БУҶЕТ БА КАДОМ СОҲА РАВОНА МЕГАРДАД?

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо иштироки сарвари Сарсадорати молияи вилоят Б.Мирзоев анҷумани матбуотӣ доир гардид.

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд бо иштироки сарвари Сарсадорати молияи вилоят Б.Мирзоев анҷумани матбуотӣ доир гардид.

Дар он корҳое, ки бо мақсади истифодаи оқилона, босамар ва мақсадноки буҷет дар соли 2021 амалӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гашт, ки барои соли 2021 ҷамъ 3 трлн. 759,7 сӯм хароҷот пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020 дар маҷмӯъ 723,1 млрд. сӯм зиёд аст. 
– Вақте ки хароҷотро дар мисоли соҳаҳо таҳлил мекунем, хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ 2 трлн. 683,8 млрд. сӯмро ташкил мекунад, – гуфт Б.Мирзоев. – Ин маблағ 71,4 фоизи ҷамъи хароҷотро ташкил мекунад. Аз ҷумла ба соҳаи таълими томактабӣ ҷудо кардани 169,9 млрд. сӯм, ба соҳаи таълими умумӣ 331,0 млрд. сӯм ба нақша гирифта шудааст. Барои маблағгузории фаъолияти архив ҷудо кардани 2,9 млрд. сӯм дар назар аст.
Дар идомаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки соли 2021 низ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ маблағи зиёд ҷудо карда мешавад. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 108 фоизро ташкил мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: