БОЗТОБИ МАСЪАЛАИ ТАНЗИМИ РАСМУ ОЙИН ДАР ОСОРИ РАВШАНГАРОНИ ТОҶИК

«Яке аз чунин давраҳо, ки андӯхтаҳои маънавии он барои имрӯз аҳамияти ҷудогона дорад, давраи маорифпарварӣ дар таърихи адабиёт ва фалсафаи иҷтимоии тоҷикон аст». Академик Муҳаммадҷон ШАКУРӢ.

Яке аз масъалаҳои умдаи ҷомеаи муосир танзими расму ойин миёни аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Ин мушкилот  дар оғози садаи бист низ мавҷуд буд. Равшанфикрони тоҷик дар бештари таълифоти хеш ба ин масъала таваҷҷӯҳ ва танзими онро талаб менамуданд.
Онҳо дар осору таълифоти хеш ин раванди номатлубро дар ҷомеа сахт маҳкум кардаанд. Яке аз мушкилоти ҷомеаи ибтидои садаи ХХ ин масъалаи харҷу исрофи зиёд дар тӯй, азо ва маросимҳои мухталиф буд. Равшангарон таъкид намудаанд, ки бояд дар ҷомеа ҷашну маросимҳо ба танзим дароварда, исрофу харҷҳои зиёдатӣ ҳар чӣ зудтар барҳам дода шаванд. 
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки дар оғози садаи бист чун яке аз равшангарони замон  маъруф буд, низ дар ин масъала навиштаҳои зиёд дорад, ки аксар дар  сафҳаҳои маҷаллаи “Ойина” (1913-1915) нашр гардидаанд. Ӯ аз харҷу исроф ва амалҳои зиёдатӣ дар ҷомеа ба ҳайрат омада, чунин мегӯяд:
«Ҳар чи қадар маблағе дар даст дорем, дар тӯю азо беҳуда харҷ менамоем. Бо қарз тӯй мекунем, бой мешавем, исроф менамоем». 
Ба андешаи ӯ омили асосии рушди ин харҷу исроф ва маросимҳои гуногун нодонӣ, бесаводии аҳли ҷомеа аст. Бояд гуфт, ки Беҳбудӣ бо бардошт аз сафарҳо ва омӯзаҳои мутафаккирони машҳур ва назари диққаткорона ба урфу одати кишварҳои рушдкарда, сарфи маблағи зиёдро дар тӯю ҷашнҳои гуногун дар дохили кишвар маҳкум менамояд. Ӯ бо таассуф таъкид менамояд, ки:  мо як яҳудӣ, як рус, як арманӣ ҳеҷ вақт дар тӯй панҷ ҳазор сӯм, ҳатто як-ду ҳазор сӯм сарф намуданашонро нафаҳмидаем. Мо бошем, бист ҳазор сӯм сарф менамоем. Кошкӣ, ин маблағ аз мо бошад». 
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бо таҳлили ҳаматарафаи авзои иҷтимоии ҷомеа ба хулосае меояд, ки сабаби аслии исрофкории зиёди мо ин ҳама дурӣ аз илму дониш ва бемаънавиятӣ аст. Чунки агар илм медоштем, ҳисобро низ мефаҳмидем, фоидаву зарарро дарк мекардем ва аз ин корҳо даст мекашидем.  
Дар мақолае бо номи «Бойи зӯракӣ» (Ойина, 1914, №16 с. 270) Беҳбудӣ аз  урфу одатҳои зиёдатӣ дар ҷомеа, давутози як бойи бечора, ки барои тӯйи бодабдаба дар охир зери қарз монда, бо аҳли оилааш дар ба дар мегардад, ёдовар шудааст. 
Беҳбудӣ чун равшангари машҳури давр наметавонист аз инҳо чашм пӯшад ва бо алами зиёд аз он нигаронӣ менамояд, ки имрӯз рӯз то рӯз амалу бидъати зиёд ҷорӣ шуда истодааст.
Ба андешаи Беҳбудӣ, то ин ҳама тӯю маросимҳо танзим нагарданд, рушду пешрафти ҷомеаро орзу намудан маънӣ надорад. Дар ин маврид Беҳбудӣ навиштаҳои зиёд дорад, ки аз мутолиа ва баррасии онҳо азобу машаққати рӯҳии нигорандаи онро метавон пай бурд. 
Навиштаи «Иллатҳое, ки моро мехоянд» («Ойина», 1915, №13, с. 338–342) низ масъалаи тӯй ва азоро дар бар мегирад. Дар он бо далелу мисоли мушаххас омили паст рафтани сатҳи зиндагии мардум, қарздору хонавайрон шудан ва дарбадару ғариб гардидани аксари аҳолии бесавод нишон дода шудааст. Дар ибтидои мақола сухан аз иллатҳои ҷойдошта меравад, муаллиф тӯю азоро душмани аҳли ҷомеа ҳисобидааст. Ба андешаи ӯ, имрӯз омма аз гуфтаҳои  Қуръону Худованди муттаол берун баромада, тӯю азоро серхарҷ менамоянд. Ҳама дороии хешро исроф мекунанд. 
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои қиёс аз расму ойини халқҳои дигар ёдовар мешавад, ки онҳо бештар тӯйҳояшонро шомгоҳон мегузаронанд, аммо мардуми мо «барои тӯй шуда – ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо аз кор мемонанд». Дар натиҷа чизи аз ҳама қимат, вақт аз даст меравад, ки ба ин касе парвое надорад. Оҳанги даъвату хитоб дар ин навишта зиёд аст.
Нуктаи ҷолиби  навиштаҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар он аст, ки тавассути он аз расму ойини замон воқиф мегардем. Навиштаҳои Беҳбудӣ дарду иллати ҷомеаро маҳкум сохта, роҳҳои ҳалли масоили мавҷударо ба омма пешниҳод менамоянд. Ҳар навишта аз баёни масъала ва далелу мисоли мушаххас дар ин мавзӯъ, зикри зиёни он харҷу исроф, роҳи ҳалли масъала ва пешниҳоду андешаҳои муфид иборат аст. 
Равшангари дигари аввали садаи XX  Ҳоҷӣ Муин низ ин равандро сахт маҳкум намуда, харҷу исрофи зиёди сарватмандони замонашро амали зиёдатӣ меҳисобад. Бино ба шаҳодати ӯ новобаста аз вазъу шароити замон «давлатмандони мо дар маърака, тӯю азо, базм аз се сад сӯм то 50 ҳазор сӯм сарф мекунанд. Дар зарфи 10-15 сол ба ҳазорон меҳнат ва машаққат ва росту дуруғ пул ҷамъ карда, ҷиҳати иҷрои маросим дар як рӯз бо панҷшоха бар бод медиҳанд, ки аз ин на ба дин нафъе, на ба миллат суде мерасад». 
Ҳоҷӣ Муин харҷу исрофи сарватмандонро мушоҳида намуда, аз аҳли илм хоҳиш менамояд, ки пеши роҳи ин раванди номатлубро бигиранд. Бино ба таъкиди Ҳоҷӣ Муин саъю талоши сарватмандон барои рушди ҷомеа метавонад ба пешрафту тараққиёти ҷомеа мусоидат намояд. Агар имрӯз сарватмандон пулҳои ба ҷон баробари худро барои таъсиси макотиб ва авлоди худ сарф намоянд, рафта-рафта ба қатори мардуми замон  хоҳем даромад. 
Дар як навиштаи ҷолиби хеш Ҳоҷӣ Муин, ки «Ислоҳи расм  лозим  аст» унвон дорад, хеле возеҳу равшан  аз мавҷудияти расму одатҳои зиёде дар ҷомеа иттилоъ медиҳад. Бино ба гуфти ӯ, имрӯз «дар миёни мо туркистониён  расму одатҳои  бисёре  ҳукмфармост, ки инҳо  ба мусалмонони дигар ҷойҳо нест. Он  расму одат  иборат  аз исрофоти  тӯйҳои «хатна», «бист»,«чил» ва «сол»  аз барои  мурдагон.  .... Бештарини  мардум аз шарми халқ  ё  ки ба хаёли «ман аз  фалонӣ кам-ми?» пул, сӯм  қарз бардошта, ба иҷрои ин маросими хонахаробкунанда сарф мекунанд. Ва худ умре дар зери бори қарз  аз  осоиши  ҳаёту  дунё маҳрум  монда… ба  сарсонӣ дунё  сафар менамоянд. Авлодашон  ҳам  хору зор  умре  сабр мекунанд. Ин русум дар фикру қалби мо туркистониён  ба  ҳадде мутаваллӣ ҷойгир шудааст...
Ҳоло ... саодати  бани башар  илму ҳунар  аст. На иҷрои  маросими тӯй ва азо. Ба фикри банда  маросими тӯй ва азоро ба якбора тарк намудан  (аҳли) маҷлис розӣ намешавад. Аммо ислоҳ  намудан, албатта лозим аст». 
Аз омӯзиши навиштаҳои равшангарон метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки осори онҳо аслан ба некӯаҳволии оммаи кишвар, аз ғафлату ҷаҳолат ва нодонӣ раҳо намудани вай нигаронида шудаанд. Бо эҷоди ин навиштаҳои пурдарду алам эшон бори дигар аҳли ҷомеаро ҳушдор додаанд, ки самараи беилмӣ, бемаърифатӣ ва ғафлатзадагӣ ба чӣ оварда мерасонад. Чунончӣ, Ҳоҷӣ Муин дар яке аз навиштаҳояш андешаҳои пеши худро дар боби танзими расму ойин баён намуда, талаб менамояд, ки имрӯз «дар тӯйҳо хилъатпӯшонӣ, қанду наботбахширо  барҳам додан лозим аст. Ин расми исрофкории тӯй ва азоро бад-ин намуна ислоҳ намудан... лозим аст. Вагарна зи дасти ин балои  мубрам рӯз то рӯз зарари моён  бештар шуда, рафта-рафта аз боғу ҳавлии худамон маҳрум мемонем». (Ойина, №18 22-02-1914. с-337).
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки равшангарони замон дар оғози садаи бист бо дарки воқеияти иҷтимоӣ бештар бад-он талош намуданд, ки иллату дардҳои ҷомеаро ба таври возеҳ инъикос намоянд. Таълифоти ҷолиби равшангарон хусусан доир ба харҷу исрофи зиёд дар тӯю маросимҳо далели он буда метавонад, ки онҳо бо умеди рушду пешрафти  ҷомеа ба ин масъала дахолат намудаанд.
 
Абдуқодири АБДУРАУФ,
дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: