«БУХОРОИ ШАРИФ» ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК

Чеҳраҳои намоёни наҳзати маорифпарварӣ бо он ҳама сайъу талоши хеш дар оғози садаи бист ба рушди матбуот ва публитсистика замина фароҳам оварданд.

Онҳо зарурати таъсиси нашрияҳоро ҷиҳати вусъати афкор ва густариши ҷаҳонбинии мардум эҳсос намуда, пайи он талош намуданд, ки ин падидаи тозаи маънавӣ ҳарчӣ зудтар ва бештар миёни оммаи мардум паҳн гардад ва дар бедории миллӣ саҳм гузорад.

Санаи 11 марти соли 1912 нахустин нашрияи тоҷикии “Бухорои шариф”  дар шаҳри Бухоро арзи ҳастӣ намуд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо он ҳама матолиби рангину ҷолиби хеш дар вусъати афкору густариши ниёзҳои маънавии мардум заминаи мусоид  гузошт. Равшангарони замон саҳфаҳои матбуотро барои ҷавлони афкори хеш истифода намуда, пеш аз ҳама масоили маорифпарвариро ҳамаҷониба тарғиб намудаанд. Инъикоси масоили маорифпарварӣ дар нашрияҳои тоҷикии ибтидои садаи ХХ аз тарафи равшангарони замон ба таври возеҳ сурат гирифтааст. Равшангарони тоҷик вазъи рӯзгори адабию фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоиро бо сабку услуби ба худ хос инъикос намудаанд. 
Дар ибтидои садаи ХХ аз Бухорои замони пеш камтар осоре боқӣ монда буд. Аз ин лиҳоз, руҷӯи ҷадидон ба гузаштаи фараҳманди Бухоро муҳимтарин сифати ҳофизаи таърихии онҳоро бозгӯӣ мекунад: 
«Ҳар гоҳ мо, мардуми Бухоро, чашми худро кушода, ба як назар фуқарои замонҳои гузаштаи худро пеши чашм биёварем, хоҳем дид, ки мо миллати ҳам дорои илму фунуни солеҳ буда, дар ҷиргаи милали мутаммадин ба шумор мерафтем, муаллими мо Форобӣ, ҳакими мо Бӯалӣ, алломаи мо Бухорӣ, шуарои мо Рӯдакӣ буданд, ки ҳар кадом ягона ва фарди асри худ буд, номашон ҳанӯз зиннатбахши сафҳаи таворих аст». 
Осори арзишманди Мирзо Сироҷ бо шеваи баён ва ҷаҳони андешаи ӯ бештар бар пояи воқеияти иҷтимоӣ таълиф гардидаанд. Нуктаи ҷолиб он аст, ки анҷоми мақолаҳои ӯро пурсишҳои паёпай дар бар мегиранд, ки хоҳони ҷавобанд ва онҳо ба рӯҳияву сабки иҷтимоъгарии замона созгорӣ доранд: «Агар Худо нахоҳад, ба манора шикасте ворид шавад, оё мисли аввал метавонем сохт ё на? Дар ҷавоб хоҳед гуфт, ки аз хориҷа усто меорем ва ё ба ҷояш мегузорем». 
Масъалаи нарасидан ва мавҷуд набудани мутахассисон дар ҷомеа низ аз ҷониби равшангарон хуб дарк шуда буд, ки ин нуктаро мо дар таълифоти онҳо метавонем мушоҳида намоем. Хонандагони нашрия мушкилоте, ки равшангарон ислоҳи онҳоро дар ҷомеа талаб намудаанд, тарафдорӣ карда, таҷдиду ислоҳи ҷомеаро муҳим ва зарур ҳисобидаанд. 
Мирзо Сироҷ китобро омили дигари рушди ҷомеа ҳисобида, таъкид менамояд, ки бо мутолиаи китобҳои зарурӣ метавон ба парвози маънавии аҳли ҷомеа асос гузошт. Дар ҳамон замон Мирзо Сироҷи Ҳаким нақши китобро дар вусъати андеша ва ҷаҳонбинии мардум дарк намуда, дар ин замина тарҷумаи асарҳои машҳури миллатҳои дигарро амри зарурӣ меҳисобад. 
Мирзо Сироҷ андешаҳои хешро идома дода, оммаро ба хурофотпарастӣ ва танбалӣ айбдор менамояд. Дар мамолики Аврупо «вақтро зар мешуморанд, аммо моҳо танбалиро савоб медонем ва дар ҷавоби ашхосе, ки аз ин ҳарфҳо зиёд мезананд, мегӯем, ки дунё корвонсаро аст. Имрӯз ҳастем, фардо хоҳем рафт, ба заҳмату азият кашиданаш намеарзад. Ва ҳол он ки, на Худо ва на пайғамбар, аз ин кор розӣ набуда ва балки ба саъй ва талош даъват мекунанд. Ҳамин ҳарфҳои танбалона аст, ки моро ба ин рӯзгор андохтааст». 
Ҳадафи муаллиф дар афкори «яхбаста»-и саршор аз андешаҳои дақёнусӣ таъсире гузоштан ва онҳоро ба таҷдид ва ислоҳот дар ҷомеа даъват намудан аст. Дар таълифоти ин равшангари тоҷик мо таъкиду муроҷиати зиёдро мушоҳида менамоем, ки мушаххасоти сабку баёни ӯро нишон медиҳад. Ӯ аз  ин шева чун аркони нақл ба таври васеъ истифода бурдааст, ки бешак  дар  муассирии  навиштаҳо нақши барҷаста доранд. 
Мутолиаи «Бухорои шариф» возеҳу равшан ин маъниро пеши назар ҳувайдо мегардонад. Чунончи, Мирзо Сироҷ аз ҳамзамононаш ҳамқадами замон будан ва аз ҳар лаҳзаву вақт босамар истифода бурданро хоҳиш менамояд, зеро «такомулу тараққии дунё мунтазири мо, оғоён нест». Пас, беҳтар аст, ки мо ҳам тобеи тараққии олам гашта мисли дигарон ба тараққӣ бикӯшем». 
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» барои инъикоси бештари масоили доғи рӯз майл дошт. Маҳз бо ҳамин равиш хонандаи зиёдро ҷалб мекард, онҳо низ бо навиштаҳои ҷолиб воқеияти ҳолро инъикос намуда, афкори пешрави равшангаронро дастгирӣ мекарданд. Чунончи, масъалаи ислоҳ ва рушду тараққии ҷомеа аз ҷониби равшангарони давр, аз тарафи хонандагони рӯзнома акси садо пайдо менамуданд. Масалан, андешаҳои Мирзо Сироҷро хонандае дар маводе бо номи «Тараққии иқтисодӣ» чунин идома додаст: «Агар мо дар ҳақиқат мехоҳем, ки мамлакати мо тараққӣ бикунад, бояд баъзе қавоиди қадимиро аз худ намуда ва аз баъзе корҳои кӯҳна даст бардорем ва илло бояд хотирҷамъ бошем, ки дар оянда ҳам аҳолӣ ва ҳам ҳукумат дучори хисорот хоҳанд шуд… Хисорот кашидани афроди мамлакат муҷиби хисороти давлат аст». 
Мирзо  Сироҷ ҳамеша ҷонибдори забону сабки сода ва перостаи адабӣ буда, кӯшиш дошт, ки матлабро сода баён намояд. Бо назардошти хусусиятҳои хоси анвои публитсистӣ Мирзо Сироҷ талош ба он намудааст матлабро он гуна баён намояд, ки ба ҳама аҳли ҷомеа дастрас ва фаҳмо бошад. Бо ин амали хеш Мирзо Сироҷ дар раванди баланд бардоштани маърифати мардум ва таъмини ниёзҳои маънавӣ дар он марҳилаи ҳассос нақши босазо гузошт. 
Дар «Таҷдиди тазаккур» Мирзо Ҷалол дар боби ҷамъиятҳои хайрия ҳарф зада, зарурати онро барои ҷомеа таъкид менамояд: «Арз мекунем: фарз будани ҷамъияти хайрия барои мусалмонон ба ҳукми оёти шариф аст. Яке аз манофеи умдаи ин ҷамъият он аст, ки ба ҳукми Қуръони карим амал намуда, боиси ризо  ва хушнудии Худо хоҳад шуд». 
Бо назардошти ҷойгоҳи илму дониш дар рушду пешрафти кишвар Мирзо Ҷалол дар аксари матолиби хеш онро пайваста тарғибу ташвиқ менамояд. Ҷолибии матолиби ин равшангар дар он аст, ки баҳри тақвияти андешаҳои хеш ба китоби муқаддаси «Қуръон» муроҷиат намуда, ҳамчун далел аз он истифода намудааст. Мирзо Ҷалол аз ҷойгоҳи илму дониш дар муъҷизаи ҷовидонӣ Қуръони маҷидро ёд намуда, мегӯяд: 
«... дар ҳаштод ояти карима ва ҳазору дувист ҳадиси саҳеҳа ва муътабар амр ба ёд гирифтану илм омӯхтан ва ашраф будани илм нас гардидааст» . 
Дар яке аз навиштаҳояш ба масъалаи дину мазҳаб руй овардааст: «Дин иборат аз асоси муқаддас аст, ки ба ҷиҳати саъодати башар аз ҷониби Ҳақ ҷалолаҳу ба инсони комиле таблиғ гардид. Аммо мазҳаб иборат аз вазъи талаққӣ ва амал ба дин аст. Дину қонун, мазҳабу маслак шабеҳи ҳамдигаранд». 
Адибони маорифпарвар ва пайравони ин наҳзат ҳам донандаи илми дин-шариат буданд ва аз ин лиҳоз дар аксари матолибашон ба аҳкоми шариат сахт таваҷҷуҳ намудаанд. Чунончи, баъзе аз амалу рафтор ва кирдори муллоҳои ҷоҳилро Мирзо Ҷалол танқид намуда, аз ҷумла, илми сеҳру ҷодуро ҳаром шуморидааст. Ӯ ин амалро маҳкум намуда, таъкид менамояд, ки «Қуръони Шариф»-ро ёд гирифтан ба ҷиҳати фиреб додани мусалмонон ҳаром аст». 
 Мирзо Ҷалол ба танқиди ин рафтори зишт пардохта, кӯшидааст, ки оммаро аз фиребу дасисаҳои он нафарон воқиф бисозад. Ӯ хуб дарк карда буд, ки ба иллати бесаводӣ оммаро бо ҳар гуна баҳонаҳо он ҷоҳилон фиреб медиҳанд. Ин ҳама иллату дардҳои ҷомеаро Мирзо Ҷалол аз бемаънавиятӣ дониста, орзуи рушди маънавии ҷомеа намудааст. 
Табиист, ки публитсистикаи он солҳо, дар баробари даъватҳои иҷтимоӣ, оҳангҳои рӯшани мазҳабӣ низ дошт. Андешаи ҷолиби ин гурӯҳи зиёиён аз он иборат аст, ки онҳо тавассути мақолаву навиштаҳои хеш собит менамуданд, ки дар баробари омӯзиши улуми диния фарогирии улуми дақиқ, чун тиббу табииёт, кимиёву ҷуғрофиё, ҳандаса ва фунуни марбут ба техника ҳам барои тамоми зану марди мусалмон фарз аст. Ва касе бо омӯхтани ин улум кофир ё аз дин хориҷ намегардад. Ба хотири исботи навиштаҳои худ аҳволи қадиму ҷадиди Бухороро муқоиса менамуданд. Масалан, мегуфтанд, ки гузаштагонамон он сохтмону иншооти зиёде, чун мадрасаву манора, масҷиду мақбара бунёд карданд, мо бошем, имрӯз аз ӯҳдаи чунин корҳо намебароем ва ҳатто беҷо гардад, дубора барқарор карда наметавонем.       
Адибони равшангар дар маҷмӯъ ба таблиғи илму дониш, тарғиби ислоҳу таҷдиди ҷомеа, норасоию иллатҳои он, шикоят аз замонаю зулму ҷабри амалдорон, таблиғи афкори пешрав ва норозигӣ аз раванди таълиму тарбия дар мактабу мадрасаҳо, рушди тиҷорат дар ҷомеа, ғурур ва худшиносии миллӣ, тарғиби таҷриба ва усулҳои пешқадами мамолики Аврупо дар соҳаҳои мухталиф, эҳтироми инсон ва ҳифзи саломатӣ ва дигар масоил рӯ оварда буданд. 
Матбуоти тоҷикии ибтидои садаи ХХ-ро метавон матбуоти баёнгари дарду иллатҳо ва ормони миллат шуморид. Нашрияи “Бухорои шариф” бо он ҳама матолиби ҷолибу рангини хеш пеш аз ҳама дар бозтоби воқеияти замон саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон ин рӯзнома дар рушду ташаккули анвои публитсистӣ ва шаклгирии журналистикаи тоҷик нақши сазоворе гузоштааст, ки таҳқиқу омӯзиши амиқи сафҳаҳои он метавонад бисёре аз нозукиҳои анвои публитсистиро мӯайян намояд. Бар замми ин, ҳама омӯзиш ва баррасии рӯзномаи «Бухорои шариф» имрӯз амри зарурист, зеро ҷомеаи мо ниёз ба «андӯхтаҳои маънавӣ»-и равшангарони садаи ХХ дорад.
 
Абдуқодири АБДУРАУФ,
дотсенти ДДХ  ба номи 
академик Б.Ғафуров.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: