«БУХОРО-АГРО» – РОҲ СӮИ ФАРОВОНӢ

10 июли соли 2018 Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои ташкил намудани минтақаи озоди иқтисодии «Бухоро-агро» қабул гардида буд.

Ба қарибӣ мо бо директори МОИ «Бухоро-агро» Барно ТЕШАЕВ вохӯрда, аз ӯ хоҳиш намудем оиди ҷараёни корҳо бобати ба амал татбиқ намудани қарори номбурда суҳбат кунад.
– Бояд таъкид намуд, ки ҷараёни созмонёбии МОИ «Бухоро-агро» аз моҳи август инҷониб сурат мегирад. Бинобар қарори ҳукумат аз ҳудуди ноҳияҳои Рометан, Пешкӯ, Бухоро, Ҷондор ва Когон барои «Бухоро-агро» 3000 гектар майдон ҷудо гардид. Аз ҷумла, аз ҳудуди мавзеъҳои Челонғую Боғитуркони ноҳияи Рометан 1100 гектар, аз минтақаи Зийқобили ноҳияи Когон 900 гектар, аз мавзеи «Асад Шокиров»-и ноҳияи Бухоро 500 гектар, аз мавзеи Туркистони ноҳияи Пешкӯ 400 гектар ва аз самти Яккатути ноҳияи Ҷондор 100 гектар майдон бо мақсади бунёди гармхонаҳои замонавӣ ба нақша даромад. Харитаи ҷойгиршавии майдонҳо ва нақшаҳои асосии онҳоро Институти «Қишлоққурилишлойиҳа» тайёр кард.
Шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои хурди саноатӣ 136-то лоиҳаро, ки бояд солҳои 2019-2020 дар 814 гектар майдон татбиқ гардад, ҷонибдорӣ намуд. Қимати ин лоиҳаҳо ба 437,4 миллион доллари ИМА баробар буда, 89,4 миллион доллараш аз ҳисоби маблағи худи ташаббускорон, 224,3 миллион доллари он аз ҳисоби вомҳои бонк ва 117,9 миллион доллараш аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ пардохта мешавад. Аз 136-то лоиҳаи маъқулгардида 2-тоаш ба истеҳсоли қуттӣ, 1-тоаш ба расонда додани садбарг, 2-тоаш ба истеҳсоли ҷиҳози гармхона, 131-тоаш ба сохтани гармхонаҳо бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ: помидор, бодиринг, лимӯ, қаламфури булғорӣ, занҷабил, кабудӣ, ниҳол, қулфиной, банан дахл дорад. Дар натиҷаи ҷомаи амал пӯшидани ин лоиҳаҳо 8700 ҷои нави корӣ ба вуҷуд меояд. Имрӯз дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Бухоро-агро» аз ҷониби сармоягузорон сохтмони гармхонаҳо оғоз ёфта, аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ баҳри амалӣ гардидани он 4 лоиҳа ба миқдори 7,1 миллион доллари ИМА вом ҷудо гардидааст. 
Аз ҷумла дар 9 гектар майдони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҳамро, Мавлон, Ашурҷон», дар 3 қитъаи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Тошкент-таъмирбетон» ва як гектар замини ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сириус-Бухоро» корҳои сохтмони гармхона дар авҷ аст.
Корхонаи хориҷии шаклан ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Buxara varnet» дар мавзеи «Асад Шокиров» дар 6 гектар майдон ба сохтмони гармхонаҳои замонавии гидропоникӣ ибтидо гузошт. Рӯзҳои наздик аввалин гармхонаҳо тайёр мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки сармоядорони зиёди хориҷию маҳаллӣ бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Аз ҷумла, корхонаи «Daewoo steel» Co.Ltd-и Куриёи Ҷанубӣ дар 20 гектар майдон бо лоиҳаи худ, ки қимати он ба 50 миллион доллари ИМА баробар аст, бо мақсади сохтмони маҷмӯи гармхонаҳои замонавӣ, маркази таълимӣ ва истеҳсоли ҷиҳозҳои гармхона иштирок кардан мехоҳад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Agrico central Asia» бобати дар 100 гектар майдон бунёди гармхонаҳо ва маркази логистика ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Apex agro» дар 50 гектар замин бо мақсади бунёд кардани гармхонаҳои навъи гидропоника нақшаҳои кори худро ба МОИ «Бухоро-агро» супоридаанд. 
Соли ҷорӣ сармоядорони маҳаллӣ бобати дар 350 гектар майдони МОИ «Бухоро-агро» бунёд кардани гармхонаҳо муроҷиат карданд. Ба ғайр аз ин, дар ноҳияи Когон бо чор ширкати Русия оиди дар 80 гектар майдон бунёд кардани маҷмӯи гармхонаҳо, корхонаҳои азнавкоркунии маҳсулот гуфтушунидҳо идома дорад.
Ҳамин тариқ, то охири сол дар 1000 гектар  майдон гармхонаҳо сохта мешаванд ва ҷараёни бунёдкорӣ дар ҳамаи 3000 гектар майдон то охири соли оянда поён меёбанд.
Аз фурсат истифода бурда соҳибкорон, сармоядорони ватанӣ ва мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, дӯстони тоҷикистониро бо мақсади ободии диёр ва фаровонии халқҳоямон ба ҳамкорӣ даъват менамоям.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: