БУБАХШОЙӢ, БУБАХШОЯНД БО ТУ...

Дар асари “Ахлоқи Муҳсинӣ”-и адиби машҳури классики тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар боби шафқат, меҳр ва марҳамат оварда шудааст: “Сабуктегин – падари Султон Маҳмуд дар аввали ҳол, ки мулозими Самҷур буд, як сар асп беш надошт ва авқоти ӯ бағоят ба ишрат мегузашт.

Ҳар рӯз ба азми шикор ба саҳро рафтӣ. Агар сайде ба даст омадӣ, бад-он гузаронидӣ. Рӯзе оҳуе дид, бо бачаи худ дар саҳро мечарид. Сабуктегин асп барангехт. Оҳу бигрехт, чун бачаи ӯ хурд буд, бо модар натавонист гурехтан. Ӯро бигирифт ва дасту пояш барбаст ва дар пеши зин ниҳода, роҳи шаҳр пеш гирифт. Оҳу, ки бачаи худро гирифтор дид, бозгашт ва дар пай медавид ва фарёд мекарду менолид.
Сабуктегинро бар вай раҳм омад ва дасту пойи оҳубачаро бикушод ва сар ба саҳро дод. Модар омаду бачаро дар пеш гирифт ва рӯй ба осмон карда, ба забони безабонӣ муноҷоте кард: – “Оне, ки забони безабонӣ донӣ...”.
Сабуктегин дасти холӣ ба шаҳр бозомад ва шабона хоб дид, ки ба вай мегӯянд: – “Эй Сабуктегин, ба воситаи он шафқату марҳамате, ки дар ту ба вуҷуд омад ва бар ҷиҳати он караму меҳрбонӣ, ки дар ҳаққи он бечора ва забонбаста кардӣ, ба ҳазрати Ҳақ тақарруби тамом ёфтӣ ва мо аз ту хушнуд шудем. Ту подшоҳӣ меёбӣ, бояд, ки ба бандагон ба ҳамин навъ шафқат ба ҷой оварӣ ва дар бораи раияти худ тариқи марҳамат фурӯ нагузорӣ”. Ҳукамо гуфтаанд, ки яке аз осори шафқати султон он аст, ки чунон раиятро дӯст дорад, ки падар фарзандро ва ҳар чӣ бар худ написандад, бар эшон написандад. То эшон низ молу ҷони худро аз вай дареғ надоранд ва ҳар чӣ доранд, фидои вай кунанд ва ҳама ҳиммати худро бар дарозии умру зиёдатии давлати ӯ гуморанд ва чандон, ки ӯро раҳму шафқат бар халқ бештар бошад...”.
Маснавӣ:
Бубахшойӣ, бубахшоянд бо ту, 
Даре аз ғайб бикшоянд бар ту.
Агар раҳмат зи ҳақ дорӣ 
таманно,
Ту ҳам бар дигарон раҳме 
бифармо.
Дарҳақиқат, инсон ташнаи меҳр ва раҳму шафқат аст. Меҳр ба ҳамаи дардҳо марҳам мегардад, ҳатто инсонҳои маъюб аз меҳру шафқат ба по мехезанд, дарду ранҷи худро фаромӯш мекунанд.
Ҳамсуҳбати мо, Акмал Ризоев – дар яке аз мағозаҳои бисёрсоҳаи ноҳияи Чилонзор ходими савдо мебошад, ки ҷавони хушзавқ ва боодоб буда, аз пастиву баландиҳои рӯзгор бохабар аст, вай доир ба мавзӯи мазкур фикри худро баён намуд.
– Бовар кунед, бо келинатон тавассути интернет ва телефон шинос шудам. Вақти пулгузаронӣ ба телефон рақамро нодуруст гуфтаам, пул ба телефони Наргис ном духтаре афтидааст. Ҳамин баҳона шуду бо ӯ телефонӣ мулоқот мекардагӣ шудем. Ман дар коллеҷи роҳи оҳан таҳсил мегирифтам. Наргис дар коллеҷи тиббӣ мехонд. Аввалҳо муносибати мо дӯстона буд, дертар дар дили ман нисбат ба ӯ як самимият пайдо шуд ва аҳд кардам, ки ӯро бубинам. Аммо Наргис пешниҳоди маро ҳамеша рад мекард, бо ман рӯ ба рӯ шудан намехост. Рӯзе вохӯрдем. Вохӯрии нахустинамро бо ӯ як умр фаромӯш намекунам. Боғи истироҳат. Дар курсии сояи дарахт нишастааст, ситорагарм ва зебо. Маро дида ба пешвозам нахест. Аз ин муносибат ҳайрон шудам, баъд нигоҳам ба асобағале афтод, ки дар пояи дарахт меистод. Духтар бо чеҳраи маҳзун ва табассуми беғубор ба ман нигоҳ мекард. Он лаҳза Офаридгор дар дили ман нисбат ба ӯ раҳму шафқат ангехт.... Наргис бино бар садамаи автомобил аз пойи росташ то зону ҷудо шуда будааст. 
Ҳамин тариқ, муносибати мо рӯз аз рӯз мустаҳкам гардида, охирон ҳамхона ва соҳиби ду фарзанд шудем. Дертар шифокорон ба пойи ӯ протез шинонданд. Ҳоло бе асобағал мегардад. Маро мудом бо меҳрубонию табассуми ширин пешвоз мегирад, мунису ғамхори фарзандонамон аст. Ман худро аз инсонҳои хушбахт меҳисобам. Баъзе ҷавонони имрӯзро намефаҳмам. Сиҳату саломатанд, ба қавле «кӯҳро талқон мекунанд». Аммо бо баҳонаи ночизе оиларо пароканда карда, кӯдаконро хору зор мегардонанд. Таъмину ҳифзи оила, меҳрубониву раҳму шафқат нисбати он дар дасти худамон, – мегӯяд  Акмалҷон.
Оре, ба дарди Наргис барин беморон, ки ба раҳму шафқат ниёз доранд, марҳаму ҳамдард шудан, қалби онҳоро нисбат ба ҳаёту зиндагӣ гарм кардан вазифаи ҳар як инсони некдилу хайрандеш аст.
    
Саодат БЕКНАЗАРОВА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: