Ислоҳоти ояндасоз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро фаро гирифтааст.
Ислоҳоти ояндасоз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро фаро гирифтааст. Аз ин раванди таърихии созандаю бунёдкор соҳаи таълими халқ низ дар канор нест. Мазмун ва моҳияти таълим ба куллӣ тағйир меёбад. Техникаю технологияи нав дар кори таълим ҷорӣ мешаванд. Китобҳои таълимӣ мутобиқи меъёрҳои нави таълими давлатӣ таълиф меёбанд. Қолабҳои анъанавии дарсгузаронӣ шикаста, усулҳои тозаи дарсгузаронӣ ҷорӣ мегарданд. Ҳар як дарс хонандаи имрӯзро бояд ба худшиносию худогоҳӣ, озодандешӣ раҳнамо бошанд. Дар дарсҳои амалӣ ба омӯзиши пухтаи касбу ҳунар бояд бештар эътибор дод. Мақсад тарбия ва парвариши ҷавонони доною бомаърифат, худшиносу худогоҳ, соҳибкорони созандаю бунёдкор аст.
Чанд рӯз муқаддам дар шаҳри Тошканд будам. Ба дидорбинии баъзе аз дастандаркорони рӯзномаи «Овози тоҷик» мушарраф гардидам. Дар ин маврид як ишораи нависандаи хушсалиқа Холмурод Шарифов ёдам омад, ки гуфта: «Дарёфти дидори бузургон шарифтарин неъматест, ки чун файзи баҳорон, чаману гулистонро тароват мебахшад, синаҳоро мусаффо намуда, дилро ба сӯйи ростию вафо тамоил медиҳад ва инсонро ба роҳи некӣ ва ҳақ ҳидоят менамояд». Ҳар касро чунин вохӯриҳо хуш ва хотирмон хоҳад буд.
Паймони шоир китоби «Даҳ пурсишу даҳ посух»-ро пешкаш намуд. Китобро ба даст гирифтам. Назар афкандам ба муқоваи он: дар мобайни муқова Паймон. «Даҳ пурсишу даҳ посух» назаррас дарҷ ёфта, дар боло ва поёни матн расм-суратҳои даҳ нафар оламафрӯзони адабиёти форс-тоҷик аз Одамушшуаро Рӯдакӣ то Устод Садриддин Айнӣ акс ёфтаанд. Муқова рангин ва атрофи суратҳо нақшдор.
Китобро варақ задам. Он бо «Маснавии муфид» ном дебочаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ оғоз меёбад. Муаллиф китобро оқилонаю одилона арзёбӣ мекунад: «барои хонандагони мактабҳо арзиши тарбиявию таълимӣ дорад ва як саҳнаи шоиронаи дарси таърихи адабиёт аст». Китоби «Даҳ пурсишу даҳ посух» маснавӣ ва шеърҳои барои мактабиён эҷоднамудаи Паймонро дар бар мегирад.
Маснавиро дар маҷмӯаи шеърҳои Паймон «Шабоҳанг» хондаем. Китоби «Даҳ пурсишу даҳ посух» бо саҳифабандӣ, ороиш, сурати адибони мумтоз, замони зиндагӣ, нишондоди мақбараю ҳайкалҳо бо манзил боз ҳам ҷозибу ҷолиб баромадааст. Ба ин маъно истифодаи китоб натанҳо «дар дарсҳои адабиёти синфҳои поёнӣ», балки дар дарсҳои таърих, ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва математика низ аз манфиат холӣ нест.
«Маснавӣ» аз «Оғоз», «Даҳ пурсишу даҳ посух» ва «Анҷом» иборат аст. Дар «Оғоз» шоир хушию ҷаззобияти табиатро тасвир намуда, дар он муҳити дилкаш даҳ кӯдаки шодонро пас аз бозии ҷисмонӣ ба «Бозии дониш», яъне
Бозии фазли доим,
Бозии ақли солим.
Пурсему посухи он
Ёбем бо ҳам осон.
бо сарварии Лолахола гирд меоварад ва «Бозии дониш» бо пурсиш оғоз меёбад. Кӯдакон посухро бо кӯмаки ҳамдигар меёбанд.
Пусиши аввал ин аст:
Рӯдакӣ худ кӣ будаст?
Кай? Дар куҷо бизод ӯ?
Осор чӣ ниҳод ӯ?
Паймон ба ин пурсишҳо бо маҳорати комили шоирона посух медиҳад:
Даҳ аср аз ин
муқаддам,
Дар Панҷакенти
хуррам.
Дар марзи
Тоҷикистон,
Дар деҳи Рӯдаки он.
Тифле ба олам омад
То гашт пас
саромад,..
Пас ӯ ба Бухоро рафта, дар дарбори Сомониён роҳ ёфт. Он ҷо:
Ашъору достон гуфт,
Аҳволи бостон гуфт…
Номаш сари забон
шуд,
Султони шоирон шуд.
З-он аср то ба ин рӯз,
Шеъри вай аст пирӯз.
Дар шеъру дар
ғазал кас,
Н-омад бузург аз ӯ пас.
Ӯ то кунун ягона-ст,
Фарзанди ҳар замон
аст.
Паймон дар ҳаждаҳ байти посух ҳаёт ва фаъолияти саромади адабиёти мумтози тоҷик Рӯдакиро боварибахш ба назм кашидааст, хонанда дарку эҳсос мекунад, ки чаро Рӯдакӣ «фарзанди ҳар давр аст». Ҳамчунин хонанда бо симову сурат, солҳои ҳаёт (858-941) ва арҷгузории халқи тоҷик – мақбараи Рӯдакӣ дар Панҷакент шинос мегардад.
Ҳамин тариқ дар пурсишу посухҳои баъдӣ масоили ному насаб, лақаби шоирӣ, дар куҷо зода шудану куҷо зистан, номи қаҳрамонҳои осори бамеросгузоштаи Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Иқбол ва саромади адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ матраҳ шудаанд, ки аз манфиати судманд орӣ нестанд.
Ҳар як пурсишу посух водор ба андеша месозад хонандаро: чаро ин бузургон то ба имрӯз зиндаву аз зиндаҳо ҳам зиндатар ва минбаъд зинда хоҳанд буд дар дилу дида ва хотираи халқ?! Посух оддӣ: инсон ҳамеша бояд дар ҷустуҷӯ, эҷодкор, ташаббускор, созандаю бунёдкор бошад. Ба дилу дидаи мардум роҳ ёбад, дар ташаккули маънавияти инсоният саҳм бигирад ва ба ин тариқ аз худ дар ҷомеа нақши мондагор гузорад.
Маснавию шеърҳои маҷмӯаро ҳар як муаррих метавонад чун дастурамали фанни таърих истифода барад. Ҳар як боби таърих мавзӯе дар бораи маданияту фарҳанг дорад. Истифодаи маводи китоб дар чунин дарсҳо танҳо манфиатовар буда, он марбут аст ба маҳорат ва таҷрибаи омӯзгор. Ба замми ин дар маснавӣ бисёр истилоҳоти таърихӣ чун «деҳгон», қаҳрамонҳои Фирдавсию Устод Айнӣ ва чанди дигар мавриди истифода қарор ёфтаанд, ки дар омӯзиши таърих судманд мебошанд.
Мафҳумҳои ҷуғрофӣ чун Панҷакенту Рӯдак, Тоҷикистону Бухоро, Тӯсу Эрону Бож, Озар, Балху Рум ва чанди дигар номҳои маҳаллу макон омӯзгори ҷуғрофияро ба кор меояд, ҷаҳонбинии хонандаро сайқал медиҳад. Маҳорати корбарии хонандаро бо харита ривоҷу такмил мебахшад.
Солҳо ва асрҳо, ки дар китоб оварда шудаанд, дархӯрди омӯзгори фанни математика низ мебошанд. Хонанда метавонад худ ё бо кӯмаки омӯзгор масъалаҳое тартиб диҳад, адибон чанд сол зистаанд.
Дар адабиёти ғании форс-тоҷик намунаҳои зиёди маснавӣ эҷод шудаанд. «Даҳ пурсишу даҳ посух» дар пайравӣ ба устодони назми адабиёти кӯдаконаи мо навишта шудааст. Паймон тавассути маснавии худ на танҳо «ба афзудани дониш ва саводи адабии шогирдон», балки дар рушду такомули эҳсосоти худшиносию худогоҳӣ, озодандешӣ, созандагию бунёдкорӣ ва билохира, дар ташаккули инсони комил саҳм мегирад. Тавре ки Ҷумъа Ҳамроҳ қайд мекунад: «бояд хонандагони гиромиқадрро ба қадри тавон дар хондан ва шинохти шоирӣ, мазмуну муҳтаво ва ҳунари шоирии Паймон раҳнамоӣ кард». Иҷрои ин амал тавъам аст ба таҷриба ва маҳорати омӯзгор. Аз ин нуқтаи назар маснавии «Даҳ пурсишу даҳ посух» чун маводи дидактикӣ китоби рӯйимизии ҳар як омӯзгор ва хонанда бояд бошад.
Шуҳрат НУРНАЗАРОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори собиқадор.