо дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад, роҳбарияти Ӯзбекистон тадбирҳои муҳим ва заруриро барои қонеъ гардондани талаботи дохилӣ меандешад. Вазифаи таъхирнопазири мо дар ин даврони душвор ва пурмасъул аз таъмини амнияти озуқаворӣ иборат аст.
– Дар бораи нақшаҳои ояндаатон чанд сухан мегуфтед?
– Шумо дидед, ки мо бо сохтмони саройи гуринҷ машғулем. Аллакай чанд нафар соҳибкорон аз водии Фарғона ва вилояти Хоразм бо мо барои фурӯши гуринҷи босифат шартнома бастанд. Боз як хушхабар – аз Тоҷикистони бародарӣ дӯстон занг зада, ваъда доданд, ки баъд аз карантин маҳсулоти кишоварзӣ, меваю ангурро ба ин ҷо хоҳанд овард.
Воқеан, роҳбари консерни «Шарқ» Шавкат Шарифов, ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва дигар шахсони масъул гоҳ-гоҳ ба бозор рафта, барои ҳаллу фасли баъзе мушкилиҳо саҳм мегиранд, ки мо хеле сипосгузорем.
– Аз фурсат истифода бурда, тавассути рӯзномаи шумо мардумро бо Соли нави фарорасидаистода табрик мегӯям. Соли нав ҷашни оилавист. Бигзор дар ҳар як хонадон дасторхон пурфайзу пурнеъмат бошад, пандемияи коронавирус аз байн равад, тӯй болои тӯй шавад ва мо – аҳли бозор ҳамеша дар хидмат бошем. Бозорҳо ободу фаровон бошанд. Бозор оинаи рӯзгор аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
ноҳияи Самарқанд.