БОЗТОБИ АФКОРИ МАОРИФПАРВАРӢ

Дар осори Беҳбудӣ ва Айнӣ

Наҳзати маорифпарварӣ дар ибтидои садаи бист ба дунёи маънавияту тафаккур бузургтарин уламо ва удабои маъруф чун устод С. Айнӣ, М. Беҳбудӣ, М. Сироҷ, М. Ҷалол, А. Мунзим, С. Ализода, С. Аҷзӣ, Ҳ. Муин ва чанди дигарро овард, ки ҳар яки онҳо фарзонагони даврон буданд. Ин чеҳраҳои барҷастаи маорифпарварӣ дар оғози садаи бист барои зуҳури матбуот ҳамчун падидаи тозаи адабӣ-фарҳангӣ ва густариши андеша ва омӯзаҳои маорифпарварӣ заминаи мусоиде фароҳам оварданд.
Дар оғози садаи бист равшангарони тоҷик бо истифода аз ин василаи муҳими таблиғ майдони матбуотро барои тарғиби ормонҳояшон васеъ истифода мебурданд. Дар таълифоти онҳо масоили  умдаи ҷомеа дар соҳаҳои мухталиф ва ҳаводиси кишварҳои дуру наздик мавриди бозгӯйӣ қарор  гирифт. Бо дарки вазъият ва ҳолати нобасомони ҷомеа равшангарон ҳар яке ба сабки мухталиф  масоили иҷтимоиро инъикос менамуданд. 
Муҳимтарин мавзӯъ ва масъалаи муҳиме, ки аз ҷониби равшангарон бо шеваҳои гуногун ва анвои мухталифи адабӣ ва публитсистӣ  дар сафҳаҳои матбуот васеъ мунъакис гардидааст, тарғиби илму дониши замонавӣ чун омили аслии ислоҳ ва таҷаддуди ҷомеа буд. Чунончӣ, мо барои рушанӣ  андохтан ба ин масъала ба осори арзишманди чеҳраҳои маъруфи он замон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва устод Садриддин Айнӣ рӯй  меоварем.
Ин фузалои машҳури давр бо дарки нақш ва нуфузи илму дониш дар ҷомеа дар аксари таълифоти хеш ин омили асосии саодати одамӣ — илму донишро мавриди тарғиб қарор додаанд. Масалан, устод  Айнӣ дар навиштаи «Ҳукумати Шӯро ба мо чӣ дод?» мегӯяд: «Ҳеҷ ҷондоре, бе обу ҳаво зиндагӣ карда наметавонад, инчунин фарзандони одам бе илму маърифат  зиндагӣ карда наметавонанд. Қавми беилм имрӯз ё фардо маҳкуми заволанд», яъне муаллиф ҷомеаро ҳушдор доданист, ки ба шарофати беилмӣ ба миллату қавмҳо хатари нест гардидан таҳдид менамояд.
Ҳангоми мутолиаи навиштаҳои Беҳбудӣ андешаҳои мазкурро мо дар яке аз мақолаҳои ӯ «Эҳтиёҷи миллат» мушоҳида  намудем. Дар ин мақола Беҳбудӣ ба масъалаи илму дониш дахолат намуда, бо  таассуф таъкид менамояд: «Миллате, ки аз илмҳои дунявӣ бехабар аст, поймоли миллатҳои дигар  мегардад». 
Тавре мушоҳида мешавад, андешаҳои ин ду равшангари маъруф як маънӣ доранд. 
Ба хотири он, ки бубинем, ки ин нуктаҳо аввалан дар навиштаҳои кадоме аз ин равшангарон қайд  шудааст, ба осори публитсистии онҳо рӯй овардем. Маълум шуд, ки ин нукта аввал дар мақолаи «Эҳтиёҷи миллат» (13.07.1913) аз тарафи Беҳбудӣ ва баъдан дар мақолаи С.Айнӣ «Ҳукумати Шӯро ба мо чӣ дод?» (Шуълаи инқилоб» 15.12.1919) қайд  шудааст. Бояд гуфт, ки мақолаи Беҳбудӣ дар  замоне дарҷ гардидааст, ки равшангарон орзӯи ислоҳи ҷомеа доштанд. Навиштаи устод Айнӣ дар  замони Шӯравӣ дар айёме, ки ҷомеа рӯй ба ислоҳот оварда буд ва дар мактабҳои усули нав илмҳои  дунявӣ омузонида мешуданд, интишор шудааст. 
Бояд зикр кард, ки устод Айнӣ низ бо таваҷҷуҳ ба рушду пешрафти мамолики дигар дар нигоштаҳои  хеш аз он бо ҳайрат ёдоварӣ намудааст ва он ҳама таррақиёти ин кишварҳоро аз илму дониш донистааст. Чунончӣ, дар мақолаи «Масъалаи Шарқ» (Ш.И. 29.12.1919) ба ин масъала таваҷҷӯҳ  намуда, мегуяд: «...Фарангиён аз ҷиҳати илм ҳунар ва санъат тараққӣ карданд, конҳоро кофтанд, кӯҳҳоро шикофтанд ва аз ҳар гуна қувваи табиӣ, яъне аз ҳар чизе, ки аз тарафи холиқи якто барои  манфиати фарзандони одам халқ шудааст, истифода карданд».         
Ба андешаи мо якрангии ақида ва андешаҳои равшангарон аз он сар задааст, ки беилмӣ аз масоили муҳимтарини ҳалталаб дар ҷомеа ба шумор мерафт ва он равандро равшангарон мехостанд бартараф созанд. Ҳар навиштаи равшангарон ҳушдоре ба аҳли ҷомеа буд.     
Таълифоти ҷолиби Беҳбудӣ фарогири тамоми масоили мавҷудаи ҷомеаи он рӯз буда, воқеияти  иҷтимоии давр дар онҳо бозгӯйӣ шуда, дар ин замина ин равшангари маъруф он ҳама иллату дардҳои кишварро баён намуда, авомили аслии зуҳури ин дардҳои ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад,  ки ин шеваи нигориши масоил аз писандидатарин шеваи нигориши наҳзати маорифпарварӣ гӯем ҳам хато нахоҳад буд.
Чунончӣ, Беҳбудӣ харҷу исрофи зиёдро дар тӯю маросимҳои ҷомеа дида, дар яке аз навиштаҳояш  («Муроҷиат ба ҷавонон») аз мардум талаб менамояд, ки «маблағеро, ки барои тӯйҳо харҷ менамоянд, дар роҳи илмомӯзӣ сарф намоянд».
Беҳбудӣ дурии мардумро аз илму дониш пай бурда, бо таассуфи зиёд ҳушдор медиҳад, ки агар дар  ҷомеа ислоҳот нашавад, «баъд аз 25-соли дигар аҳволи мамлакат ба фасод мувоҷеҳ хоҳад шуд...»
Дар боби ин масъалаи муҳими он рӯз устод Айнӣ низ дар навиштаҳои зиёди хеш ёдовар шудааст. Мавсуф низ ба аҳли ҷомеа рӯй оварда талаб менамояд, ки «ҳар кадоми мо камаш рӯзе ду соат умри  худро ба таҳсили илм сарф намоем» ё ҷойи дигар қайд менамояд, ки «то ҷон дорем, аввал дар илм ва  маориф кӯшем».
Тавре мушоҳида мегардад, равшангарони давр хуб дарк намуда буданд, ки омили асосии рушди  ҷомеа ва ташаккули инсонҳои соҳибхирад, ин пеш аз ҳама, илму дониш аст. Шароити ногувори ҷомеа  ва хору зор будани донишмандонро мушоҳида намуда, равшангарон аз аҳли ҷомеа талаб менамуданд, ки аз кӯйи ғафлату ҷаҳолат ва бесаводӣ зудтар раҳоӣ ёбанд, вагарна фардои дурахшон насибашон  намегардад. 
Дар оғози садаи ХХ, ки оммаи деҳқонон ба зулму истибдоди ҳокимону амалдорони давр гирифтор  буданд, аз ҷабри андози зиёд ва қарзи калон доштан аз амлокдорҳо маҷбур мешуданд, то  заминашонро ҳам фурӯшанд.
Ин масъала низ аз мадди назари равшангарон дур намондааст. Беҳбудӣ андешаҳои худро дар  мақолаи «Иллатҳое, ки моро мехоянд» баён намудааст. Дар ин мақола низ муаллиф оммаи  деҳқононро ҳушдор дода, таъкид намудааст, ки: «Агар ин ҳолат 20-30 соли дигар идома ёбад, замини  ҳавлиҳоро ба аҷнабиҳо фурӯхта, аксари халқ ба гадоӣ мерасанд... нисфи зиёди халқ беватан, безамин,  дарбадар мегарданд». 
Бо вуҷуди нодорӣ, қашшоқиву бенавоӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна бархе аз аҳолӣ дар тӯю маросимҳо  харҷҳое менамуданд, ки ҳисоб надоштанд. Дар он давр расму оин ва бидъатҳои зиёд роиҷ буд, ки аз он ҳама суде набуд, танҳо харҷу исрофи зиёд ва зери қарз ғӯтидани соҳибтӯй ба ниҳон мерасид.
Беҳбудӣ ин ҳама харҷу исрофи зиёдро мушоҳида намуда, онро сахт маҳкум месозад. Дар яке аз  навиштаҳояш дар мавриди хароҷоти зиёд ҳарф зада, бо таассуф мегӯяд: «Хароҷоте, ки дар тӯй ва  таъзия менамоем, агар мо турониҳо дар роҳи илму дин сарф намоем, ба наздикӣ ба монанди  аврупоиҳо тараққӣ  менамоем ва барои худамон, динамон обрӯй пайдо менамоем».
Устод С.Айнӣ низ ба ин масъала бетараф наистода, зидди ин раванд андешаҳои хешро дар мақолае, ки дар боло зикраш рафт, баён намудааст. Дар нигоштааш С. Айнӣ аз харҷу исрофи зиёди баъзе  афроди ҷомеа норозигӣ намуда, ба тааҷҷуб афтодааст, ки онҳое, ки дороие надоштаанд, хонаи худро, колои худро фурӯхта, сарфи ҳавасот мекарданд.    
Ин равандро маорифпарварон дар ҷомеа маҳкум намуда ба низом даровардани он ҳама расму  оинҳоро талаб менамуданд. Деҳқонон маҷбур  мешуданд, то барои гузаронидани тӯю маросимҳои худ  қарз бигиранд. Тавре мушоҳида намудем, равшангарони давр бо назардошти он ки ин раванд дар оянда, мушкилоти зиёдеро ба ҷомеа меорад, дар навиштаҳояшон оид ба ин масъала диққати махсус  медоданд. Беҳбудӣ дар мақолаи «Муроҷиат ба ҷавонон», «Бойи зӯракӣ», «Иллатҳое, ки моро  мехоянд», «Аъмоламон ё ки муродамон» ин масъаларо ба миён гузоштааст.
Ин ҷо бояд гуфт, он ҳолате, ки ҳанӯз дар ибтидои садаи ХХ мавҷуд буд, дар ҷомеаи имрӯза низ  мавҷуд аст.
Яке аз масъалаи муҳими дигари ҷомеаи он рӯз, ки аҳли равшангарони давр ба он таваҷҷӯҳ  намудаанд, ин масъалаи нарасидан ва набудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ба шумор мерафт. Ин норасоӣ дар ҷомеа равшангаронро сахт ба ташвиш оварда буд. Онҳо ин ҳолатро иллати аз тараққӣ бозмондани соҳаҳои гуногуни ҷомеа медонистанд. 
Беҳбудӣ дар ҳама ҳолат аз андешаи рушди илму маорифи кишвараш, боз намондааст, аз нигоҳи дигар гуфта метавонем, ки устод Айнӣ аз ӯҳдаи иҷрои он вазифае, ки Беҳбудӣ дархостааст, баромадааст. Он ҳама хидматҳое, ки устод С. Айнӣ барои халқи тоҷик намудааст, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Чун ин ҷо дар боби нигоштаҳои публитсистии С. Айнӣ ва Беҳбудӣ ҳарф задем, гуфтаҳои муҳаққиқ Абдувалӣ Давронов ба хотир мерасад, ки гуфтааст: «Асоси маводи публитсистикаи Айнӣ ва мақолаҳои адибони  дигари ин давраи адабиёти ду даҳсолаи аввали тоҷик аз ҳамин мутолиа ва огоҳии онҳо аз матбуот (матбуоти форсиву туркӣ – А.А.) маншаъ гирифтааст». 
Устод С. Айнӣ бештар бо такя ба матбуоти хориҷа навиштаҳои хешро омода намуд. Ин нуктаро худи устод таъкид намудааст.
Ба андешаи мо, асоси нигоштаҳои Беҳбудӣ аввалан матбуоти хориҷ аст, ки ба Осиёи Миёна бо ҳар гуна роҳҳо ворид мешуд. Дувум, сафарҳои Беҳбудӣ ба кишварҳои гуногуни дунё ва воқеияти ҷомеа аст.
Дар боби фаъолияти публитсистии Беҳбудӣ метавон гуфт, ки воқеан ӯ чун публитсист ба гуфтаи муҳаққиқон наздик ба 200 ё 500 мақола нигоштааст.
Равшан аст, ки ӯ ба тамоми масоили умдаи ҷомеа дахолат намуда, авомили рушди кишварро дар навиштаҳояш баён намудааст. Назар ба гуфтаи академик М. Шакурӣ «дар Шарқ нашрияе набуд, ки ӯ (Беҳбудӣ —  А.А.) дар он мақолае чоп накарда бошад». 
Беҳбудӣ чун равшангари давр хуб дарк карда буд, ки ҷавонон ояндасози кишваранд, аз ин хотир нигоштаҳои зиёдаш («Муроҷиат ба ҷавонон», «Ойина» —1914) ва «Муроҷиат ба муҳтарам ҷавонон», «Арзи холисона ба муҳтарам самарқандиҳо» («Ҳуррият» — 1917) ба ҷавонон рӯ оварда, эшонро ба илмомӯзиву донишандӯзӣ ҳидоят менамояд. Беҳбудӣ ҷавононро аз вазъи ҷомеа огоҳ сохта, онҳоро ба ваҳдату ҳамгироӣ даъват мекунад.    
Хулоса, бозтоби андешаҳои маорифпарварӣ дар матбуоти оғози садаи бист ба вижа дар осори Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва Садриддин Айнӣ яке аз ҳадафҳои волои равшанфикрони замон буд. 

Абдуқодири АБДУРАУФ,
дотсент, номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: