«БУХОРОИ ШАРИФ» – ОИНАИ РӮЗГОРИ ҶОМЕА

Дар бораи ҳадафҳои аввалин нашрияи форсии тоҷикии «Бухорои шариф», ки дар ибтидои садаи ХХ нақши муҳиме дар ҷодаи ҳаллу фасли масоили умдаи замон, рушд ва ислоҳи ҷомеа, ташаккули афкори маънавию ахлоқии омма ва бедории миллӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошт, борҳо муҳаққиқон изҳори андеша кардаанд.

Аммо ҷолиб он аст, ки мундариҷоти матолиби рӯзнома сарфи назар аз замон ва забони онҳо  зиндагии имрӯзро ба ёд меоранд. Дар онҳо низ масоили умдаи таълиму тарбия, қироати китобу рӯзнома ва тарбияи мутахассисон чун дарди ҷомеа ва аморат кундаланг гузошта шудаанд.
Мақсад аз пахш намудани мақолаи зерин низ ҳамин аст, ки он бо муҳимтарин уқдаҳои ислоҳоти ҳаёти имрӯзаамон ҳамоҳанг аст.
Аз нахустин шумораи рӯзнома мушоҳида мешавад, ки он ҳадафи наҷиберо пайгирӣ дорад, ки ин ҳам бошад таҷдиди ҷомеа ва ислоҳи мактабу мадорис аст. Ба гуфти аҳли эҷоди рӯзнома «рӯзномаи мо – илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ буда, ба тараққии бародарони ислом хоҳад кӯшид». 
Муҳим ва зарур будани рӯзномаро дар ҷомеа равшангарони давр хуб дарк намудаанд, чунончӣ дар рӯзнома омада...« – рӯзнома беҳтарин асбобе ҳаст дар нашр ва таълими маориф...». 
Дар марҳалаи сарнавиштсози садаи бист нашр гардидани «Бухорои Шариф» барои мардуми тоҷик дастоварди бузурге буд. Азбаски он нахустин рӯзномаи тоҷикӣ буд, дар нахустин шумора маводе бо номи «Рӯзнома» нашр шудааст, ки чӣ будани рӯзномаро шарҳ дода, зарурати онро барои ҷомеа зикр менамояд: «Матбааҳо ахбороти явмияеро аз мактуб ва телегруф чоп карда, дар миёни аҳолӣ мунташир мекунанд ва дар хориҷа ҳам бо воситаи пустахонаҳо мефиристанд ва номи онгуна авроқро газета, яъне ҷарида мегӯянд, ки ин ҷаридаи мазкур дар боби ҳар гуна матолиб баҳс мекунад ва сухан мерасонад ва мундариҷоти он иборат аст аз иқтисодӣ, яъне корҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ, илми деҳқонӣ, маишат ва ахлоқ».
«Оинаи ҷаҳоннамои ҳама халқи олам маълум аст, ки рӯзнома мебошад, рӯзнома чизест, ки ҳама мардумро аз зулмоти ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда дохил ба рӯшноии илм ва ирфон месозад. Рӯзнома чизест, ки ҷумларо воқифи ҳоли ҳамдигар мекунад, агар моён имрӯз ҷароид хонем баъд мефаҳмем, ки зиндагонӣ ва маишати Аврупо чӣ гуна будааст». 
Сардабири «Бухорои шариф» Мирзо Ҷалол маром ва ҳадафи онро дар нигоштааш, ки «Ифтитоҳ» ном дорад, баён намуда мегӯяд: «Ба тавфиқи худо аз имрӯз шурӯъ ба нашри мақсуд менамоем. Нашриёти мо иборат аз масоили мухталиф ва маълумоти мутафариқа хоҳад буд, вале бояд ба тартиби вазъи таълим ибтидо намуд».
Мирзо Ҷалол ҳадафи рӯзномаро пеш аз ҳама дар тарғиби илму дониш ва ислоҳи ҷомеа медонад. Ӯ мардумро ба талаби илм даъват менамояд ва мегӯяд: «Агар касе аз аввал то ба охир Қуръони шарифро мулоҳиза намояд, возеҳ ва ошкор мебинад, ки таклифе болотар аз илм барои инсон нафармудааст». Мирзо Ҷалол дар ин навиштааш бештар ба масоили илму дониш рӯ оварда, ислоҳи вазъи таълиму тадрисро дар макотиб ва мадорис таъкид менамояд. Худи Мирзо Ҷалол қариб дар ҳар шумораи «Бухорои шариф» маводе ба табъ расонидааст, ки ба масоили умдаи он рӯз дахолат менамояд. Бо мутолиаи шумораҳои рӯзнома пай бурдем, ки Мирзо Ҷалол шеър низ эҷод менамудааст. Дар саҳифаҳои рӯзнома шеърҳои зиёди (31 шеър) Мирзо Ҷалол нашр гардидаанд, ки дар онҳо низ шоир аҳли ҷомеаро ба ободии диёр, талаби илму дониш ва ислоҳи ҷомеа даъват намудааст. Дар ин замина метавон илова намуд, ки Мирзо Ҷалол ҳангоми таълифи шеър аз воқеияти зиндагӣ дур рафтан натавониста, талош ба он намудааст, ки маншаи асосии эҷоди шеър  бар воқеият иртибот дошта бошад. 
Устод Садриддин Айнӣ дар бораи шахсияти Мирзо Ҷалол бо меҳр ҳарф зада мегӯяд: «Вай аз соҳибқаламони дараҷаи аввал буда, аз усулу фурӯғи улуми исломӣ ба хубӣ хабардор буд. Бинобар ин мақолаҳояш ба ҳар кас таъсири хуб мебахшид».
Мирзо Сироҷ дигар як равшангари маъруф дур шудани мардумро аз илму дониш омили асосии паст рафтани сатҳи зиндагии мардум ва нарасидани мутахассисон медонад. Ӯ таъкид менамояд, ки баҳри соҳибкасб гардидан ҳар як пешаро бояд хуб омӯхт, вагарна бидуни таҳсил наметавон ба мақсуд расид. 
Масъалаи умдаи дигаре, ки равшангаронро бетараф нагузоштааст, ин муаммои китобхонаҳо дар аморат мебошад. Дар ин мавзӯъ маводе бо номи «Лузуми қироатхона ва китобхона» бо қалами Мирзо Сироҷ дарҷ гардидааст. Зарурати китобхонаро барои танвири афкори аҳолӣ муаллиф лозим дониста, таъкид менамояд, ки «доштани китобхона аз барои ҳар қавму миллат лозим аст».
Мирзо Сироҷ китобро аз омилҳои рушди ҷаҳонбинӣ ва афкори омма ҳисобида, таъкид намудааст, ки ташкил ва зиёд намудани сафи китобхонаҳо амали саривақтист. Мардуми тоҷик аз азал ба китоб майлу рағбати зиёд дошт, зеро барои ин мардуми фарҳангдӯст, китоб чизи муқаддас буд (ҳаст) сухани китобӣ эътибори куллӣ дошт ва дар оддитарин мавриди зиндагӣ ҳам аз рӯйи тавсияи китоб амал мекарданд». 
Рушд накардани ҷомеа яке аз мавзӯъҳои ҳассостарини рӯзнома ба шумор меравад. Дар ин мавзӯъ навиштаҳои зиёди рӯзнома гувоҳӣ медиҳанд. Эҳсос мегардад, ки равшангарон ба умқи масъала таваҷҷӯҳ намуда, омилҳои рушд накарданро дар нигоштаҳояшон ҷӯё шудаанд. Ҳар кадом вобаста ба сатҳи донишу маърифати хеш роҳи ҳалли ин масъаларо дар навиштаҳои худ нишон додаанд.
Бо дарки он ки китоб ба ташаккули маънавии шахс ва соҳибилм гардидани ӯ мусоидат менамояд, дар аксар нигоштаҳо ин мавзӯъ матраҳ мешавад.
Равшангарон хуб дарк карда буданд, ки бар иллати бехабарӣ ва ноогоҳии комил аз илму дониши замонавӣ ҷомеа рушд нахоҳад кард. Аз ин лиҳоз онҳо дар нигоштаҳо ва осори хеш заминаҳо ва омилҳои рушди ҷомеаро шарҳу эзоҳ додаанд. Дар навиштаҳо он ҳаводис ва иллату дардҳои ҷомеаи он рӯз воқеӣ инъикос ёфтаанд. Равшангарон дар боби ҳақиқатнигорӣ ва ҳақгӯйӣ низ маводи ҷолиб нигоштаанд. Ба андешаи онҳо ҳар нафаре, ки бо эҷод сару кор дорад, ё худ чизе менигорад, бояд ҳақ гӯяд ва ҳақ ҷӯяд. Зеро вазифаи аслии адиб ё эҷодкор гуфтани сухани ҳақ аст. Ва ҳар фарде, ки хешро аз ҷумлаи инсонҳо мешуморад, бояд «ҳар чӣ мехоҳад бигӯяд, мо агар хоста бошем, дар ҷумлаи инсонҳо зикр дошта бошем, беҳтар он аст, ки ҳақ гӯем ва ҳақ ҷӯем».
Чунончи равшанфикри машҳур Сиддиқии Аҷзӣ дар ин боб  хуб ишора намудааст:
Аз ҳақгӯӣ забон кашидан куфр аст,
То ҷон дорам, каломи ҳақ мехонам.
Бояд зикр намуд, ки муҳимтарин масъалае, ки равшангарон ва хонандагони рӯзномаи «Бухорои шариф» сари он андеша кардаанд, ин тарғиби илму дониши дунявӣ буд. 
Рӯзномаи «Бухорои шариф» чун нахустин нашрияи тоҷикӣ дар инъикоси воқеии мушкил ва иллатҳои ҷомеа,  тарғибу ташвиқи мактабҳои усули ҷадид, таблиғи ислоҳ ва таҷаддуди ҷомеа нақши босазо дошт.
Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи он ба бисёре аз масоили норӯшани он замон равшанӣ мебахшад.     

Абдуқодири АБДУРАУФ,    
дотсенти шуъбаи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: