«Ворисони ориёиҳо, ки то ба имрӯз мавҷудияти худро дар кишвари Туркистон нигоҳ медоранд, тоҷикон мебошанд.
Онҳо аҳолии таҳҷоии зироаткори ҳавзаҳои дарёи Ому ва Сирдарё, ҳамчунин то Таримро дар Туркистони Шарқӣ ташкил медиҳанд».(Хаников Н. Записки по этнографии Персии. М., 1977, саҳ. 278). Ҳамин муаллиф дар мақолаи «О таджиках» аз Омалиус иқтибосе меоварад: «... забони ориёиҳо, ки лингвистон ба гурӯҳи ҳиндуаврупоиҳо нисбат медиҳанд, дар паҳнои Эрон ва Туркистон пайдо ва ташаккул ёфта, ба назарам, аз он ҷо ба Ҳиндустон ва Аврупо рафта, густариш ёфтааст». (Таджики в источниках и трудах исследователей (материалы по истории таджиков). Душанбе, «Дониш», 2018, саҳ. 55. Минбаъд дар иқтибосҳо аз ин китоб танҳо саҳифаи он гузошта мешавад). Муаррихи варзида А. Шишов хулосаҳои болоиро тақвият бахшидааст: «Гаҳвораи қабилаҳои ориёӣ баландкӯҳҳои Помир буда, аз ин ҷо ба самтҳои гуногун паҳн шудаанд». (саҳ. 237). Шарқшинос ва муаррихи шинохта В. В. Бартолд собит намудааст, ки аҳолии таҳҷоии кишвари Туркистон эронитабор мебошанд. Маданияти пешрафтаи суғдиён, хоразмиҳо ва бохтариҳо, ки аз оилаи форсизабонҳо будаанд, шаҳодати ҳол аст. (саҳ. 191).
Мардумшиносу кишваршиносон ва таърихшиносон А.Д. Гребинкина, Л. Н. Соболев, Ф. А. Миддендорф, А. А.Семёнов, В. И. Кушелевский, С. Маславский ва дигар муҳаққиқон хулосаҳои болоиро пайравӣ ва тақвият бахшидаанд.
Тоҷикон мансуб ба нажоди ориёӣ будаанд. Пас ориёиҳо кистанд ва Ориёно чӣ моҳияте дорад? Ориёӣ аз вожаи авестоии «arya» ва эронии «airya» баромада, маънояш «тоза», «пок», «асилзода» аст. Тибқи маълумотҳо дар замонҳои қадим ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил медоданд, яъне як халқ буданд, ба як забон гап мезаданд ва дар як сарзамин зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асрҳои ХХ ва Х пеш аз милод онҳо ба ду шоха ҷудо мешаванд. Яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида, дар он ҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Марказӣ ва Эрони Шарқӣ маскан гирифта, зиндагӣ мекарданд ва «Авасто»-ро офариданд. Мувофиқи сарчашмаҳо қадимтарин ва аввалин сулолаи подшоҳони ориёӣ сулолаи Пешдодиён будааст.
Бо гузашти замон қисме аз онҳо ба сарзаминҳои Рус, Аврупо рафтаанд. Ва мардуми ин сарзаминҳо худро ориёинажод мегӯянд. Ҳар чанд олимон собит кардаанд, ки забони мардуми номбурда решаи ягона дорад, бо мурури замон ва набудани алоқа байни ҳамдигар шеваи дигар пайдо мекунад ва зери таъсири омилҳои табиӣ симои онҳо низ то андозае тағир ёфтааст. Аждодони бевоситаи тоҷикон бохтариҳо, суғдиён, хоразмиён, портҳо, модҳо, халқҳои саҳронишини сакоиҳову скифҳо форсизабон буданд, ба нажоди ориёӣ мутааллиқ мебошанд.
»Ориёно» маънои кишвари ориёиҳоро дорад, яъне он сарзаминҳое, ки онҳо он ҷо буду бош доштанд. Ориёно заминҳои соҳили чапи Сирдарё ва баъдтар заминҳои соҳили чапи дарёи Ому, сарзамини имрӯзаи Туркманистони ҷанубу ғарбӣ ва Афғонистону Эронро дарбар мегирифт. Номи кунунии Эрон аз вожаи «Орин», яъне «Ориёно» падид омадааст.
Мақсад аз нигориши ин сатрҳо таҳлилу баррасии таърихи ориёиҳо набуда, ба хонандаи закӣ рӯнамоии сарчашмаест, ки олими олмонӣ доктор Аспикул зимни заҳмати зиёд ба хондани он комёб гардидааст. Мутолиаи нахустрӯзномаи форсии тоҷикии аморати Бухоро гузорише дар «Бухорои шариф» оиди ориёиҳо хеле ҷолиб буд. Дар мақолаи «Забони иройӣ ё орин» омадааст, ки доктор Аспикули олмонӣ дар соли 1868 ба фаҳмидан ва кашфи сарфу наҳви хати мехӣ, ки дар ҳаволии Истахр (ё Персополис), ки феълан бо тахти Ҷамшед маъруф ва наздики шаҳри Шероз воқеъ аст, муваффақ гардид». («Бухорои шариф», № 26 аз 10 апрели соли 1912). Омадааст, ки муаллиф дар омӯзиши забони ориёиҳо дар Туркистон, Мовароуннаҳр, Афғонистон, Ҳиндустон ва Эрон китобҳои зиёдеро оиди забони ориёӣ ҷамъоварӣ намуда, ба хондани «забони «пашқ»-и афғони қадим, санскрити ҳиндӣ ва паҳлавӣ муваффақ шудааст. Аспикули олмонӣ забони ориёӣ, ки саросари оламро фаро гирифтааст, бо шохаҳояш муайян намуда, пешкаши хонанда намудааст. Ин кашфиёти олим сарчашма ва кори муҳими илмӣ дар омӯзиши забони ориёӣ мебошад. Ӯ шуъба (шоха)-ҳои забони бузургворро, ки баъд аз тафриқааш аз манбаъ (макон)-и аслӣ, ки навоҳии кӯҳи Помири ҳолия буд, ба сурати як шаҷара тадқиқ намудааст. Шохаҳои забони ориёи имрӯз тамоми олами маданиятро аз мояи илм ва амал ва ҷидду ҷаҳди худ сарсабзу шодоб намудаанд. Муаллиф собит дорад, ки мардуми Эрон, Афғонистон ва Мовароуннаҳр аз нажоди ироиҳо буда, мутакаллим ба ҳамин забон мебошанд, ба истиснои Чин,Ҷопон, олами Усмонӣ, Маҷор, баъзе аз давлатҳои ҷануби Африқо ва тамоми қитъаи Африқо.
Доктор Аспикул аҳолии сарзамини Рус ва Аврупоро низ ориёинажод муаррифӣ кардааст. Кашшофи хати қадимаи мехии орин доктор Аспикул шаҷараи шохаҳои машҳури забони ироӣ ё оринро дар намуди дарахт омода сохтааст (дар сурат).
Дар поёни гузориш аз забонҳои санскрит, лотинӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва банголӣ чанд калимае оварда шудааст, ки шабоҳати ин забонҳоро собит мекунад, яъне чандин ҳазор сол қабл онҳо яке буда, баъд бо мурури зуҳур ба ҷиҳати сардӣ ва гармӣ маскуни тафовут дар лаҳҷаҳо пайдо шудааст.
Ҳамин тариқ, мушоҳида мешавад, ки забони тоҷикӣ дар ин шаҷараи номҳои ориёӣ дучор намешавад. Профессор С. Бобомуллоев ба хулосае омадааст, ки «то асри XVI, яъне то ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сафавиҳо ҳамаи мардуми эронинажод, ки ба забони форсӣ гап мезаданд, дар манбаъҳо бештар бо номи «тоҷик» ёдоварӣ карда мешаванд». (Таджики в источниках и трудах исследователей. Душанбе, «Истеъдод», 2013, саҳ. 278). Нахустрӯзномаи аморати Бухоро «Бухорои шариф» ба забони форсӣ нашр мешуд. Забони форсӣ дар Бухоро аз аҳди Сомониён то соли 1924 забони давлатӣ буд. Забони давлатии Республикаи Халқӣ-Советии Бухоро низ забони форсӣ буд. То ҳол аҳолии шаҳри Нурато забони форсиро чун забони модарӣ мепазиранд. Пас мо тоҷик ҳастем, забони модариамон форсӣ аст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои
вилояти НАВОӣ.