...БУХОРО ҚУББАТУЛИСЛОМУ ДИН АСТ

Самарқанду Бухоро.

Самарқанду Бухоро. Ду шаҳри азим, ду шаҳри таърихиву бостонӣ. Ду вилояти нафақат аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати сайёҳи низ маълуму машҳур. Ногуфта намонад, ки дар бораи ин ду куҳаншаҳри таърихии кишвари офтобии мо бисёр навиштаву нақл кардаанд...
Солҳои мактабхонӣ орзӯи бо чашми худ дидани Самарқанду Бухороро доштам. Ҳарчанд аз тариқи телевизион дидаву аз дидагон таърифу тавсифи онҳоро шунида будам, чанде қабл ҳамчун сайёҳи ватанӣ зиёрат кардани зиёратгоҳ ва обидаҳои меъмории ин шаҳрҳои куҳанбунёди таърихӣ  насиб кард. Мо чанд нафар омӯзгорони деҳа бо ин мақсад ба роҳ баромадем. Сафар ба Бухоро барои қисми зиёди мо нахустин буд, бинобар ин аввал ба боздиди ин шаҳр шитофтем. Бо вуҷуди пандемия ва карантин дар мамлакат ҳукмрон, сафари мо бо риояи қоидаҳои карантин тавассути шоҳроҳе, ки вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ, Бухороро мепайвандад, сурат гирифт. Баъди қариб 10 соат ба Бухоро расидем. Чун рӯзи ҷумъаи муборак буд, намози ҷумъаро дар Масҷиди ҷомеъ, ки бо номи яке аз ҳафт пири машҳури Бухоро Хоҷа Абдухолиқ Ғиждувонӣ вобастааст, адо кардем. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ маҷмӯи ёдгории асосгузори тариқати нақшбандия Баҳоуддини Нақшбандро зиёрат кардем. Дар ин ҷо доир ба ҳаёт ва фаъолияти Пири Нақшбанд ва тариқати ӯ, ки ҳикмати “Дил ба ёру даст ба кор” шиори зиндагиаш карда буд, маълумоти муфассал гирефтем. Бо таърихи обидаи модари Баҳоуддин Балогардон, Масҷиди Амир Музаффар (асри XIX), мадрасаи олии навбунёди Мири Араб аз наздик шинос шудем. 
Рӯзи дуюми сафар аз маҷмӯи ёдгории шогирди Баҳоуддин Нақшбанд Саид Амир Кулол боздид ба амал овардем. Пас аз тиловати ояҳои Қуръон тавассути нақлиёти мусофирбар маркази шаҳрро пеш гирифтем ва бо маҷмӯъҳои ёдгорӣ ва таърихии Лаби ҳавз, ҳайкали Насриддин Афандӣ, тути лаби ҳавз, ки мегӯянд, соли 1477 нишонда шудааст, Манораи калон, Мадрасаи Мири Араб, Арки Бухоро, Мақбараи Исмоили Сомонӣ (асрҳои IX-X), Чашмаи Аюб, Масҷиди болои Лаби ҳавз, зиндон (асри XVIII) ва ғайра шинос шудем. Бояд гуфт, ки Бухоро бо тамоми зиёратгоҳҳо, мақбара ва маҷмӯъҳои ёдгориву таърихиаш, ки ҳамаи онҳоро наметавон ин ҷо номбар кард, ба мо – сайёҳон хотироти нек боқӣ гузошт. Назди ҳар як маҷмӯи ёдгорӣ ва таърихии ин қуббатулислому дин акс гирифтем, то солҳои зиёд аз ин сафари таърихӣ ёд кунем ва ба фарзандони худ нақл намоем. 
Шоми рӯзи дуюми сафар ба майдони Регистони шаҳри Самарқанд расидем. Ин шаҳри азимро беҳуда, сайқали рӯйи замин нагуфтаанд. Чандин аср боз эътибори  сайёҳони тамоми ҷаҳонро ҷалб карданаш низ бесабаб набудааст. Хушбахтона ба шабона тамошо кардани майдони машҳури Регистон, ки мардуми оламро мафтун кардааст, мушарраф шудем. Мадрасаҳои Тиллокорӣ, Шердор ва Улуғбек, ки бо чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудаанд, манзараи бағоят аҷиб доштанд. 
Субҳи рӯзи сеюми сафар Хонамузейи устод Садриддин Айниро зиёрат намудем. Мизу курсиҳои корӣ ва меҳмонхонаву айвонҳои хонаи алломаи бузурги миллатро бо чашми худ  дидем. Осорхонаи устод бо таҷдиду таъмири куллӣ ҳусни дигар гирифта буд. Обидаҳои таърихии шаҳр, аз ҷумла маҷмӯаҳои ёдгории Гӯри Амир, Шоҳизинда, Бибихонум, расадхонаи Мирзо Улуғбекро дида, барои хотира аксҳо бардоштем. Маҷмӯи таърихии шаҳри қадимаи Самарқанд “Афросиёб”-ро низ тамошо кардем ва дар бораи ин шаҳри қадима маълумот гирифтем. Бояд гуфт, ки санъати меъморӣ ва иморатсозии гузаштагони мо, ки дар маҷмӯъҳои таърихиву ёдгории Самарқанду Бухоро васеъ истифода шудаанду ин ду шаҳри таърихиро машҳури ҷаҳон гардондаанд, ба мо тассуроти зиёд бахшиданд. Ҳақ бар ҷониб аст, оне ки фармуда:
Самарқанд сайқали рӯйи 
замин аст,
Бухоро қуббатулислому 
 дин аст. 

Меҳровари ҚОДИР.
Ноҳияи БӮКА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: