БОЗОРИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ

Дар Маркази маънавият ва маърифати Округи марказии ҳарбии вилояти Самарқанд бо мақсади кумак ба хидматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, инчунин ҷавонони бекор дар пайдо кардани ҷойҳои кори доимӣ “Бозори ҷойҳои холии корӣ” гузаронида шуд.

Дар Маркази маънавият ва маърифати Округи марказии ҳарбии вилояти Самарқанд бо мақсади кумак ба хидматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо, инчунин ҷавонони бекор дар пайдо кардани ҷойҳои кори доимӣ “Бозори ҷойҳои холии корӣ” гузаронида шуд. 
Дар чорабинии мазкур кормандони марказҳои шуғли аҳолӣ ва намояндагони коргузори ташкилотҳои ноҳияву шаҳрҳо иштирок намуданд. Ноҳия ва шаҳрҳо дар бораи ҷойҳои кории холии худ маълумот доданд. Дар маълумоти онҳо номи корхона, ташкилот, ҷои кор, касб, маош нишон дода шудааст.
Масалан, дар ноҳияи Оқдарё 231, дар ноҳияи Булунғур 160 ва дар ноҳияи Ургут  бошад, 884 ҷойи корӣ мавҷуд будааст. Тибқи иттилооти рӯйхати ҷойҳои холии корӣ дар 14 муассисаи томактабии ноҳияи Оқдарё хореограф даркор аст, ки ҳамагӣ 0,25 воҳиди штат ба кор қабул карда мешаванд. Барои ин касб, ки маълумоти олиро талаб мекунад, 400 ҳазор сӯм моҳона дода мешавад. Маоши баландтарин барои вазифаи роҳбари «Агробанк»-и ноҳия 4 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
– Ду сол боз кор меҷӯям, аммо намеёбам, – гуфт ҳамшира Замира Маҳмудова, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Пастдарғам. – Аз сабаби наздик будани деҳаи мо ба шаҳри Самарқанд дар чорабинии имрӯза ҳам аз ноҳия ва ҳам аз шаҳр кор ҷустуҷӯ кардам. Барои ҳамшираҳои шафқат ҷои кор набудааст. Азбаски ман солҳои зиёд дар соҳаи худ кор накарда будам, ду сол қабл мактаби тиббиро хатм карда, сертификат гирифтам. Муддати он се сол аст ва пас аз як сол он ба  кор намеояд.
Дар ярмарка даставвал ба ҷойҳои холии шаҳри Самарқанд ва ноҳияи Пастдарғом гузашта пурсидам, то бидонам, ки гуфтаҳои Замира Маҳмудова то чӣ андоза дуруст аст. Дар ҳақиқат, эълонҳои ҷойи холии кориро барои хоҳари шафқат надидам. Намояндагони бемористонҳои Самарқанд гуфтанд, ки «дар мо ҷойи кор барои ҳамшира нест. Мо танҳо ба шифокор ниёз дорем».
Бино ба маълумоти Сарсадорати таъмини  шуғли аҳолӣ дар ярмарка 486 нафар ҷалб гардида, дар он 83 нафар (40 нафар ҷавон ва 37 нафар зан) бо кор таъмин гардиданд. 
Аз ҷониби мутахассисони баландихтисоси мақомоти меҳнат ба 403 нафар шаҳрванд маслиҳатҳои муфид дода шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: