«БУХОРОИ ШАРИФ» ВА КОРИ ТАЪЛИМ

Сайру саёҳат, ташриф ба кишварҳои гуногун, шиносоӣ бо муҳит, рушду нумӯъ ва вазъи зиндагии мардум, қиёс намудани ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию мадании кишвари худ бо он давлатҳо ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонро рушду такомул бахшад.

Ин ҷараёнро мо дар фаъолияти поягузори маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна Аҳмади Дониш дар нимаи дуюми садаи 19 хуб мушоҳида менамоем. Ду сафари ӯ ба Русия, хосатан сафари дуюмаш, ки тараққиёти Русияро нағз меомӯзад, самаранок буд. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои ақибмондаи мутлақа ҳам тараққӣ кунад. Роҳҳои пешбурди кишвари худро ҷустуҷӯ кард ва ба ҷараёни маорифпарварӣ асос гузошт. Аз худ осоре боқӣ гузошт, ки дар он замина ҷавонони маорифпарвари охири асри 19 ва ибтидои садаи 20 таъсир гирифтанд ва онро минбаъда такомул доданд. Ҳамчунин сафарҳо ва таҳсили як гурӯҳ ҷавонони Бухоро, чун Мирзо Сироҷи Ҳаким, Фитрат ва дигарон дар кишварҳои Шарқу Ғарб буд, ки ҷараёни маорифпарвариро такомул доданд, оянда он бо номи ҷадидия маъруф гардид. Инчунин ба ташаккул ва такомули ҳаракати маорифпарварӣ ё худ ҷадидияи Бухоро таъсири матбуоти Шарқ («Ахтар», Истанбул, 1875-1896; «Қонун», Лондон, 1890-1897; «Ҳубб-ул-матин», Калкута, 1893-1930; «Сироҷ-ул-ахбор», Кобул, 1904-1919) ва «Тарҷумон»-и тоторӣ назаррас аст.  Таъсири ҳамин омилҳо буд, ки маорифпарварон ё худ минбаъд ҷадидон аз худ мероси ғание гузоштанд, ки имрӯз он мерос аҳамияти бештар пайдо намудааст.
Аввал, бояд моҳияти маорифпарвариро дарк кард. Дар зоҳир оддӣ аст, аммо дар ботин чӣ аҳамияте дорад, ки имрӯз мо ба омӯзиши он мерос камари ҳиммат бастаем.
Маорифпарварӣ, ин равияи иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангиест, ки зиёиёнро аз ғафлати шахшудамондаи замони кӯҳнаи феодалӣ бедор намуда, онҳоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард.
Имрӯз мо барои бунёди  таҳкурсии мустаҳкам ва боэътимоди Ӯзбекистони Нав ва Эҳёи савум камар бастаем. Имрӯз мо натанҳо зиёиёнро, балки халқи Ӯзбекистонро аз ғафлати шахшудамондаи замони шӯравӣ бедор, аз дигар ҷараёнҳои иртиҷоӣ дур намуда, бо тантанаи илму амал барои амалисозии мақсади Стратегии худ халқи худро сафарбар намоем. Президент Шавкат Мирзиёев дар бораи аҳамияти омӯзиши осори мондагори маорифпарварони ибтидои садаи 20 таъкид намудааст: «Дар бунёди ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати демократии ҳуқуқбунёд мероси аҷдодони маърифатпарвари мо ҳамчун пойдевор хидмат мекунад. Чунки ғоя ва дастурҳои онҳо бо Стратегияи  барпо намудани Ӯзбекистони Нав ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ дорад».
Аз ин таъкидоти Сарвари кишвар илҳом гирифта, тасмим гирифтем, то андар маводи саҳифаҳои нахустрӯзномаи аморати Бухоро – «Бухорои шариф» (11 марти соли 1912 – 2 январи соли 1913), ки бештар осори маорифпарвариро дарҷ намудааст, ибрози андеша намоем.Чунки дар аксар маводи саҳифаҳои рӯзнома, хоҳ дар наср ва ё хоҳ дар назм мардумро даъват ба бедорӣ, ба омӯзиши илму дониш, талош ба тараққии кишвар фаро гирифтааст. Ин нукта  дар «Мақсади омол», ки дар ҳар як шумораи рӯзнома ба чоп расидааст, хуб ба назар мерасад. Омадааст: «Рӯзномаи мо илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ буда ба тараққии бародарони исломӣ хоҳад кӯшид», яъне онҳо тараққии кишвари худро мехостаанд. Чунки аксар дастбакорони рӯзномаи «Бухорои шариф» аз рушду нумӯи мамлакатҳои пешрафтаи Шарқу Ғарб огоҳӣ доштанд. 
Ин ҷо як мулоҳизаи нависанда ва олими нотакрори тоҷик Сотим Улуғзода дар бораи ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна ишорае дорад, ёдам расид: «Раванди бузурги фарҳангӣ дар ҳавзаи тамаддун ва фарҳанги Мовароуннаҳр ва дигар кишварҳои мутамаддини Шарқ аз лиҳози ҳадаф ҳамоҳанг буда, аҳли зиё ва адибони ин давра тавассути осори худ раҳоӣ аз ғафлатро тақозо менамуданд.
Маорифпарварони Бухоро аз зумраи заминагузорони ҳаракати маорифпарварӣ ва тавсеакунандагони фарҳанги миллӣ ба шумор мерафтанд. Онҳо зиёиёни тараққихоҳ ва ислоҳотпарваре буданд, ки аз муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии Бухоро норозӣ буданд».
Ислоҳоти амалиро тибқи ғояи маорифпарварон аз чӣ бояд оғоз намуд. Дастбакорони рӯзнома дарк намуданд, ки маърифат нурест ба дилҳои торик. Ба посухи ин суол ба маводи саҳифаҳои рӯзнома назар меафканем. Ошкор аст, ки он вақт дар аморат аз демократия ва ошкорбаёнӣ нишон ҳам набуд. Кормандони рӯзнома, ки рӯҳияи маорифпарварона фаро гирифта буд, кӯшиш менамуданд, сабабҳои қафомонии тараққиёти аморатро ошкор карда, роҳҳои ислоҳ кардани муаммоҳоро дарёфт намоянд. Ва сабаби асосиро дар бесаводии халқ медиданд. Калиди наҷотро аз он зулмоти аморат дар «мактаб, мактаб ва боз мактаб» дидаанд. Ва борҳо таъкид доштаанд, «мо бояд талаби илм намоем», «мӯҳтоҷ ба илм ҳастем, бояд аз пайи илм шуд». (Ниг.: «Б. Ш.», №3 аз марти соли 1912, № 5, аз 26 марти соли 1912). 
Эътироф доранд, ки «мадориси Бухороро шогирд  дар даҳ-бист сол нима тамом намояд». Ин ҳақиқати таърихиро баъдтар устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» тақвият дода менависад: «Талабагони мадрасаҳои Бухоро модом ки 19 сол дар болои як программаи маҳдуд кор мекардаанд, бояд дар илмҳои дар он программа зикрёфта мутахассиси замони худ шуда мебаромаданд. Афсус, ин гуна гумон кардан нодуруст ва пиндори хушк аст». (С. Айнӣ. «Ёддоштҳо», қисми 1 – 2, Душанбе, 1992, саҳ. 181).
«Дар шаҳрҳои кишвари Туркистон – Тошканд, Самарқанд, Ҳӯқанд мактабҳои «усули ҷадид» кушода шуда буд. Дар ин гуна мактабҳо, ки такя ба усули таълимии Исмоил Ғаспарии тотор таъсис ёфта буданд, «атфол тез навистан ва хонданро меомӯхт». («Б. Ш.», № 139, аз 28 ноябри соли 1912). Ба ин мақсад дар саҳифаҳои рӯзнома мактабҳои «усули ҷадид» тарғиб карда мешуд. Дар кишвари Туркистон соли 1911 68 мактаби усули ҷадид амал мекард. Бояд таъкид, кард, ки нахустин мактаби усули ҷадид ба забони форсии тоҷикӣ соли 1901 бо ташаббуси маорифпарвари самарқандӣ Абдуқодир Шакурӣ кушода шуд. Баъдтар Абдуқодир Шакурӣ дар деҳаи Раҷабамини  Самарқанд ва соли 1903 дар гузари Қӯшҳавз мактаби усули ҷадидро бунёд намудааст. 
Дар Бухоро аввалин мактаби усули ҷадидро мулло Ҷӯрабойи Пирмастӣ  соли 1900 кушодааст, вале мактаби ӯ дер амал накард. Дар соли 1908 дар такя ба мактаби тоторҳо дар ҳавлии Мунзим ва Айнӣ мактаб таъсис доданд. Мунзим китоби таълимии «Роҳбари хат» ва С. Айнӣ «Тазҳиб-ус-сибён»-ро тартиб доданд. Вале ин мактаб ҳам дер напоид. Амалдорони амир имконият надоданд, ки дар аморат чун кишвари Туркистон мактабҳои усули нав кушода шавад. 
Дар мактабҳои усули ҷадид омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шуда буд. Тибқи хабари рӯзнома («Б. Ш.», №28, аз 12 апрели соли 1912)» дар мактаби усули ҷадид муаллим бояд аз аҳли ҳамон қабила бошад. Атфоли тоҷикро тотор ва ғайра наметавонад дарс бидиҳад».
Таклифу пешниҳодот ва фаъолияти амалии маорифпарварони аморати Бухорои ибтидои садаи 20 ҷомаи амал напӯшид. Он ҳама орзую омоли маорифпарварон имрӯз дар кишвари мо бошукӯҳ тадбиқ мегардад. «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб, аз системаи таълиму тарбия шурӯъ мешавад, амал карда, ислоҳоти васеъмиқёсро амалӣ хоҳем кард», – навиштааст Сарвари кишвар. Имрӯз дар соҳаи таълим ислоҳоти калонмиқёс дар амал татбиқ мегарданд. Дар ҳақиқат ислоҳоти васеъмиқёс ҷабҳаҳои таълиму тарбияро аз муассисаҳои таълими томактабӣ то таълими олӣ фаро гирифтааст ва аллакай он самара медиҳад. Ҷавонон ба ҷаҳон баромаданд. Имрӯз ҷавонони мо собит менамоянд, ки дар олам аз касе кам нестанд ва кам нахоҳанд буд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: