БОЗОРИ НАВИ ЛАБИ КӮЛ

Дар Самарқанд маросими кушодани «Маҷмӯаи фурӯши автомобилҳо» дар ҳудуди хоҷагии фермерии «Оқ амур балиқлари» баргузор гардид.

Бояд таъкид кард, ки Президентамон Ш.Мирзиёев 17-18 марти соли равон ҳангоми ташрифаш ба вилояти Самарқанд дар ҷамъомади фаъолони вилоят, ки дар ноҳияи Пастдарғам барпо гашта буд, ба масъалаи инкишофи вилоят ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум эътибори алоҳида нигаронид.
Дар ҳамин асос баённомаи ҷамъомад, ки аз 146 банд иборат буда, беш аз 260 супоришро дар бар мегирад, тасдиқ гардид. Дар байни онҳо вазифаи то охири соли 2018 ба ҳудуди дигар кӯчондани бозори мошин, ки бахши бозори деҳқонии «Мароқанд» аст ва дар ҷойи он барпо намудани Маркази инноватсионии илмиву таълимӣ ва лабораторияи моҳипарварӣ, меҳмонхона, муассисаи таълими томактабӣ, инчунин, биноҳои истиқоматии бисёрошёна низ ҷой доранд.
Майдони умумии бозори кӯҳнаи мошин 2,6 гектар буда, барои 600 автомобил, майдони замини маҷмӯаи мазкур бошад, 4 гектар буда, барои беш аз 1000 автомобил пешбинӣ шудааст.
– Дар сохтмони бозор, аввало барои фароҳам овардани шароити хуб ба фурӯшанда ва харидорон эътибор дода шуд, – гуфт сардори хоҷагии фермерии «Оқ амур балиқлари» Илҳом Ҳалимов. – Ба мақсади таъмин намудани даромаду баромади автомобилҳо роҳҳои васеъ ва равон, пункти барӯйхатгирии автомобил, шохобчаи таъминоти бехатарӣ, истгоҳ барои автомобилҳо, нуқтаҳои ихчаму замонавии хӯрокхӯрӣ ва бинои маъмурият сохта шуданд. Барои ин корҳо аз ҳисоби хоҷагиамон 5 миллиард сӯм сарф карда шуд.
Инчунин дар тадбир дар ҷойи собиқ бозори мошин кор доир ба амалӣ намудани лоиҳаҳое чун сохтмони маҷмӯи моҳипарварӣ, боғи экологӣ, маркази инноватсионии илмиву таълимӣ ва лабораторияи моҳипарварӣ оғоз ёфтанд.
– Имрӯз дар вилоятамон 9,7 ҳазор гектар ҳавзҳои табиӣ ва сунъӣ буда, дар онҳо 441 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мебаранд, – гуфт сарвари филиали вилоятии бонки саҳҳомию тиҷоратии «Ипотекабанк» Фирӯз Насруллоев. – Бо супориши Президент то охири соли 2018 дар вилоятамон расонидани 10 ҳазор тонна моҳӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҳамин сабаб аз оғози соли 2018 барои 63 лоиҳа доир ба рушди моҳипарварӣ 47,6 миллиард сӯмина вом ҷудо гардид. То охири сол барои амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги истиқболнок боз ба миқдори 52,4 миллиард сӯм, хоҷагии фермерии «Оқ амур балиқлари» 8 миллиард сӯм вом супурда мешавад.
Дар доираи он «Сайли моҳӣ» гузаронда шуд, ки дар он 2 тонна «луқмаи ҳалол» пухта шуда, ба ҳозирон, хонаҳои меҳрубонӣ ва мактаб-интернатҳои махсус пешкаш гардиданд.

З. ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: