«БУҶАИ ТАШАББУС» – МУШКИЛКУШОИ МАРДУМ

Имрӯз мардуми Ӯзбекистон моҳият ва аҳамияти «Буҷаи ташаббус»-ро хуб дарк намудаанд, ки маҳз туфайли ин фонд метавонанд муаммо ва мушкилоти чандин сол ҳалнагардидаи худро ҳаллу фасл намоянд.

Бунёди муассисаҳои томактабиву мактабӣ, толорҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббиву хонаҳои маишӣ, мумфарш намудани роҳҳо ва ҳоказои маҳалли зист маҳз ба овози онлайнии онҳо ҳамбастагии қавӣ дорад.
Чанде пеш дар заминаи мактаби варзишии куҳнаи ноҳияи Конимехи вилояти Навоӣ толори варзишӣ оид ба бокс бунёд гардида, мавриди истифода қарор ёфт. Орзуи чилсолаи дӯстдорони бокс ва варзиши ноҳия амалӣ гардид. 
Дар зинаи аввал аз ҷониби конимехиҳо 278 таклифу пешниҳод пешбарӣ гардида буд. Ташаббуси шаҳрвандон аз ҷониби комиссияи кории ноҳиявӣ омӯхта шуд. Аз 278 пешниҳод 220 ташаббусе, ки ба мардуми ноҳия аҳамияти бештар доштанд, барои овоздиҳии платформаи онлайн пешниҳод шуд. Аз 30 ташаббуси ба тариқи овоздиҳии онлайн ғолибомада, чорто ба соҳаи тиббиёт, ҳафтто ба соҳаи таълим ва дуто ба соҳаи хидмати маишӣ мансуб мебошанд. Барои татбиқи амалии ин ташаббусҳо аз буҷаи маҳаллӣ беш аз 11 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
Ҳамчунин, таъмири ҷории биноҳои бунгоҳи тиббии оилавӣ, мактаб, гузоштани панелҳои офтобӣ, бунёди толори варзишии мактаб, майдончаи футбол ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди толори бокс дар заминаи ғолибият дар овоздиҳии онлайнии соли гузашта амалӣ гардидааст. Аввалин клуби бокс дар ноҳия соли 1984 таъсис ёфта буд. Давоми солҳо аъзои клуб борҳо ба гирифтани унвони чемпиони Ӯзбекистон оид ба бокс ноил гардидаанд. Умедворем, ки толори нав дар тарбияи чемпионҳои нав саҳм мегирад.

(Мухбири худамон).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: